ЭҶОДКОРИ АСАРҲОИ ҶОВИДОНӢ

Маҷмӯи оҳанг ва таронаҳои мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом» яке аз арзишҳои фарҳангӣ аст, ки бо гузашти рӯзгор ҷило ва дурахши хешро ҳифз намудааст.

Маҷмӯи оҳанг ва таронаҳои мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом» яке аз арзишҳои фарҳангӣ аст, ки бо гузашти рӯзгор ҷило ва дурахши хешро ҳифз намудааст. Имрӯз ин санъати воло барои ташаккули завқи эстетикӣ дастури мукаммалест, ки дар он нозукиҳои нотакрори оҳангҳои дилпазир таҷассум шудааст.
Дар баррасӣ ва такмили ин силсилаи таърихӣ саҳми беандозаи яке аз оҳангсозони маъруф, ҳофизи маҳбуб, Ходими хидматнишондодаи санъати Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Фазлиддин Шаҳобов назаррас аст. Осори нодири ин санъаткори варзида, ки аз рисолаҳои пурарзиш, мақолаҳои ҷолиб ва суруду оҳангҳои таъсирбахш иборат аст, мероси пурғановати маънавист.
Фазлиддин Шаҳобов соли 1911 дар шаҳри Бухоро дар оилаи мударрис Абдураҳими Хатлонӣ (Аҷзӣ) таваллуд шудааст. Сабақҳои нахустини танбӯрнавозиро аз устодонаш Мирғиёси Танбурӣ ва Бобоҷалоли Носирӣ омӯхтааст. Таҳсил дар омӯзишгоҳи мусиқии Бухоро, сафар ба Самарқанд ва такмили маҳорат дар назди ҳофизони варзида Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Абдулқодири Найчӣ, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Домулло Ҳалим Ибодов, фаъолияти эҷодӣ дар оркестри давлатии театри мусиқӣ-драмавии Тошканд, таҳсил дар Консерваторияи давлатии Маскав аз саҳифаҳои дурахшони фаъолияти эҷодии Фазлиддин Шаҳобов мебошанд, ки минбаъд натиҷаи ин таҷрибаҳои эҷодӣ дар фаъолияти пурсамари оҳангсози соҳибистеъдоди мо акси хешро пайдо намуд. Аз соли 1947 фаъолияти эҷодии Фазлиддин Шаҳобов дар Душанбе идомаи худро ёфт, ки он ташкили корҳои эҷодӣ дар муассисаҳои давлатӣ дар вазифаҳои масъул, ҳамчунин эҷоди асарҳои беҳтарини мусиқӣ, такмилу таҳияи осори гаронбаҳои ниёгони мо «Шашмақом» мебошад.
Воқеан, яке аз хидматҳои арзандаи устод Фазлиддин Шаҳобов бо ҳамкории эҷодии Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоев ба адвор (нота) андохтани асари панҷҷилдаи «Шашмақом» мебошад. Таҳияи маҷмӯаи сеҷилдаи «Сурудҳои халқии тоҷик», омода намудани силсилаи барномаҳо роҷеъ ба санъати «Шашмақом», очеркҳо до-ир ба жанрҳои мусиқӣ, эҷоди романсҳо, асарҳои вокалӣ-симфонӣ, таъсиси ансамбли ҳофизони мақомхон низ паҳлӯи дигари эҷодиёти мукаммали ин санъаткори заҳматписанд аст.
Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун сароянда ва навозандаи забардасти дорои сабки хос ва беназир тобишҳои нафиси ҳунарӣ, маҳорати олиро дар санъати иҷро зоҳир намудааст, ки он ифодагари ҳунари воло ва нотакрор аст.
Асарҳои вокалӣ-симфонии «Дил хонаи кист?» (ғазали Абдулқодири Бедил), достони симфонии «Сегоҳ» (бо ҳаммуаллифии Ю.Тер-Осипов ва Ш.Соҳибов, суруди лирикӣ ва романсҳои «Хонаи дил» (шеъри А.Лоҳутӣ), «Орзу дорам» (ғазали Қассоб), «Лаъли хандон» (ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ), «Зулфи ту» (ғазали Рӯдакӣ), «Эй дилбар» (шеъри М.Фарҳат, «Шамъи ҳусн» (шеъри М.Раҳимӣ), «Хандида меояд» (шеъри М.Турсунзода) аз қабили офаридаҳои дилнишини Фазлиддин Шаҳобов мебошанд, ки то имрӯз мухлисони зиёд доранд ва дар иҷрои шогирдони зиёд, ки пайрави ҳунари устод мебошанд, садо медиҳанд.
Аз ҷумла, дар Самарқанди бостонӣ низ ҳунармандоне фаъолият намудаанд, ки ҳамеша бо эҷодиёти ин ҳунарманди касбӣ таваҷҷӯҳи хосе доранд. Масалан, аз қабили ҳунармандони санъати «Шашмақом» Ҷӯрақул Солеев, Муродқул Ашӯров, Ӯктам Тӯхтаев, Фозил Очилов ва дигарон дар эҷодиёти худ нозукиҳои ин санъатро идома дода, бо маҳорати хеш сайқал мебахшанд. Ансамбли «Шашмақом» дар ноҳияи Самарқанд солиёни зиёд яке аз тарғибгарони ин санъати классикӣ маҳсуб меёбад.
Дар рисолаи илмии «Таърихи маданияти мусиқии Самарқанд ва ривоҷи он» (Самарқанд, 2006), ки он ба қалами санъатшинос, шодравон Нодирхон Валихӯҷаев мансуб аст, сухан аз боби ҳунари устодони шинохтаи санъати «Шашмақом» дар Самарқанд – Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ва мактаби эҷодии ӯ, Қорӣ Ёқуб, Оқилхон, Левича, Камол Ҳофиз ва дигарон меравад. Махсусан дар ин асар фаъолияти эҷодии яке аз оҳангсозони боистеъдоди самарқандӣ Шариф Акрамов таҳлил гардидааст ва касбияти нодири ин санъаткор дар офариниши эҷодӣ эътироф мешавад.
Дар кафедраи таълими мусиқии Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ дар омӯзиши мероси маданӣ – «Шашмақом» соатҳои махсуси дарсӣ мавҷуданд, ки дар онҳо шогирдон аз нозукиҳои мактаби устодони «Шашмақом» бархурдор мешаванд.
Омӯзиши оҳанг ва таронаҳои мусиқии классикӣ, фаъолияти пурсамари эҷодии намояндагони ин санъати асил, ба монанди устоди маъруф Фазлиддин Шаҳобов, ки имрӯзҳо 110-солагии ин ҳунарманди бомаҳорат таҷлил мегардад, арҷгузорӣ ба дурдонаҳои санъати волои мо мебошад, ки бо гузашти вақт эҳтиёҷи маънавӣ ба ин осори бебаҳо бештар зоҳир мешавад.

Равшан ҲАМРОҚУЛОВ,
Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: