ДӮСТОНА МЕГУЗАРАД

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 ва 2005 мусобиқа аз рӯйи муштзанӣ баргузор гардида, дар он аз вилоятҳои ҷумҳурӣ ва аз ҷумҳуриҳои Қазоқистону Тоҷикистони бародарӣ низ муштзанҳо иштирок намуданд.

– Шукргузорем, ки сарони давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон созишномаҳои дӯстиву ҳамкориро ба имзо расонданд, – мегӯяд меҳмон аз Тоҷикистони бародарӣ Руховар Маюнусов. – Инак, мо наврасон дар ин гуна мусобиқаҳо ширкат меварзем. Дӯстон пайдо мекунем. Минбаъд мукотибаҳои дӯстӣ хоҳем кард. Ҳамсолони худро ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамин қабил мусобиқаҳои варзишӣ даъват менамоем.
– Ман аз рӯи вазни то 44 кг дар мусобиқа иштирок мекунам, – гуфт мизбон аз вилояти Ҷиззах Элдор Бахтиёров, – умед дорам, ки ҷойҳои сазоворро соҳиб мегардам.

Анорбой НАЗАРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: