ЭЙ, КИ БАР РӮЙИ ЗАМИНӢ,...

Катиба дар фарҳанги забони тоҷикӣ ҳамчун: «навиштае, ки дар санг ё кошин нақшшуда, дар болои дар ё тоқи иморат шинондашуда бошад» тавзеҳ шудааст.

Мард он ки барои номуси халқ,
Бо бешу ками ҷаҳон ситезад.
Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш,
Бояст, ки хуни дил бирезад... 
 (Катибаи «Дар болор»-и Лоиқ).

Катиба дар фарҳанги забони тоҷикӣ ҳамчун: «навиштае, ки дар санг ё кошин нақшшуда, дар болои дар ё тоқи иморат шинондашуда бошад» тавзеҳ шудааст. 
Катибаҳо як намуди илму фарҳанги халқ буда, баъзеашон ба воқеаҳои таърих мансубанд, баъзеи дигар ба панду андарз ва одобу ахлоқи ниёгон, қисми дигар барои пос доштани хотираи бузургон истифода шудаанд. Бархе аз катибаҳо ба аҳамияти хоси таърихӣ моликанд. Дар онҳо соли таваллуд ва вафоти шахсони бузург бо ҳисоби абҷад бо солшумории ҳиҷрии қамарӣ ифода гардидаанд.
Дар китоби машҳур ва рӯйимизии мо «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи катиба чунин сатрҳоро мехонем: «... Барои ҳарчи пурратар тасаввур намудани санъати асри ХVI чунин навъҳои касбу ҳунари амалӣ, мисли кандакории рӯйи санг ва чӯбро низ бояд зикр кард. Дар ин соҳа комёбии устодони асри ХVI  хеле назаррас аст. Сангҳои сершумори рӯйи қабр дар маҷмӯи иморати номбурдаи Чорбакр аз намунаҳои барҷастаи ҳунари кандакории он давр маҳсуб меёбад. Ин сангҳо бо катиба ва нақшу нигор ороиш ёфта, гӯшаҳои он ба шакли сутунча дароварда шудааст. Баъзе сангҳои рӯйи қабр ба худ шакли хурди мақбараи қуббадорро гирифтаанд. Беҳтарин намунаҳои кандакории рӯйи чӯб ҳаккокии сақфи Масҷиди Баланд, дари чанде аз мадрасаҳо ва ғайра мебошад» (ниг.Бобоҷон Ғафуров, «Тоҷикон», китоби дуюм. Душанбе. Нашриёти «Ирфон», 1985. Саҳ.50).
Олими шинохтаи тоҷик, муаррих Аҳрор Мухторов дар омӯзиши катибаҳо хидмати назаррас карда, дар ин ҷода якчанд асар ҳам навиштааст, ки яке аз онҳо «Санг ҳам диле дорад» (Душанбе. Нашриёти «Ирфон», 1986) ном дорад.
Инак, чанд намуна аз катибаҳое, ки дар сари турбати шахсиятҳои маъруф ҳаккокӣ шудаанд.
Катибаи оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс:
«Ба номи худованди ҷону хирад.
Ин макони фархунда оромгоҳи устоди гӯяндагони форсизабон ва сарояндаи достонҳои қаҳрамонӣ Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ аст, ки суханони ӯ ҷонбахши миллат ва мазори ӯ дар дили мардуми ин сарзамин ҷовидон аст.
Таърихи таваллуд 323 (934) – 411 (1020). 
Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам».
Катибаи оромгоҳи Саъдӣ дар Шероз:
Эй, ки бар рӯйи заминӣ, ҳама вақт 
они ту нест,
Дигарон дар шиками модару пушти 
падаранд.
Саъдиё марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ 
набаранд.
Катибаи рӯйи оромгоҳи Рӯдакӣ дар Рӯдаки Панҷакент:
Ҳар кӣ наомӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеч н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Катибаи болои оромгоҳи Ҷомӣ дар Ҳирот:
«... Товуси рӯҳи муқаддас, анқои кофи лоҳут,шоҳбози баландпарвози авҷи ҷабарут, маҳбити анвори қидам, кошифи асрори улуми ҳикам, маснаднишини каъбаи олимақомӣ, булбули хушоҳанги баҳористони баландномӣ, орифи номӣ ва қутби киромӣ Мавлоно нур-ул-ҳаққи в-ал-миллат в-ад-дин Абдураҳмон ал-Ҷомӣ».
Катибаи болои оромгоҳи Ҳилолӣ дар Ҳирот:
«Ин қабри мунаввари бадр-ал-миллат в-ад-дин Ҳилолии Ҷағатоӣ-ал-Ҳиравӣ аш-шоир. Таърихи вафот 936 ҳиҷрӣ (1529-1530)
Ин қатраи хун чист ба рӯйи ту Ҳилолӣ?
Гӯё, ки дил аз ғусса ба рӯи ту дамида».
Катибаи оромгоҳи Навоӣ дар Ҳирот:
Ҷаноби Амири ҳидоятпаноҳӣ,
Ки зоҳир аз ӯ гашт осори раҳмат.
Шуд аз хорзори ҷаҳон сӯйи боғе,
Ки он ҷо шукуфтаст гулзори раҳмат.
Чу нозил шуд анвори раҳмат ба рӯҳаш,
Биҷӯ соли фавташ зи «анвори раҳмат».
Ибораи «анвори раҳмат» моддаи таърих буда, аз он соли 906 ҳиҷрӣ (1500-1501) ҳосил мешавад.
Катибаи оромгоҳи Бобур дар Ҳирот:
«Подшоҳе, к-аз ҷабинаш тофтӣ нури 
илоҳ,
Он Заҳириддин Муҳаммад буд 
Бобурподшоҳ.
Бо шукӯҳу давлату иқболу адлу 
доду дин,
Дошт аз тавфиқу файзу фатҳу фирӯзӣ 
сипоҳ,
Олами аҷсомро бигрифту шуд 
равшанравон,
Баҳри фатҳи олами арвоҳ чун нури нигоҳ.
Шуд чун фирдавсаш макон, 
ризвонзамин таърих ҷуст,
Гуфтамаш «фирдавс доим ҷойи 
Бобурподшоҳ».
Ибораи «фирдавс доим ҷойи Бобурподшоҳ» моддаи таърих буда, аз он соли вафоти Бобур – 935 (1530) ҳосил мегардад.
Катибаи оромгоҳи Ҷонибек дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориш:
Баъди мурдан нишони мо сухан аст,
Оташи корвони мо сухан аст.

Таснифи Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: