ЭҶОДКОРОНИ ҶАВОН ДАР ЗОМИН ҶАМЪ ОМАДАНД

Инак чандин сол аст, ки Машварати Зомин, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ба роҳ монда шудааст, ба кашфи писарону духтарони соҳибистеъдоди эҷодкор хидмат мекунад.

Инак чандин сол аст, ки Машварати Зомин, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ба роҳ монда шудааст, ба кашфи писарону духтарони соҳибистеъдоди эҷодкор хидмат мекунад.
Чорабиниҳои машварати кунунӣ аз 5 то 8 июл дар лагери «Ӯриклисой»-и ноҳияи Зомин баргузор мешаванд. 
Суханони роҳбари давлати мо ба шоирону нависандагони ҷавоне, ки ба олами адабиёт ворид мегарданд, дар сарзамини саховатманди Ҷиззах аллакай ба шиори асосии Машварати Зомин табдил ёфтанд.
Субҳи содиқи 5 июл ходимони ҷавони эҷодкор, шоиру нависандагони машҳур, публисист ва драматургҳо, ҳамчунин кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ дар назди бинои Иттиҳоди нависандагон ҷамъ омаданд. Ҷамъомадагон аввал ба пояи ёдгории Алишери Навоӣ дар Хиёбони адибон гул гузоштанд ва сипас ба автобусҳо нишаста ба ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах равона шуданд.
Иштирокдорони машваратро таҳти садои карнаю сурнайҳо ва нону намаку гулдастаҳо дар маҷмӯи тантанаҳои «Осиё» истиқбол карданд.
Дар чорабинӣ раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, ҳокими ноҳияи Зомин Алишер Абдуғаниев, муовини ҳокими вилояти Ҷиззах Фурқат Ҷӯрақулов, ҷавонон ва намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Пас аз хӯроки пешин тамоми иштирокдорони Машварати Зомин ба автобусҳои замонавӣ нишаста, роҳи лагери «Ӯриклисой»-ро пеш гирифтанд. Дар нимаи дуюми рӯз маросими кушоиши машварат баргузор гардид, шомгоҳ бошад, суҳбатҳои адабӣ ва мушоира ташкил карда шуд.
6 июл иштирокдорони машварат ба бахшҳо оид ба самтҳои шеърият, наср, драматургия, публисистика бадеӣ, тарҷумаи бадеӣ, адабиёти бачагона, танқиди адабӣ тақсим шуда, дар сабақҳои адабӣ иштирок менамоянд. Ба мақсади баргузидани осори иштирокдорон ва баргузор намудани сабақҳои адабӣ барои онҳо иборат аз 35 нафар арбобони шинохтаи эҷодӣ, олимону адабиётшиносон гурӯҳи корӣ ташкил гардид.
Соли равон дар машварат 66 нафар шоиру нависандагони ҷавон аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошкнд ва тамоми вилоятҳо, ҳамчунин 9 нафар ходимони ҷавони соҳибистеъдод, ки онҳоро созмонҳои ҳамкор фиристодаанд, иҷрогарони сурудҳои анъанавӣ, оҳангсозон, таҳиягарони кино, рассомон иштирок доранд.
Дар доираи машварат бисёр чорабиниҳои завқовар, аз ҷумла шабҳои эҷодӣ бо иштироки ходимони ҷавони эҷодкор ва нависандагони машҳур, мушоира, намоишдиҳӣ ва баррасии филмҳои мустанаду бадеӣ, мулоқоти шоирон, оҳангсозон ва иҷрогарони ҷавон баргузор мешаванд.

А. ҚАЮМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: