ЭКОЛОГИЯ МАСЪАЛАИ НАФАҚАТ ҲАЁТИ КУНУНӣ, БАЛКИ МУАММОИ ФАРДОИ МО, МУШКИЛОТИ БА ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНАМОН ДАХЛДОР МЕБОШАД

МО БАРОИ ОЯНДА ҶАВОБГӮ ҲАСТЕМ!

МО БАРОИ ОЯНДА ҶАВОБГӮ ҲАСТЕМ!
Нарзулло ОБЛОМУРОДОВ,
номзад ба Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон
«Мақсади асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон, ки таҳти шиори «Мо барои оянда ҷавобгӯ ҳастем!» амал мекунад, таъмин сохтани эътидоли экологӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ, фароҳам овардани шароитҳои сазовори ҳаёт барои наслҳои кунунӣ ва оянда аз тариқи васеъ ҷорӣ намудани равандҳои рушди «сабз» дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт муайян шудааст. Ҳизб ҳадафҳои худро бинобар масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ эълон медорад. Дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов вазифаҳои муҳиме, ки дар назди мамлакат истодаанд, мушаххас гардидаанд. Аз ҷумла, инҳо мушкилоти экологӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли он, ҳифзи саломатии инсон ва таъмин сохтани тарзи  ҳаёти солим мебошанд.
Вазъи муҳити атроф ва экологӣ дар тамоми олам сол аз сол дигаргун мегардад. Тағйироти ҷаҳонии иқлим, баланд гардидани ҳарорати ҳаво, хушксолӣ барин таҳдидҳои экологӣ ба минтақаи мо низ дахлдоранд.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар мамлакат таъмин сохтани бехатарии экологӣ, ҳаллу фасли ҳарчи зудтару бештари муаммоҳои ба миёномадаи экологӣ, ҳамчунин барои таъмин сохтани тараққиёти иқтисодии ҷамъият муттаҳид кардани тамоми нирӯҳоро мақсади худ мешуморад.
Якум. Ҳизби экологӣ таҳти шиори «Рушди сабз —  асоси фаровонҳолӣ!» ғояи татбиқ сохтани «сиёсати сабз»-ро пеш мебарад, ки ба рушди устувори экологӣ нигаронида шудааст.
Дар ин маврид вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
– рушди низоми молиявикунонии «сабз», ки ба истифодаи маблағҳои Буҷаи давлатӣ, идораҳои бонкиву молиявӣ, сектори хусусӣ барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи сарфакунандаи энергия нигаронида шудаанд;
– то ба 30 фоиз расондани саҳми иқтисодиёти «сабз» дар иқтисодиёти мамлакат, дар ин асос  7 фоиз зиёд кардани суръати солонаи афзоиши иқтисодиёт.
Аз тариқи ду баробар зиёд кардани самаранокӣ дар иқтисодиёт, ҷорӣ намудани тарифҳои «сабз», ба кор даровардани нирӯҳои нав саҳми энергетикаи навро дар энергобаланси мамлакат метавон ба ҳисоби умумӣ то 40 фоиз зиёд кард.
Дуюм. Алҳол дар корхонаҳои саноатӣ соле ба ҳисоби миёна 109 миллион тонна партовҳои саноатӣ ҳосил мешаванд, ҳоли ҳозир 6,5 миллион тоннаи онҳо, яъне фақат 6 фоизашон аз нав коркард мегарданд.
Дар 4 соли охир шумори корхонаҳои саноатӣ 2 баробар афзуда, миқдори ғубору газ дар шаҳрҳо 4 баробар зиёд гардидааст. 84 фоиз (2,69 млрд. тонна)-и он ба вилоятҳои Тошканд ва Навоӣ рост меояд.
99 фоиз, яъне 1,34 миллиард тонна партове, ки дар Комбинати маъданҳои кӯҳии танҳо Навоӣ нигаҳдорӣ мешавад, пулпа (партове, ки дар натиҷаи азнавкоркарди кони тилло ҳосил мешавад) ба шумор рафта, дар таркиби он метавонад 3 фоиз тилло бошад.
99 фоиз, яъне 1,33 миллиард тонна партове, ки дар Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалиқ мавҷуд аст, дар натиҷаи азнавкоркарди кони кӯҳӣ ҳосил шудааст, барои аз таркиби онҳо ҷудокунии филизот ҷалб сохтани технологияҳои инноватсионӣ тақозо мегардад.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои корҳои вобаста ба партовҳои саноатиро ба роҳ мондан бояд стратегияи 10 сола коркард шавад.
Масъалаи партовҳое, ки дар мамлакати мо ҷой дорад, хеле муҳим буда, ҳаллу фасли он ба мушкилот табдил ёфтааст. Ҳоли ҳозир аз 235 партовгоҳе, ки дар кишвар мавҷуданд, соле 3,3 миллион тонна газҳои гармхонаҳо ба атмосфера меомезанд.
Бинобар ҳамин ҳам ба мақсади ҳамчун ашёи хоми такрорӣ истифода бурдани партовҳо бояд Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи партовҳо» дар таҳрири нав қабул карда шавад.
Қабул кардани барномаҳои вобаста ба 60 фоиз расондани ҳаҷми азнавкоркарди партовҳои маишӣ ва ба 30 фоиз расондани миқдори коркарди партовҳои саноатӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Сеюм. Бояд муҳити атроф ҳифз ва аз захираҳои табиӣ оқилона истифода бурда, барои аҳолӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Аз тариқи ба амал татбиқ намудани вазифаҳои барномавии таъминот бо оби ошомиданӣ ва беҳтар кардани низоми канализатсия таъминоти аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ба 90 фоиз расонида мешавад.
Барои беҳтар кардани таъминот бо оби ошомиданӣ ва инкишоф додани низомҳои канализатсия, сохтмони канализатсияҳои нав ва бозсозии кӯҳнаи онҳо бояд барномаҳои мавзеӣ ва лоиҳаҳо коркард шаванд, ки аз тариқи онҳо таъминоти шаҳр ва ноҳияҳо бо оби ошомиданӣ, ҳамчунин низоми канализатсия беҳ мегардад.
Дар шаҳрҳои бузург ва саноаташон тараққикардаи мамлакати мо 1,5 баробар кам кардани партовҳои углерод, омехтаҳои азот, метан ва газҳои дигар аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
Дар ҳадафҳои барномавие, ки Ҳизби экологии Ӯзбекистон пеш мегузорад, аз ҷумла нигоҳ доштани гуногунрангии биологӣ ва низомҳои экологӣ, масъалаи истифодаи оқилона аз онҳо низ ҷой доранд. Барои ин мақсад ба масъалаҳои ба 12 фоизи ҳудуди кишвар расондани майдони ҳудудҳои табиие, ки ҳифз мешаванд, дараҷаи бо ҷангалпӯшии ҷумҳуриро аз 7,6  то ба 15 фоиз расондан эътибор дода мешавад.
Чаҳорум. Мо тамоми саъю кӯшишҳои худро ба беҳтар намудани вазъи экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Наздиарал, шароити ҳаёти аҳолӣ аз ҳисоби татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявие, ки ба нарм кардани оқибатҳои фоҷиаи баҳри Арал нигаронида шудаанд, ҷалб менамоем, ки омили асосии дигаргунии иқлим дар минтақаи мо ба шумор меравад.
Аз тариқи ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакори об дар хоҷагии қишлоқ ба минтақаи Наздиарал аз қисми боло ва миёнаи дарёи Аму соле ақаллан дар ҳаҷми 5-6 мукааб километр об ҷорӣ кардан мумкин аст. Аз тариқи бунёди «камарбандҳои сабз» ва дар ҳудуди мазкур васеъ намудани майдони боғҳои истироҳатӣ тоза кардани ҳаво ва муътадил сохтани иқлим имконпазир мебошад.
Панҷум. Мо дар мамлакат барои демократикунонии минбаъдаи идораи давлатӣ, таъмин сохтани ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мустақилии ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани самаранокии суди одил, эътимод ва эҳтироми мардуми мо ба низоми суд мунтазам кор мебарем.
Бояд саъю кӯшиш бобати ҳифзи табиат, муҳофизати ниҳолҳои сабз, иншооти об ва ёдгориҳои табиӣ аз таъсири нохуши антропогенӣ пурзӯр карда шавад.
Мо ҷонибдори пурзӯр кардани масъулияти шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ нисбати таъсири манфиашон ба замин, об ва ҳаво мебошем, тарафдори ситондани зарар ба табиат бинобар раванди «зараррасон мепардозад» ҳастем.
Шашум. Мо бар онем, ки куллан беҳ сохтани хидмати тиббӣ, баланд бардоштани сифати таълими муттасил дар пояи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ҳарчи бештар инкишоф додани илм ва рушди минбаъдаи соҳаҳои маданиву маърифатӣ бояд вазифаҳои афзалиятноки давлат ва ҷамъият бошанд.
Барои муваффақ шудан ба ин ҳадафҳо дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ таҳти шиори «Муҳити солим – инсони солим»:
– беҳтар кардани пойгоҳи ҳуқуқии ҳифзи саломатии аҳолӣ, сифати хидмати тиббӣ, зиёд кардани дарозумрии шаҳрвандон такмил дода мешавад;
– дараҷаи фароҳам овардани инфрасохтори асосии тиббиёти рақамӣ, пурқувват кардани пойгоҳи моддиву техникии соҳаи тиб, маҳалликунонии истеҳсоли техникаҳои тиббӣ ва дорувор зиёд карда мешавад.
Дар соҳаи таълим таҳти шиори «Табиатро фидоиён ҳифз мекунанд»:
–  тамоилҳои тараққиёти «сабз» ба соҳаи таълим ва илм қаробат карда мешаванд;
– дар тамоми давраҳои таълими муттасил тамоилҳои таълиму тарбияи экологӣ васеъ ҷорӣ мегарданд.
Ҳафтум. Дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ мо ғояи дар атрофи Ӯзбекистон бунёд намудани минтақаи амният, эътидол ва некҳамсоягиро дастгирӣ мекунем. 
Ҷиҳатҳои зеринро ба сифати вазифаҳои асосиву устувори сиёсати хориҷӣ ҷонибдорӣ менамоем:
– сиёсати Ӯзбекистон бояд дар Осиёи Марказӣ ба таъмини сулҳу эътидоли минтақа, кӯмак дар ҳаллу фасли мушкилоти асосии амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон нигаронида шавад;
– истифодаи сарфакоронаи захираҳои об ва энергетика аз дарёҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ, бунёди ҳудудҳои наздисарҳадии ҳифзи табиат ва таъмин сохтани эътидоли иқтисодӣ дар минтақа аз ҳадафҳои мост. 
Дар ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии мо ҳамкории фаъол бо Созмони Милали Муттаҳид барои таъмин сохтани сулҳу салоҳ ва амнияти байналхалқӣ, ҳамчунин муборизаи муштарак бо таҳдид ба хуруҷҳои замонавӣ мақоми махсус доранд.
Ҳизби экологӣ барои рушди Ӯзбекистон ва масъалаҳои ба фардои он вобаста ташаббусҳои муҳимро ба рӯзномаи сиёсии мамлакат мегузорад. Мо тамоми шаҳрвандонро ба ҳифзи саломатии инсон, ҳифзи муҳити атроф ва сарфакорона истифода бурдани сарватҳои бебаҳои табиӣ, эҳтиёт кардани ин сарватҳо даъват менамоем.

Хидмати ахбори Шӯрои марказии Ҳизби экологии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: