ЭҶОДКОРОНИ ҚАРОҚАЛПОҚ ДАР САМАРҚАНД

Рӯзҳои фарҳанги Қароқалпоқ барои аҳли қалами вилоят ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт.

Қариб 15 нафар шоиру нависандагони лаби баҳри Орол на танҳо аз боздиди ёдгориҳои таърихии шаҳри бостонӣ илҳом гирифтанд, инчунин аз сӯҳбати дилнишину самимии мухлисони каломи бадеъ баҳра бардоштанд.
Пас аз сайру саёҳати меҳмонон дар шаҳри Самарқанд, дар қасри ҷавонон шабнишини адабӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар анҷумани бошукӯҳ шоирон, нависандагон, адабиётшиносон, донишҷӯёни мактабҳои олии Самарқанд, вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар бораи мақсад ва вазифаҳои асосии анҷумани мазкур раиси иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви сенати
Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шоири номдор Сироҷиддин Саййид ҳарф зада, таъкид намуд, ки иди адабиёти Қароқалпоқ дар Самарқанд бори нахуст баргузор мешавад. Он бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сурат мегирад, ки барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо хидмат хоҳад кард.
Қайд кардан лозим аст, ки эҷодиёти намояндагони адабиёти Қароқалпоқ дар рушду нумӯи фарҳанги мардуми туркзабон бузург мебошад. Бердақ, Аҷиниёз, Иброҳим Юсупов,Тулепберген Қаипбергенов, Шаудирбай Сейитов ва дигарон дар ташаккул ва инкишофи тамаддуни забони туркӣ саҳм гузоштаанд.
– Хиёбони адибон, ки бо ташаббуси Президентамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тошканд ташкил шудааст, ба Тулепберген Қаипбергенов ва Иброҳим Юсупов ҳайкал гузоштаанд. – гуфт раиси шуъбаи минтақавии иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Қароқалпоқ Кенесбай Каримов, – ин ҳурмату эҳтиром ба аҳли қалами халқи мо мебошад.
Меҳмонони Қароқалпоқ инчунин ба  идораи рӯзномаҳои «Зарафшон», «Овози Самарқанд», «Самаркандский вестник» ташриф оварда, бо фаъолияти журналистони самарқандӣ аз наздик ошно гардиданд.
Дар маҷлисгоҳи шуъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд низ муаллимони забони модарӣ ва адабиёт бо эҷодкорони Қароқалпоқ суҳбати дилнишин оростанд.
Ҷонишини мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Шерзод Абулхайров меҳмононро хайра мақдам гуфта, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
– Яке аз шоҳроҳи шаҳри Нуқус ба номи устод Айнӣ аст, – бо ифтихори бузург иттилоъ дод сардабири маҷаллаи Амударё, шоир Халила Давлатназаров, – камина қариб ҳар рӯз аз кӯча гузашта, беихтиёр ӯро ба хотир меоварам.
Таассуроти мо аз маҷмӯи меъмории «Шаҳри абадӣ» як олам. Иншооллоҳ, ҳар яки мо ҳол ба қудрат доир ба Самарқанд достону ҳикоёт, шеъру қисса хоҳем навишт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: