«ЭЙ, БУХОРО ШОД БОШУ ДЕР ЗӢ...»

Соҳибистиқлолӣ неъмати бебаҳост.

Ба туфайли ин мӯъҷизаи сарнавиштсоз орзую умеди деринаи мардуми мо ҷомаи амал пӯшид. Анъана, расму оинҳои аҷдодӣ, арзишҳои миллӣ рӯи об баромад. Ватани азизи соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷою мақоми хешро пайдо мекунад, ба обрӯю эътибор сазовор мегардад. Дар қатори дигар минтақаҳои диёр сарзамини қадимии мо Бухоро ва шаҳру ноҳияҳои он низ ободу зебо, пурҷозибаю дилкаш мегардад. Фикру зикри одамон тағйир ёфт. Барои рушди илму ҳунар, истеъдод, камолёбии ҷавонон имкониятҳои бемисл фароҳам омад. Ин ҳама ҳамватанонамонро ба фардои боз ҳам пурнишоту ҷозибаноктар – рӯзгори ободу фаровон, ҳаёти дилкаши озоду осоишта умедвор месозад, ки маводи зер мисли муште аз хирвори ин вилоят аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: