«ДӮСТЛИК»-У «КӮЛ» – СОҲИБИ ҶОМ

Шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Хидмати амнияти давлатӣ, Агентии кор бо ҷавонон, Вазорати рушди варзиш ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон мусобиқаҳои футбол ва мини-футбол байни ҷавонони 16-30-солаи мамлакат таҳти шиори “Ҷавонони солим – ояндаи Ӯзбекистони Нав” барои Ҷоми раиси ХАД оғоз шуда буд.

Бозиҳои даври ҷумҳуриявии мусобиқа ба наздикӣ баргузор шуданд. Дар даври финалии мини-футбол дастаи “Кӯл”-и ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷон бо дастаи “Пахта”-и ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд рӯ ба рӯ шуда, пирӯз гардид. 
Дастаи “Дӯстлик”-и ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд бошад, дар талоши футболи классикӣ бо ҷамоаи “Боғистон”-и ноҳияи Мирзоободи вилояти Сирдарё дар варзишгоҳи “Ҷар”-и шаҳри Тошканд ба майдон баромада, бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуданд. Дар ин мусобиқаи пур аз талош футболбозони ҳар ду даста ҳунарнамоии хуб нишон доданд. 
Бешубҳа, мусобиқаи мазкур, меҳри ҷавононро нисбат ба футболу варзиш, аз ҷумла, ба зодгоҳи худ бедор намуд. Чунин озмунҳо ба тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шуғл варзидани ҷавонон ва кашфи соҳибистеъдодҳо хидмат мекунад. 

М. ҚОДИРЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: