ДӮСТӢ ОВОЗУ ПАРВОЗИ ДИЛ АСТ

Сад сол қабл аз ин «Овози тоҷик» бо саъйи қувваҳои бузурги маънавӣ арзи ҳастӣ намуд.

 Аз нимаи дувуми солҳои бистум  то солҳои чиҳилу панҷоҳи қарни сипаришуда бузургмардони олами хираду адаби тоҷик, аз устодон Айниву Бобоҷон Ғафуров сар карда, то Тӯрақул Зеҳниву дигарон ба он аз наздик ҳамкорӣ намуданд. Як пои Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва Ҳабиб Аҳрорӣ, ки бо ду забон эҷод мекарданд, дар шуъбаи тоҷикии радиои Ӯзбекистон, пои дигарашон дар «Овози тоҷик» буд.  
Адибону алломаҳои номии тоҷик дар солҳои минбаъда низ нагузоштанд анъанаҳо барҳам хӯранд – вақте ба Тошканд омаданд, як сари қадам ба идораи «Овози тоҷик» (чанд бор тағйири ном кардани рӯзнома ба ҳамаамон маълум) медаромаданд. Ходимони эҷодии рӯзнома вохӯриҳои самимона ва суҳбатҳои ҷонпарвар бо Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор, Абдулҳамид Самадовро асло фаромӯш намекунанд. Солҳои охир дар ин даргоҳ дидорбиниҳо бо шоиру нависандагони мардумии Тоҷикистон Низом Қосим, Камол Насрулло, Зулфия Атоӣ, Аскар Ҳаким ва Саттор Турсун рӯйи кор омад. Асарҳои тозаи худро армуғоноварии адибони тоҷик саҳифаҳои рӯзномаро шукуфонд, ба боз ҳам пурмуҳтаво ва сермазмуншавии маводҳо дар мавзуъоти рӯз мусоидат сохт. Нависанда ва драмнавис Ато Ҳамдам, нависанда Теша Раҷаб, профессор Иброҳим Усмонов, рӯзноманигорон Мирзо Шукуров, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ва Қироншоҳ Шарифзода, ҳамчунин даҳҳо нафар аҳли қалами тоҷик, ки дар собиқ Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил доштанд, дар идораи рӯзномаи мо чанд муддат коромӯз ва ходим будаанд.
Даргоҳи «Овози тоҷик», айни замон, ба Ғафур Ғулом, Ойбек, Миртемир, Саид Аҳмад, Мирмуҳсин, Ҷонрӯд Абдуллохонов, Озод Шарофиддинов, Шоислом Шомуҳаммедов, Эркин Воҳидов барин чеҳраҳои намоёни илму адаби ӯзбек низ тӯли солҳои дароз «хонаи умед» буд – оҳанрабои Муҳаммадҷон Васфӣ ва Ҷонибек барин шоирони зуллисонайн, ки дар ҳамин идора кор мекарданд, онҳоро ба худ мекашид. Вақти ба нота даровардани «Шашмақом» овозхон ва мусиқори номӣ, академик Юнус Раҷабӣ зуд-зуд ба идораи «Овози тоҷик» меомад, машвараташ бо кормандони закии рӯзнома, ки аз таърихи мусиқии ду халқ бохабар буданд, самара мебахшид. Пири оҳангсозони Ӯзбекистон Мутаваккил Бурҳонов ба рӯзномаи мо меҳри ҷудогона дошт. Шогирди арзандаи ӯ Арбоби санъати Ӯзбекистон Мустафо Бафоев ҳамкории эҷодиро ба «Овози тоҷик» ҳамон идома медиҳад.
Шудааст, ки ҳазрати Лоиқ ва шоири шаҳири ӯзбек Абдулло Орифов (дар тарҷума) шеърҳои тозаи худро маҳз ба идораи рӯзномаи мо тақдим созанд ва падидаҳои қаламии эшон бори аввал дар «Овози тоҷик» ба табъ расад. Муҳимтарин рӯйдодҳои адабиву фарҳангии Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамеша мавриди эътибори рӯзномаи мо буду ҳаст. Рӯзномаамон баробари он ки аз силсилаи «Гулдастаи дӯстӣ» аз офаридаҳои адибони ӯзбек шеъру ҳикояҳо (дар тарҷума) чоп мекунад, ба падидаҳои эҷодии суханварони тоҷик, ки дар Душанбе фаъолият мебаранд, саҳифаҳо мебахшад.
«Овози тоҷик», баробари ин, аз чакидаҳои қаламии ҳамзабонҳо, ки дар Эрон ва Афғонистон зиндагиву эҷод мекунанд, намунаҳо ба табъ мерасонад. 
Бо ин гуфтанием рӯзномаи мо, ки яке аз «падархонд»-ҳои матбуоти Ӯзбекистон ва ба маънои том падари матбуоти тоҷик аст, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи бузургворон ва фидоиёни маънавият дар ҳамон қаламрав аст, ки чанд садсола пештар Мовароуннаҳру Хуросон меномиданд.
Дар давраи нави таърихӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мустаҳкамшавии муносибатҳо дар  соҳоти гуногун, алалхусус барқароршавӣ ва мазмуни тоза пайдо кардани равобити маънавию адабии тоҷикону ӯзбекон миёни «Овози тоҷик» ва алоқамандони адабу фарҳанги тоҷик ба дил ва дидаи ходимони идораи мо нур ва нирӯ бахшид. 
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳар ташриф ба даргоҳи мо рӯҳ ва сафои тоза меоварад. Маҳз бо шарофат ва хайрхоҳии ӯ ду нафар кормандони идораи мо ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Айни замон се нафар ходими «Овози тоҷик» ба аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул гардид.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ду забон таҳти унвони «Пайғоми дӯстӣ» китобе таълиф сохт, ки ба равобити адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшида шудааст. Дар очерки бузургҳаҷми таърихиву адабии ин донишманд ба эҷоди бадеии  се нафар ходимони адабии рӯзномаи мо низ ишораҳо мавҷуд. Дастгириҳо вомедоранд адибону рӯзноманигорони ин даргоҳ бо ғайрат ва шуҷоати бештар қалам ронанд, дар обод сохтани як гӯшаи адабиёту журналистикаи Тоҷикистони бародарӣ низ ҳадди имкон саҳм гузоранд.
Дар идораи рӯзномае, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сифати яке аз нашрияи пешбар ва ҳампои замон шинохта шудааст, алъон кадрҳои сазовори соҳаи журналистика фидокорона фаъолият мебаранд. Заҳмати онҳо аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон қадр ва беҳтаринҳо соҳиби мукофотҳои давлатӣ мешаванд. Идорае, ки як вақтҳо ба ходимони хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон Шавкат Ниёзов, Муҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, Ҷонибек Қувноқов, Авнер Исоқбоев, журналистони шоистаи Ӯзбекистон Тоҳир Олимбоев, Муайяна Хоҷаева, Эҳсон Турдиқулов, Маъруф Отахонзода сарпарастӣ ва бо номи онҳо рӯзномахонҳои ду қаламрав ифтихор мекарданд, алъон якчанд кадрҳои сазовор дорад. Соҳибони медали «Шуҳрат» Бекназар Тӯйназаров ва Каримҷон Муҳиддинов, соҳиби ордени «Ситораи сурх»-и  собиқ иттиҳод Ҳисомиддин Абдувалиев ҳарчанд дар нафақаанд, ҳамон аз ҳавои идораи солҳои дароз дар он коркардаашон нафас мекашанд. Соҳибони ордени «Дӯстлик» Амрулло Авезов, Тоҷибой Икромов, Аълам Нарзиев, Мирасрор Аҳроров ва Саодат Бекназарова, соҳиби ордени «Дӯстлик»-и Ӯзбекистон ва «Дӯстӣ»-и Тоҷикистон Тӯхтамиш Тӯхтаев, барандаи ордени «Меҳнат шуҳрати» Шерпӯлод Вакилов, дорандагони медали «Шуҳрат» Абдулло Субҳонов ва Латофат Бобоқулова,  дар саъйи онанд ки  мукофотҳои гирифтаашонро «сафед» кунанд ва  ба қавли маъруф «чанги матбуотро фурӯ бурда» ба касб садоқати худро собит намоянд.
Ходимони идораи мо нисбати дигар нашрҳои даврӣ хеле камшумор, вале чунин ба назар мерасад дар ин даргоҳ як нафар кори чанд нафарро мекунад. Дар рӯйичопбинии ҳар як шумора ходимони эҷодӣ Гулҷаҳон Кабирова, Набия Нодирова, Далер Азизов, Мағфират Мамаҷонова, ҳуруфчин Муниса Тӯхтаева, саҳифабанд Холида Тӯхтаева саҳм мегузоранд. Дар ҳар гуна шароит болои варақҳо ва нусхаи нохоми саҳифаҳо нури чашм гум карда, рӯзҳоро ба шаб ва шабҳоро ба субҳ пайваста, бо тобу таби маҳорат материалҳоро мепазонанд. 
Мухбирони рӯзнома, айни замон, дар озмун-азназаргузарониҳо, ки Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон эълон мекунад, иштирок мекунанд. Чанд нафар ҷоизадори «Фаъолтарин журналисти сол» шуда бошад, Саодат Бекназарова ва Мирасрор Аҳроров дар озмуни XVII байналхалқии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») соҳиби мукофот гардиданд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода вақтҳои охир чанд бор меҳмони «Овози тоҷик» шуд. Умед аст бо эҳтимоми ӯ ва ташаббуси ташкилоти журналистон дар Ӯзбекистон ҳамоишҳои байналмилалӣ байни рӯзноманигорони ду кишвар ташкил ва гуфтугӯҳое, ки ба миён омаданд, ба сабзиши истеъдод ва сайқали маҳорати кормандони идораи мо мусоидат созанд.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ, 
муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти 
«Овози тоҷик», 
соҳиби медали «Шуҳрат» ва ордени 
«Меҳнат шуҳрати».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: