«ЭЙ ДУХТАР, ҶОНАМ, ДУХТАР...»

Сурудҳои маросими тӯй аз тӯйхабарӣ, тайёрӣ, ҷудоӣ ва фироқ, тантанавӣ, табрикӣ, рақсӣ ва ҳаҷву ҳазл иборат буда, мувофиқи давру замон суруда шудаанд.

Дар деҳаҳои дурдасти қаторкӯҳҳои Нурато сурудҳои арӯсӣ ҳоло ҳам мазмуну моҳияти қадимаи худро гум накардаанд. Сурудҳои ҷудоӣ ва фироқ ҳангоми ба шавҳар додани духтар бисёртар иҷро карда мешаванд. Ҳангоми гусел кардани арӯс дугонаҳо ба арӯсшаванда муроҷиат намуда, таъкид мекунанд, ки ӯ мӯяшро шӯяд, бофад ва ба рафтан тайёр шавад. Духтар аввал ин таклифро қабул намекунад ва хонаи падарро беҳтар мешуморад. Дугонаҳо низ майлу хоҳиши ӯро ба назар гирифта, ӯро дастгирӣ мекунанд:
Дугонаҳо: 
Гуларӯсак сарата боф, 
ҳозир вақти рафтан аст,
Арӯс:      
Сарама намебофаме, 
хонаи бобом беҳтар аст.
Дар сурудҳо мақсад, орзуву ният ва майлу хоҳиши мардум ифода ёфтааст. Чунончи, ҷӯраҳои домод ҳангоми талабидани арӯс аввал ба модар, баъд ба падар, хоҳару додар ва дигар хешу пайвандони арӯс муроҷиат мекунанд, ки арӯс тезтар аз хона бароварда шавад:
Барор, барораш мегум,
Очаш барораш мегум.
Дили очаш намешавад,
Апаш барораш мегум.
Дили апаш намешавад,
Тағош барораш мегум...
Баъд барои гирифтани ризомандии модар:
Очаш, ба ту мегум, духтарта бурор,
Дилат, ки намешад, домодта биёр,
гӯён домодро таги дар меоранд. Ҳамаи ин« кашмакашу талош» барои розӣ кардани арӯс ба кор бурда мешуд, зеро духтараки бечораро аксаран ба ягон шахси ношиносаш бо зӯрӣ ба шавҳар медоданд, ки вай аз ночорӣ ба тақдири худ тан дода, ошкоро изҳор мекард, ки пеш-пеши марди ношинос на бо амри дил, балки бо зарби калтак ба роҳ медарояд:
Пеш-пеши мардак меравам,
Бо зарби калтак меравам.
Ин гуна сурудҳо тарзи зиндагӣ, фикру андеша, ақлу заковат, ҳасби ҳол, доноиву зиракӣ ва дарду алами занони ҷамъияти феодалӣ, муносибати онҳоро ба ин беҳуқуқиву нобаробарии замони худ нишон медиҳанд. 
Дар чунин ҳолат модар ба тасаллидиҳӣ медаромад ва таклиф мекард, ки духтар дар рӯзи тӯяш бояд хурсанду шод бошад, ягона таскиндиҳандаи дили духтарони аз тақдири худ норизо гӯё қалин ва маҳри онҳо буд. Модар ӯро тасаллӣ медод:
Эй духтар, ҷонам, духтар,
Нури чашмонам, духтар.
Пагоҳ тӯята меоранд,
Ба вақти хуш мерӣ, духтар.
Дар баъзе мавридҳо барои осуда кардани дили арӯс ҳофизон ба таърифи домод шурӯъ мекунанд:
Шаҳи мо нағзак аст,
Чун гули чормағзак аст.
Чунонки мебинем, дар сурудҳои ҷудоӣ ва фироқ модар ягона шахси ғамхор тасвир ёфтааст. Вазифаи ӯ аз розӣ кардан ва моил намудани дили духтар иборат аст. Вай бо як ҳисси модарона, навозишкорона ва боифтихор изҳор мекунад, ки духтари аз барги гул нозукашро ба марди номуносиб намедиҳад:
Духтарам хуб духтар аст,
Аз барги гул нозуктар аст.
Ба як ҳазор намедиҳам,
Ба ду ҳазор намедиҳам.
Ба раҳи дур намедиҳам,
Ба марди пир намедиҳам.
Аз хонаи падару модар рафтани духтар боиси ғамгинии аҳли оилаи ӯ ва гиряи модар мегардад. Дар ин лаҳза сарояндаҳо чунин месароянд:
Арӯсама бин равон шуд,
Очаи арӯс гирён шуд...
Ин мазмун дар сурудҳои мардуми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато чунин сурат мегирад, ки дар он ҳам шодиву тантана ва ҳам зӯрию ҳазлу шӯхӣ ифода меёбад ва ба тариқи ҳазл овози гиряи арӯсро тақлид мекунанд:
Имрӯз соати Худо,
Келина тед, э, қудо.
Келин азони моён,
Ҳақ надоред, қудоён.
Келин мебарем моён,
Гирён монед шумоён.
Ҳу, ҳу, ҳу...
Аз пайи ин мавзӯъ суҳбат намудан хеле доманадор аст ва ба фикри мо мавзӯи куҳна нест. Тавассути ин гуна суҳбатҳо хонанда анъана, урфу одат ва арзишҳои дури мардумиро фаромӯш намекунад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: