ЭҶОДКОРИ ҶАВОН – СОҲИБИ МЕДАЛИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Мутахассиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Ислом Асилбеков ба қарибӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар озмуни байналхалқии «Беҳтарин олими ҷавон – 2021» мобайни 14 давлати ИДМ аз рӯи журналистика муваффақиятнок иштирок карда, ҷойи якумро ба даст овард ва бо медали тилло сарфароз гардид.

Ислом Асилбеков алҳол баробари фаъолияти меҳнатӣ донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Қариб 300 мақолаи публитсистӣ ва ҳикояҳои ӯ тавассути воситаҳои ахбори оммавии ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ ва 10 мақолаи илмиаш дар ҷаридаҳои байналхалқии Британия, Олмон, Нидерландия рӯйи чопро диданд.
И.Асилбеков узви Иттиҳодияи «Истеъдодҳои ҷавон»-и Қазоқистон ва узви фонди ҷамоатии «Шоир ва нависандагони қирғиз»-и Қирғизистон ба шумор меравад. Инчунин, вай бо медали «Абай»-и иттиҳодияи «Истеъдодҳои ҷавон»-и Қазоқистон «Барои хидматҳои муҳимаш» сарфароз гардидааст.
А. МУРОДОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: