Электромобилҳои дар Ӯзбекистон истеҳсолшуда, нисбат ба аналогҳои воридотӣ хеле арзонтар хоҳад буд. Дар ин бора директори генералии заводи BYD Uzbekistan Factory Шафкатбек Алимов ҳангоми мусоҳиба ба телеканали «Ӯзбекистан 24» изҳор кард.
Ба гуфтаи ӯ, коҳиши арзиш аз ҳисоби маҳаллисозии истеҳсолот ва кам кардани хароҷоти логистикӣ имконпазир мегардад.
Ш Алимов кайд кард, ки ба арзиши аслии мошинҳои барқӣ аккумулятор бештар таъсир мерасонад.
«Соли гузашта нархи як батареяи аккумуляторӣ 132 доллар барои 1 кВт/соат буд, имсол ба 100 доллар поин омад. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2025 арзиши он ба 50 доллар мерасад», - гуфт ӯ.
Ин ба шарофати тараққиёти технология ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот имконпазир аст. Дар натиҷа, ин бешубҳа ба арзиши ниҳоии мошин таъсир мерасонад.
Дар охири моҳи июн заводи BYD Uzbekistan дар Ҷиззах аввалин электромобил - BYD SONG PLUS DM-i CHAMPION -ро истеҳсол кард.
Завод ба истеҳсоли оммавии автомобилҳои сабукрав BYD, ки бо манбаъҳои нави энергия барои истеъмолгарон дар Ӯзбекистон кор мекунанд, аз ду модели маъмултарин сар карда: BYD SONG PLUS DM-i CHAMPION (C-segment SUV) ва BYD CHAZOR CHAMPION (седан) оғоз мекунад. Ҳарду мошин бо технологияи инноватсионии BYD Super DM-i муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар марҳилаи аввал иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 50 ҳазор мошин хоҳад буд. Маҳсулоти ин корхона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ содир хоҳад шуд.
Корхона минбаъд ҳам вусъат додани истеҳсолотро пешбинӣ мекунад. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа 300 миллион доллар сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст, то тавоноии онро ба 200 ҳазор мошини барқӣ дар як сол расонад. Дар марҳилаи сеюм дар назар аст, ки 500 миллион доллар сармоя азхуд карда, ҳаҷми истеҳсоли мошинҳои электрикӣ дар як сол то ба 500 ҳазор адад расонда шавад.
BYD инчунин ба нақша гирифтааст, ки истеҳсоли моделҳои машҳур ба монанди E2, Seagull ва Yuan ба роҳ монда шавад.