«ЭҶРО ПАЗМОН ШУДАМ...»

Аз овони мактабхонӣ қироати рубоиву ғазалҳои Камоли Хуҷандиро дӯст медоштам ва ҳоло ҳам ҳар як ғазали дар ҳамон айём азёдкардаам, ки як олам маънӣ доранд, дар хотирам.

Аз овони мактабхонӣ қироати рубоиву ғазалҳои Камоли Хуҷандиро дӯст медоштам ва ҳоло ҳам ҳар як ғазали дар ҳамон айём азёдкардаам, ки як олам маънӣ доранд, дар хотирам. Пораҳои зер чӣ қадар равону таъсиргузоранд: 
Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару 
бепо ғариб?
Ё :
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.
Гӯиям: Рав, з-ин дару султони вақти
 хеш бош,
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро...
Дар давоми таътили меҳнатӣ ба шаҳри Хуҷанди бостон сафар кардам. Дар истгоҳи автобусҳои “Тошканд” ба автобуси Тошканд – Хуҷанд, ки рӯзе ду маротиба: соати 9-и пагоҳӣ ва 6-и бегоҳӣ ҳаракат мекардааст, нишастем. Автобуси дуошёна бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буд. Аз чеҳраи мусофирон аён буд, ки мамнунанд, аз роҳбарони адолатхоҳи ду кишвар сипосгузоранд. Дар гузаргоҳҳо низ, агар ҳуҷҷатҳо ба талабот ҷавобгӯ бошанд, ягон мушкилие пеш намеояд. Соати 9-и пагоҳӣ ба роҳ баромада, соати яки пешин ба Хуҷанд расидем. Биноҳои зебои серошёнаи ин шаҳр, ки  боғҳои сабзу хуррам дорад, дар бағали кӯҳсор қомат афрохтаанд.
Моро ҳамдиёрамон Зоҳидҷон дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пешвоз гирифт ва ба манзилаш, ки дар шафати донишгоҳ будааст, даъват кард. Ҳамдеҳаи мо, баъди хатми мактаби миёнаи рақами 43-юм ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Хуҷанд дохил шуд. Онро бомуваффақият хатм намуда, ба туфайли дониши пухта ва хулқу одоби шоистааш дар донишкада ба кор монд. 
– Падару модарам даставвал барои дар ин ҷо фаъолият бурданам розӣ нашуданд. Роҳи дур, омаду рафт, танҳоиву мусофирӣ душвор аст, гуфтанд онҳо. Мана, қариб бист сол аст, ки дар ин ҷо умр ба сар мебарам. Дар ҳамин ҷо бо шогирди худам издивоҷ кардам, соҳиби хонаву ҷой ва фарзандон шудам, – мегӯяд Зоҳидҷон. 
Ба хонаи сеҳуҷрагии шинам ва тозаю озодаи ӯ назар андохтам. “Хонаи босаришта фаришта дорад” гуфтааст халқи пурдидаи мо. Бонуи хона Наргис меҳмондӯсту ширинзабон будааст. Фарзандони хурдсолаш Каёнуш ва Аъзамҷон аз китобхониву дарстайёркунӣ сар намебардоранд. Ҷевони китобҳои ӯ пур аз ашъори бузургони форсу тоҷик. Бо як дидан кас ҳис мекунад, ки дар ин ҳуҷра фарҳанг, маънавият, нури зиё ҷойгоҳи худро дорад...
Ҳақиқатан ҳам, Зоҳидҷон солҳои аввал дар мусофирӣ, дар муҳити аз пайвандон дур ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд, ба пастиву баландии рӯзгор, нобаробариҳои кор сабр кард. Аз омӯзгори одӣ то ба дараҷаи номзади илмҳои филологӣ расид. Ҳоло дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ мебошад. Кори илмиашро роҷеъ ба ашъори шоира Фарзона идома медиҳад. 
– Албатта, мусофирӣ бори гарон аст. Бахусус, тӯли солҳои сипаришуда, ки гузаргоҳҳо баста буданд, бо ёди зодгоҳ, падару модар, хоҳару бародар ва дигар пайвандон, бовар кунед, шабҳоро бо бедорӣ мегузарондам. Оқибати дуриву мусофирӣ буд, ки ба таъзияи қиблагоҳам рафта натавонистам..., – оҳи бадард кашид Зоҳидҷон. 
Дар рафти суҳбат воқиф шудам, ки ҳамдеҳаи дигарам – апаи Маҳбика сокини шаҳри Хуҷанд будааст. “Элак баҳонаю дидор ғанимат” гуфтагӣ барин, рӯзи дигар баъди ба анҷом расондани корҳои зарурӣ, ба дидорбинии апаи Маҳбика рафтем. Апа моро дида аз хурсандӣ ба чашмонаш об гирифт ва ин албатта, ашки шодӣ буд. Ба назар мерасид, ки деҳаро пазмон шуда, мехоҳад болу пар бароварда, ба деҳааш баргардад. 
Маҳбика Турсунова дар деҳаи Сойихурд, дар оилаи омӯзгор, иштирокчии ҷанг Турсун Султонов дида ба дунё кушодааст. 
– Соли 1965 баъди хатми мактаби миёна ба техникуми тиббии Самарқанд дохил шудам. Солҳои 1969-74 дар пункти тиббии маркази совхози «Нурато» ҳамчун доя кор кардам,– ба суҳбат оғоз намуд апаи Маҳбика. – Аз хурдӣ духтур шудан мехостам. Ин сабабҳои зиёд дошт. Аз он ки деҳаҳои мо дар бағали силсилакӯҳҳо ҷойгир асту аз маркази ноҳия фарсахҳо дур, он рӯзгор ба беморон сари вақт ёрии тиббии таъҷилӣ намерасид. То омадани шифокор занон дар хона таваллуд мекарданд, ҳатто ҳангоми зоиш ё баъди он аз дарди ҷонкоҳ мефавтиданд. Модари бечораи ман низ ҳангоми таваллуди хоҳаракам, ба туфайли сари вақт нарасидани кӯмаки тиббӣ, аз олам чашм пӯшид. Биноан, аҳд кардам, ки шифокор мешавам, ба занону модарони деҳаам кӯмаки тиббӣ мерасонам...
Маҳбикаи шуҷоатноку боирода, ки ташнаи илм буд, рӯзе ба падараш гап кушод:
– Додоҷон, ман мехоҳам дар институт хонам. Иҷозат диҳед, ба Душанбе равам. 
Аз ин қатъиятнокии духтараш падар ҳангу манг шуд. 
– Духтарам, мехонам гуфтан осон. Духтарбача бошӣ, аз ин деҳаи дурдаст чӣ хел ба ҷои дур меравӣ? Ин фикри хомро аз сарат дур кун.   
Маҳбика ба зиддиятҳои падар ва наздиконаш нигоҳ накарда, бӯхчаи сафар дар даст роҳи Душанберо пеш гирифт. Худо мададгораш шуд, ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. 
– Баъди дохил шудан падарам гуфт, ки “духтарам, ман ба ту кӯмак кардан наметавонам. Дар оила даҳ ҷон асту танҳо ман кор мекунам. Агар мушкилиҳоро ба дӯш гирифта, худатро таъмин карда тавонӣ, хон, вагарна ба деҳа баргард». Баробари таҳсил дар поликлиникаи назди донишгоҳ ҳамшираи тиббӣ шуда кор кардам. Баъди хатми таҳсил дар Донишкадаи тиббии Душанбе ба вазифаи лаборанти калон фаъолият бурдам. Дертар дар ин даргоҳ ҳамчун коркуни хурди илмӣ ба донишҷӯён дарс додам. Аз пайи илмомӯзӣ шуда, гузаштани вақту умрро надониста мондаам. Дар синни 37 ба шавҳар баромадам. Шукри Аллоҳ, се писар, арӯсон ва набераҳои дӯстрӯям дар атрофам. Албатта, Эҷро пазмон мешавам. Аз чашма бо ду сатил об овардану ҳавлӣ рӯфтан, гов ҷӯшидан, дар танӯр нон пухтану гилембофӣ ва кашидадӯзиҳои ҳамдеҳагонамро ёд мекунам, – мегӯяд апаи Маҳбика хотираҳои бачагиашро ба ёд оварда. 
Бо умеди дидорҳои баъдӣ бо ҳамдеҳагонам хайру хуш кардам.

Саодат РӮЗИЕВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: