«ДӮСТЛИК» СОҲИБИ ҶОМ ШУД

Дар баҳси финалии даври вилоятӣ барои ҷоми раиси Хидмати амнияти давлатӣ доир ба футбол, ки дар варзишгоҳи “АГМК”-и шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд баргузор шуд, намояндагони ду ноҳия – дастаи “Дӯстлик”-и ноҳияи Бӯка ва “Қарахитой”-и ноҳияи Оҳангарон барои ба даст овардани пирӯзӣ ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа талош варзиданд.

Дар ин мусобиқаи пур аз талош футболбозони ҳар ду даста ҳунарнамоии хуб нишон доданд. Вале бӯкагиҳо ба дарвозаи рақиби худ 3 голи беҷавоб зада, ғалабаро ба даст оварданд. Муҳити варзишгоҳи мазкур аз ҷониби мухлисони Бӯка ранги дигар гирифт. 
Ҷоизи қайд аст, ки дар мусобиқаи футбол ва мини-футбол барои ҷоми раиси ХАД дар миқёси вилояти Тошканд ҷамъ 1020 ҷамоа дар сабқати футбол, 1020 дастаи дар мусобиқаи мини-футбол барои ба даст овардани ғолибият талош варзиданд. Беш аз 28 ҳазору 500 нафар ҷавонони аз 16 то 30-сола барои ҳифзи муносиби маҳаллаи худ дар доираи имкон ҳаракат намуданд. 
Мусобиқаи мазкур албатта, ба муттаҳид намудани ҷавонони бешуғл, имконияти ҷисмониашон маҳдуд, тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, бо варзиш шуғл варзидани ҷавонон ва кашфи соҳибистеъдодҳо хидмат мекунад. 

М. ҚОДИРЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: