ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД!

Бо ташаббуси Бунёди ҷамоатии «Ватандошлар» ва ҳамкории сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бо иштироки аҳли адабу ҳофизони номӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен барномаи адабию фарҳангӣ баргузор гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар бинои боҳашами сафоратхона, ки чанде пеш бо иштироки сарварони давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ботантана кушода буданд, моро пазироӣ кард. Дар ин бинои замонавие, ки хеле хуб ҷиҳозонида шудааст, байни ҷавонон бозии интеллектуалии «Заковат» баргузор шуд. Инчунин, дар барномаи шоми дӯстӣ, ки сари як пиёла чой бо иштироки зиёиёни ӯзбеки тоҷикистонӣ  ва намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ гузашт, ҳунармандони номии ҳар ду мамлакат  ҳунари худро намоиш доданд.
Ба ғолибони «Заковат» компутерҳои замонавӣ ва ба мактабҳои таҳсилоташон ба забони ӯзбекии шаҳри Душанбе китобҳои бадеӣ супорида шуд.
Рӯзи дигар гурӯҳи санъаткорону эҷодкорон роҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлонро пеш гирифтанд. 
Дар театри ба номи Ато Муҳаммадҷони шаҳри Бохтар ба муносибати 90-солагии Ӯлмас Ҷамол ҷашни ботантанае баргузор шуд. Раиси Бунёди ҷамоатии «Ватандошлар» Одилҷон Сатторов дар бораи дӯстии азалии мардуми тоҷику ӯзбек ва саҳми Ӯлмас Ҷамол дар мустаҳкамнамоии дӯстию рафоқати ин ду халқ ҳарф зад. Бо маблағҳои ин бунёд китоби ашъори мунтахаби шоир бо номи «Ӯзим дунё аро дунё» («Манам дунё дар ин дунё», Тошканд, 2024) бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба дасти мухлисон расидааст. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ш. Бӯтаев, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон А. Исмоилзода ва шоири ҷавону умедбахш М. Ҷумъаев дар васфи дӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.
Намояндагии мо дар театри ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тадбирҳои идонаро идома доданд. О. Сатторов ба ҷамоаи театри ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонов баландгӯякҳои замонавӣ ва ба 20 муассисаи таълимаш бо забони ӯзбекӣ теъдоди зиёди китобҳои бадеиро супорид. 
Базми дӯстӣ бо иштироки устодони санъати ду ҷумҳурӣ ба иштирокдорони анҷуман кайфияти идона бахшид.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
узви иттиҳодияҳои нависандагони Ӯзбекистон
 ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: