«ДӮСТРО ДАР ПАРЕШОНҲОЛӢ ШИНОС»

Имрӯзҳо дар чаҳорчӯбаи марафони умумихалқии «Саховат ва кӯмак» дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳо баргузор мегарданд.

Имрӯзҳо дар чаҳорчӯбаи марафони умумихалқии «Саховат ва кӯмак» дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳо баргузор мегарданд. Барои пешгирии эпидемия, кӯмак ба осебдидагони обанбори Сардоба ва дигар мавзеъҳои кишвар, ки дар натиҷаи инҷиқиҳои табиат зарар дидаанд, аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо, маҳалла ва шахсони саховатпеша кӯмак расонда дода мешавад. Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи навтаъсиси «Янги Чоштепа»-и ноҳияи Сергелӣ низ ба чунин кори хайр даст задааст. 
– Дар маҳаллаи мо соҳибкорон, фермерон ва шахсони саховатпешаю кӯмакрасон зиёданд, – мегӯяд мутахассис доир ба корҳои занону духтарони маҳалла Ҷонон Ҳидоятова. – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мелек» ва сехи қандолати «Крембер», ки дар ҳудуди маҳалла фаъолият мебаранд, маҳсулоти ширӣ ва шириниҳои гуногунро ба оилаҳои осебдидаи вилояти Сирдарё равона карданд.
«Дӯстро дар парешонҳолӣ шинос» гуфтааст халқи пурдидаи тоҷик. Ин рӯзҳои мушкил ҳам мегузарад, номи неку кори неки инсонҳои меҳрубон боқӣ мемонад. Дар маҳалла 500 нафар оилаи ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ зиндагӣ мекунанд, ки 250 нафари онҳо занону духтарон мебошанд. Нигора Саъдиева ном духтараки 27-сола ногирои модарзодӣ мебошад, ангуштони ҳар ду дасташ нестанд. Ӯ дар хона дӯхтудӯз мекунад. Аз ҳисоби худ ҳазор дона ниқоб дӯхт ва онҳо ба оилаҳои камтаъмин, серфарзанд ва барҷомонда расонда шуд. Дар давраи карантин соҳибкор И. Азизов аз ноҳияи Паркент себ, нок ва дигар сабзавоти хоҷагиашро ба аҳли маҳалла ройгон тақсим кард.
Аз фонди «Замин» ба 10 нафар занону духтарони ногиро ба миқдори 500 ҳазор сӯмӣ кӯмакпулӣ дода шуд. Назар ба гуфтаи Ҷ. Ҳидоятова дар як ҳавлӣ чаҳор оила бо фарзандони худ 15 сол боз якҷоя зиндагӣ мекардаанд. Шавҳараш дар шуъбаи ободонии шаҳр кор мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ аризаи ӯро доир ба таъмини хона ба назар гирифта, хонаи дуҳуҷрадорро бепул ҷудо карда додааст.
– Баъди 15 соли хонадорӣ соҳиби хонаи худ шудем. Роҳбари давлат ба мо барин муҳтоҷон сарпаноҳ дод, Худо ӯро дар паноҳаш нигоҳ дорад, – мегӯяд Ҷонон.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: