ЭЛЕКТРОБУСҲО ДАР КӮЧАҲОИ САМАРҚАНД

Ширкати «YNTONG»-и Чин аз ҳисоби маблағҳои Бонки рушди Аврупо 28 электробуси замонавиро ба шаҳри сайёҳии Самарқанд ирсол намуд.

– То охири сол боз 22-то чунин нақлиёти ҷамоатии мусофиркашон хоҳем гирифт, – иттилоъ дод сармуҳандиси идораи «Самарқанд йӯловчи транс» Абдукарим Самадов. – Боиси хушнудист, ки инчунин 15 таҷҳизоти зарурии қувватдиҳандаро мутахассисони Чин ба шаҳри Самарқанд оварда, асрори истифода бурдани онҳоро ба ҳамкасбони самарқандӣ ёд медиҳанд. – Мо аз он ифтихор дорем, ки дар Ӯзбекистони Нав барои барқароркунии барномаи «Макони сабз» саҳми арзанда мегузорем, – иброз дошт вакили ширкати мазкур Ҷанг Ю, – электробусҳои замонавӣ барои нигаҳдории муҳити зист ва тозагиву озодагии табиат саҳмгузор хоҳанд шуд. Бо дастгирӣ ва ҷонибдории Бонки рушди Аврупо Самарқанд ба шаҳри сабзу хуррам табдил ёфта истодааст. Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: