ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ РУШДИ ҶОМЕА

Бо шуъбаи минтақавии Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии (СҒҒ) Ӯзбекистон, раёсати хидмати амнияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо ҳокимият ва шуъбаи адлияи вилоят бо иштироки мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, намояндагони СҒҒ ва ВАО дар мавзӯи «Тарғиб кардани мафкураи таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои анъанавӣ дар пешгирии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм, нақши СҒҒ дар густариши огоҳӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ» суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид.

Чорабиниро роҳбари бахши вилоятии Ассотсиатсияи миллии СҒҒ Икромҷон Каримов ифтитоҳ намуда, дар бораи имкониятҳои барои созмонҳои ғайридавлатӣ фароҳам овардашуда ва нақши онҳо дар ҷомеа сухан ронд. 
Мудири котибияти вилоят оид ба кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ Муродҷон Абдураззоқов андешаҳои худро оид ба мавзӯъ иброз намуд. Қайд кард, ки дар ин бобат касе набояд бепарво бошад, хусусан дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро ҷоннок гардонем.
Пас аз ин, маърӯзаи сардори раёсати адлияи вилоят Зулфия Аҳмадхӯҷаева оиди қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» ва тарғиб кардани онҳо дар байни СҒҒ ва таҳкими ҳамкории созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ шунида шуд.
Дар рафти чорабинӣ филми «Ботлоқи ҷоҳилӣ» намоиш дода шуд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: