ДӮСТӢ

Гунҷишке бо саросемагӣ ба оташ наздик мешуду бармегашт.

Аз ӯ пурсиданд:
– Чӣ мекунӣ?
Ҷавоб дод:
– Дар ин наздикӣ чашмае ҳаст ва ман минқори худро пур аз об мекунам ва бар болои оташ мерезам.
Гуфтанд:
– Ҳаҷми оташ дар муқобили обе, ки ту мерезӣ, бисёр зиёд аст ва ин об фоидае надорад.
Гуфт:
– Шояд натавонам оташро хомӯш кардан, аммо вақте ки Худованд мепурсад, ки «ҳангоми дӯстат дар оташ сӯхтан ту чӣ кор кардӣ?» – ҷавоб хоҳам дод, ки ҳар он чӣ аз дастам омад, анҷом додам.

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.  

 

Латифаҳо

Устои 
тиреза

Тақ-тақи дар...
– Кист?
– Устои тиреза.
– Лозим нест! Устои дигаре бо таъмири тирезаҳо машғул аст.
– Ман ҳамонам, аз тереза афтидам.

Марди маст ва 
зани ӯ
 
Ба беморхона якбора 30 мард бо сарҳои кафидаву либосҳои дарида омаданд.
Духтур:
– Ба шумо чӣ шуд?
– Он марди мастро дидед? Занаш аз пасаш бо калтак медавид, ин беақл хост дар байни мардум руст шавад...

Бенамак

– Оча, одам ҳам бенамак мешавад?
– Ҳа, бачам. Чаро пурсидӣ?
– Апаи Соҷида маро дида “очаи ту бенамак аст” гуфт.
– Чӣ? Қабраша меканам. Аз шӯр будан, бенамак будан хубтар.

Занги 
телефон

– Мардак, телефона гир!
– Не, даркор не
– Чаро?
– Қарздорам.
– Телефона нагирӣ, қарз кам мешавад?
– Ҳа, аз телефон кардан хаста шуда, нимашро баргардон гуфта, паёмак мефиристад.

Поям дард мекунад

– Дадаҷон, имрӯз ба боғча намеравам. Поям дард мекунад.
– Шудаст. Ба кӯча намебароӣ, велосипед савор намешавӣ!
– Поям аз велосипедронӣ не, аз боғча рафтан дард мекунад!

Сигоркашӣ

Зан: 
Чаро ин қадар зиқӣ?
Шавҳар: 
Имрӯз шифти хонаи ҷарроҳӣ фурӯ рафт, панҷ ҳамкорам ҳалок шуд...
Зан: 
Оҳ ҷонам, ту он лаҳза куҷо будӣ?
Шавҳар: 
Сигоркашӣ баромада будам...
Зан: 
Шукр, ки сигор баҳона шуд.
Мард: 
Бале. Давлат ба хонаи қурбониён 30 ҳазор долларӣ кӯмакпулӣ медиҳад. 
Зан: 
Сад бор ба ту гуфтам, ки сигор накаш. 

Ду рафиқ

Дар тарабхона нишаста, ош фармудам ва танҳо ба хӯрданаш шурӯъ кардам, ки рафиқе пайдо шуд ва баъд аз салому алейк ӯ низ ба наздам нишаста, даст ба табақи ош бурда, гуфт:
– Биё, ба ошхӯрият шарик шавам, ки «ба шахси танҳо шайтон ҳамроҳ мешавад» мегӯянд.
Хандидаму гуфтам:
– Мӯйсафедон мегуфтанд, ки «агар бе «бисмиллоҳ» ба хӯрдани таом оғоз кунӣ, шайтон ҳамроҳ мешавад».
Ин гап рост будааст. Хӯрокро бе «бисмиллоҳ» оғоз кардам, ки ту омадӣ.

Таҳияи 
Д. ШУҲРАТЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: