ДӮЗАНДАГӢ КАСБИ ШАРАФНОК АСТ

Саида ҳамон рӯз барои ба назди ҳокими ноҳияи Фарғона даромадан паси дари вай навбат мепоид.

Хушбахтона, танҳо се-чор корафтода барои ҳалли масъалаҳои шахсӣ ба қабули вай омада буданд. Ҳарчанд як соат вақташ ройгон сипарӣ шуд, вале сабр кард, то ки ба Шӯҳратҷон Мӯъминов мақсадашро баён кунад ва дар сурати мусоидати ӯ аз пайи кор шавад.
Ин дам барои мулоқот бо ҳоким боз се-чор марду зан вориди даҳлез шуданд.
– Навбати шумо фаро расид, апа, дароед, – гуфтани котиба вайро водор намуд, ки вориди утоқи ҳоким шавад. 
– Ҳа, духтари соҳибкори тоҷик, хуш омадед? Корҳо чӣ хел? – аз муомилаи хуб, вале ғайримунтазири ҳокими ноҳияи Фарғона Саида андак дасту по гум кард ва баъд:
– Раҳмат, нағз, – гуфта кӯтоҳакак ҷавоб дод.
– Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаатон Мирзоҳид дирӯз ба наздам омад. Вай дар бораи шумо гуфт, ки дӯзандаи хеле моҳир ҳастед, аммо ба як утоқ эҳтиёҷ доред,  то ки корхонаи хурди дӯзандагии худро ифтитоҳ кунед. Ман ин иқдоми шуморо комилан тарафдорӣ мекунам, зеро Президент ҳамеша аз ҳокимон тақозо мекунанд, ки аз шумо барин занони ташаббускор дастгирӣ ва дар ҳалли муаммову мушкилоташон фавран чораҷӯӣ кунем, – изҳор кард Шӯҳратҷон Мӯъминов.
Баъд ба Саида як варақи мӯҳдорро дароз карда гуфт:
– Ин қарори ҳокими ноҳия аст. Бар асоси он аз ҳисоби бинои собиқи ошхонаи матлуботи ҷамъият, ки чанд сол  ин сӯ холӣ истодааст, барои васеъ намудани корхонаи хусусии шумо боз як утоқ ҷудо кардем. Масъалаи гирифтани кредити имтиёзнокро ҳал кардед? – пурсид ҳоким аз Саида.
– Дар “Халқбанк” аризаамро дида баромадаанд. Мудири шуъбаи кредит ба ман гуфт, ки барои ифтитоҳи корхонаи хурди хусусии дӯзандагӣ 20 миллион сӯм қарзи имтиёзнок ҷудо намуданд. Аммо ин маблағро замоне ба ҳисобсурати ман мегузарондаанд, ки дар бораи пайдо шудани бинои корхона ба ин бонк ҳуҷҷат пешниҳод кунам, – ин бор ҷасорат пайдо карда гуфт Саида. Баъд афзуд, ки бо ин қарор зуд ба бонк меравад ва мегӯяд, ки пулро ба ҳисобсураташ гузаронанд.
– Пас, ҳамаи масъалаҳо ҳал шуданд. Акнун фақат даст ба кор задани шумо мондаасту халос. Фаромӯш накунед, ки ғайр аз худатон он ҷо боз ҳадди ақал се-чор нафар бояд шомили кор шаванд, – гуфт ҳоким.
Ростӣ, Саида аз чунин ранг гирифтани ҳол дарун-дарун шодӣ мекард. “Ҳокими ноҳияамон одами хуб аст, мегуфтанд. Аммо боре иттифоқ наафтодааст, ки бо худи ӯ бевосита суҳбат кунам», аз дил гузаронд Саида.
Вай бо шитоб ба сари кӯчаи калон баромад ва ба мошине савор шуд. Баъд ба ронанда амр кард, ки чанбари мошинро ба деҳаи Дамкӯл битобад, то ки ҳуҷҷатҳои боқимондаро низ аз хона гирифта ба бонк равад ва пулро ҳарчи зудтар ба ҳисобсураташ гузаронад.
– Наздики се сол мешавад, ки дар ин ҷо корхонаи дӯзандагии худро кушодаам. Аз рӯи фармоиши мардум либосҳои занонаву мардона ва кӯдакона медӯзем. Инчунин ба як гурӯҳ духтарони деҳоти атроф касби дӯзандагиро низ ёд медиҳам, – мегӯяд Саида Яъқубова.
Дар маркази деҳаи Дамкӯл идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ҷойгир шудааст. Дар самти дигари кӯча, рӯ ба рӯи ин бинои ҷамоат биное воқеъ гаштааст, ки дар он чанд нафар соҳибкор машғули фаъолиятҳои гуногун мебошанд. Дар як қисми бино корхонаи акфабарорӣ ба роҳ монда шудааст ва он ҷо як гурӯҳ ҷавонони дамкӯлӣ ба истеҳсоли дару тиреза машғуланд. 
Дар ҳамин ҳол корхонаи хурди хусусии Саида дорои шаш мошини нави дӯзандагӣ мебошад. Ин мошинҳо дар ивази ҳамон маблағе харидорӣ шудаанд, ки “Халқбанк” барои се сол бо 7 фоизи солона қарз додааст.
– Корам барор кард ва ҳамин моҳ ҳамаи қарзи бонкро бармегардонам. Шавҳарам Баҳромҷон дар кори ман ҳамеша ҳамкору ёвар аст, – мегӯяд Саида.
Вай ҳанӯз зимни мактабхонӣ ба касби дӯзандагӣ шавқу ҳавас пайдо карда будааст. Модараш апаи Хайринисо зимни суҳбат мегӯяд, ҳарчанд дар касби дӯзандагӣ чандон соҳиби малакаву маҳорат набуд, вале гоҳ-гоҳ дар хона бо ҳамон мошини чокдӯзӣ чоки либосҳои духтарону писаронашро медӯхт. 
– Ҳамон вақт Саида ба тарзи дӯхтанам зеҳн мемонд ва баъзан хоҳиш мекард, ки худаш ин ё он чокро дӯзад. Фаҳмидан мушкил набуд, ки ҳамин касб ба духтарам хеле писанд афтодааст. Вақте ки синфи ҳаштуми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 40-уми деҳаро хатм намуд, падараш вайро ба шаҳри Фарғона бурданд. Вай  аввал дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 1-и шаҳр риштаи дӯзандагиро тамом кард. Баъд барои такмили касбу ихтисос ба ателеи дӯзандагии “Лола” ба кор даромад, – мегӯяд Хайринисо Мирзоева.
Ҳар киро шавқу завқе бошад, вай ҳатман сари кореро мегирад ва ҳам худаш ва ҳам атрофиён аз баракоти кори вай баҳраманд мешаванд. Саида Яъқубова аз зумраи занҳоест, ки бо меҳнати худ ба одамони зиёд, хусусан духтарон, зеб мебахшад. 
Ҳоло вай ба Мафтуна Абдуқодирова, Ситора Ҷумъабоева, Зайтуна Носирҷонова ва се нафар духтарони дигар дӯзандагӣ ёд медиҳад. То ин замон 18 нафар аз мактаби дӯзандагии вай гузаштаанд ва ҳоло мустақилона ба дӯхтани сару либос машғуланд. 
– Саида дар мактаб аз талабагони аълохон буд. Аммо тибқи шароити маҳали мо наҳамаи духтарон ҷуръат мекарданд, ки баъди хатми мактаб ба ягон донишгоҳ раванду дохил шаванд. Ҳоло низ тақрибан ҳамон расму ойин давом мекунад. Аксарияти духтарон ба шавҳар мебароянд ва машғули кору зиндагӣ мешаванд. Ҳамон сол Саида азм намуд, ки бо шаҳодатномаи синфи ҳашт таҳсилро дар омӯзишгоҳ давом медиҳад. Ин хоҳишашро мо низ дастгирӣ кардем. Ҳоло ин шогирди мо дар ноҳияи Фарғона аз мутахассисони варзидаи касбу кори дӯзандагӣ муаррифӣ шудааст, – мегӯяд собиқ директори мактаби рақами 40-уми деҳаи Дамкӯл Мадаминҷон Ҷалилов.
Саида узви иттиҳодияи “Ҳунарманд”-и вилояти Фарғона мебошад. Маълум шуд, ки вай дар фестивалҳои гуногуни ноҳиявӣ ва вилоятӣ бо намунаи либосҳои дӯхтаи худ ва шогирдонаш иштирок мекунад. Баъзан дар ин фестивалҳо дастандаркорони он хоҳиш мекунанд, ки вай ба гурӯҳи духтарон аз дӯзандагӣ дарси маҳорат гузарад ва Саида ин хоҳиши онҳоро бо камоли майл анҷом медиҳад. 
– Вай баъзан хеле серкор мешавад. Хусусан, дар мавсими тӯйҳои арӯсӣ пушти дари корхонаи дӯзандагии Саидахонро пур аз мизоҷон мебинем. Ҳамон рӯзҳо дасташ ба дасташ намерасад, зеро духтарони гирду атроф ва ҳатто деҳаҳои ҳамсоя – Оқтом, Лоғон, Кафтархона, Гулистон ва амсоли он бештар ба вай дӯхтани либосҳои арӯсии худро фармоиш медиҳанд. Бе муҳобот, ҳар як либоси дӯхтааш ҳаваси касро бедор мекунад, – мегӯяд сокини солхӯрдаи деҳаи Оқтеппаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Дамкӯл  Маърифат Бобоева. 
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо то нафақа чанд сол дар бунгоҳи тиббӣ, воқеъ дар шафати корхонаи дӯзандагии Саида Яъқубова ҳамшира шуда кор кард. Маърифат Бобоева мегӯяд, ки Саида ҳам дар зоҳир ва ҳам дар ботин зани баиффату порсост. Ягон бор дуруштгапии ӯро надидааст. Бо ҳама ҳамеша муомилаи хуб мекунад. Падараш – Қурбоналиамак Мирзоев солҳои дароз дар мақомҳои роҳбарӣ кор кардааст. Барои ҳамин ҳама дар ин марзу бум ӯро “Раисбобо” ном мебаранд.
– Қурбоналиамак ба фарзандонаш тарбияи хуб додааст. Шояд барои ҳамин духтараш Саида низ ҳамин анъанаи хонаводаи худашонро эҳтиром мекунад. Одамони маҳалла бо даҳони пур ин зани дӯзандаро таърифу тавсиф мекунанд, – изҳор намуд Маърифат Бобоева.
Саида ва Баҳромҷон Яъқубовҳо соҳиби се фарзанд ҳастанд. Нахустини онҳо – Асадуллоҳ коллеҷи тиббиро хатм намудааст. Духтаронаш дар мактаби таълимоти ҳамагонӣ машғули таҳсил мебошанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: