ЭКОЛОГИЯИ ДИЛИ ИНСОН

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси Шӯрои масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологии назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Аҳамият ва ҷойгоҳи ғояҳои одамигариву инсонпарварӣ ва таҷассуми дилу табиат дар эҷодиёти Алишери Навоӣ» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он муовини раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони кишвар Холмурод Салимов, раиси Шӯрои масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологии назди иттиҳод Қулмон Очилов доир ба фаъолияти шӯро ва вазифаҳои вобаста ба экология маълумот доданд. 
Тавре ки Қ.Очилов қайд кард, Шӯрои масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва экология яке аз нӯҳ шӯрое мебошад, ки дар назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон фаъолият мебаранд.                                                      Ба он намояндагони расонаҳои ахбори оммавии кишвар аъзоанд. Нишасти имрӯзаи мо ба масъалаҳои экологӣ бахшида шуд, зеро муаммоҳои экологӣ нафақат дар Ӯзбекистону Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси дунё аз мавзӯъҳои рӯзмарра ба шумор меравад. Албатта, дар ин соҳа аз ҷониби ҳукумати кишвари мо эътибори махсус дода мешавад. Вобаста ба ин мо хостем ба эҷодиёти гаронбаҳои Алишери Навоӣ муроҷиат намоем. Зеро, ки маънавияти инсон аз мавзӯъҳои асосии осор ва эҷодиёти ин шоири бузург маҳсуб меёбад. Маънавияти комил ва дили поки инсон аз экология ва тозагии муҳити атроф вобастагии калон дорад. Ба фикри ман, масъалаҳои покизагии дили инсон ва тозагии экология доим мавзӯъҳои доимӣ ва муҳим боқӣ мемонанд. 
Дар нишасти матбуотӣ мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ, доктори фанҳои филологӣ, профессор Рашид Зоҳидов низ доир ба мавзӯи зикршуда маърӯза кард. Нотиқ дар баромадаш оид ба одамигарӣ, инсонпарварӣ ва маънавияти инсон,  сухан гуфт.  
Дар анҷоми нишаст мутахассисони соҳа ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон ва донишҷӯёни соҳаи журналистика ҷавоб доданд.

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: