ЭЛЛИКҚАЛЪА – МАРКАЗИ САЙЁҲӢ

Дар бораи ёдгориҳои таърихии Элликқалъаи Қароқалпоқистон борҳо шунидаем, аммо ҳаргиз иттифоқ наафтода буд, ки ба ин гӯшаи кишвар бевосита сафар карда, аз ёдгориҳои таърихии он боздид намоем.

 Аз Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, як гурӯҳ журналистонро ба конфронси байналмилалии илмӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-равшаннамоӣ даъват карданд. Он таҳти унвони “Элликқалъа – маркази сайёҳӣ” дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Ба ноҳияи Элликқалъа тавассути  хатсайри Тошканд – Урганҷ расидем ва масофаи боқимондаро мошинсавор тай кардем.
Аз он ҳайратамон афзуд, ки чаро ин сафар на аз тариқи Нуқус – маркази маъмурии Қароқалпоқистон, балки аз тариқи маркази маъмурии вилояти Хоразм сурат мегирад. Ба ин суол роҳбаладамон посух дод, ки масофаи байни Нуқус ва Элликқалъа ҳудудан 500 километр бештар аст ва меҳмонон ҳангоми тай кардани ин масофаи тӯлонӣ хаста хоҳанд шуд. Вай афзуд, ки масофаи байни Урганҷ – Элликқалъа ҳудуди 60 километр мебошад.
Дарвоқеъ, баъди як соат мо ба маркази маъмурии ноҳияи Элликқалъа – шаҳри Бӯстон расидем. Он ҷо мизбонони конфронси байналмилалӣ меҳмононро бо нону намак, гулдастаҳо ва карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Муассисони конфронс Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, Шӯрои Вазирони Қароқалпоқистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳокимияти ноҳияи Элликқалъа ва Маркази илмӣ-тадқиқотии лоиҳаҳои инноватсионии «Hamkor Stimul Servis»   муаррифӣ шуданд.
Дар кори конфронс намояндаи сафорату вакилони соҳаи маркетинг ва ширкатҳои сайёҳии хориҷа, олимону бостоншиносон, соҳибкорони ноҳияи Элликқалъа ва ноҳияҳои ба он ҳамсояи вилояти Хоразм ширкат карданд.  
– Ноҳияи мо ғайр аз ривоҷи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва боло бурдани иқтисодиёти мамлакат, ҳамчунин ба ривоҷи сайёҳӣ низ эътибори махсус медиҳад. Соҳибкорӣ дар мо хеле пеш рафтааст ва бархе аз он маҳз ба соҳаи сайёҳӣ марбут аст. Аз натиҷаҳои пажӯҳишҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки дар Элликқалъа расадхонаи куҳантарин дар ҷаҳонро сохта будаанд. Дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ ҳамчунин аз зери замин амфитеатрро пайдо намуданд, ки 2500 сол муқаддам сохта шудааст. Он Элликқалъаро ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, – гуфт ҳокими ноҳия Сейдамат Авезов.
Ӯ афзуд, ки ҳадаф аз баргузории ин конфронс муаррифии Элликқалъа ба ҳайси маркази сайёҳӣ мебошад. Ба таъкиди ӯ соли гузашта барои боздид аз ҷойҳои таърихии Элликқалъа 50 ҳазор сайёҳ аз кишварҳои Аврупову Осиё омадааст. 
Ноиби Нахуствазири Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Муротбой Ҷуманов дар ҷараёни суханронӣ аз  сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба ин ҷумҳурӣ ёдовар шуд ва гуфт, ки мувофиқи супориши Президент ноҳияи Элликқалъа ба маркази сайёҳӣ табдил дода мешавад.
Сарпарасти Маркази илмӣ-тадқиқотии лоиҳаҳои инноватсионии «Hamkor Stimul Servis» профессор Шоҳида Султонова перомуни он ҳарф зад, ки рушду ривоҷи туризм дар ноҳияи Элликқалъа ҳамкориҳои доманфарохеро бо ширкатҳои туристии хориҷӣ тақозо менамояд.
– Аксари ёдгориҳои теърихӣ бар асари беаҳамиятӣ ва бетафовутиҳои худи мо ба харобазор табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз барои барқарор кардани ин ёдгориҳо маблағи калон зарур. Мо тасмим гирифтем, ки бо ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони хориҷӣ ёдгориҳои таърихиамонро барқарор кунем ва ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки ин пораи  сарзамини кишварамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ чӣ нақши муассир доштааст, – иброз дошт Шоҳида Султонова. 
Мудири шуъбаи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии таърих, археология ва этнографияи ФУ Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон  Ғайратдин Хӯҷаниёзов зимни тақдимоти слайдҳо таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфаронсро хосатан ба номгузориҳо ва хусусиятҳои хоси Қабатқалъа ва қалъаҳои дигаре ҷалб намуд, ки аз чуқуриҳо пайдо кардаанд ва бозёфти хеле муҳими бостоншиносӣ ба шумор мераванд.
– Ин ёдгориҳо ҳанӯз дуруст омӯхта нашудаанд. Мо дар ин бахши кор наздики 20 сол бо олимони Донишгоҳи Сидней ҳамкорӣ ба роҳ мондаем. Зимни кофтуковҳои бостоншиносӣ то 50 метри чуқурӣ кофтуковҳо гузаронидем ва  ҳар як ёдгории таърихиро мавриди омӯзиши мукаммал қарор додем. Ҳамаи ин қалъаҳои пайдокардаи мо аз шумори ёдгориҳое мебошанд, ки  таърихи Хоразми Қадимро бозтоб мекунанд, – гуфт Ғайратдин Хӯҷаниёзов.
Дар ҷараёни конфронс корманди маркетинги илмии Кумитаи давлатии рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Отабек Олимҷонов ва коршиноси масъалаҳои туризми байналмилалӣ Анна Богдасарова баҳри беҳбудии туризм дар мамлакат ибрози назар карданд. Аз ҷумла, Анна Богдасарова гуфт, ки объекти Элликқалъа минбаъд ба сифати минтақаи нави туристӣ муаррифӣ мешавад, барои ҳамин бояд дар он тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шавад. 
– То ҳол роҷеъ ба марказҳои асосии сайёҳӣ дар Ӯзбекистон аз Самарқанд, Бухоро, Хева ва Шаҳрисабз бештар ном мебаранд. Акнун ба ин феҳрист Элликқалъа низ шомил хоҳад шуд. Ин мақоми баланд аз дастандаркорони ин ноҳия тақозо менамояд, ки тамоми инфрасохтори лозимаро барои сайёҳон фароҳам оваранд. Иҷрои ин корҳо дар бобати афзоиши теъдоди сайёҳон ба ин минтақа хеле мусоидат хоҳад кард, – изҳор намуд Анна Богдасарова.
Намояндаи яке аз ширкатҳои сайёҳии Хитой дар Ӯзбекистон Ли Гем Чер иштирокаш дар ин конфронси байналхалқиро заминаи муҳим барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ арзёбӣ кард.
– Яке аз ҷанбаҳои ривоҷ додани сайёҳӣ истифодаи электромобилҳое мебошад, ки хитоиҳо алҳол барои минтақаи сайёҳии Хонободи вилояти Андиҷон дастрас намудаанд. Ҳоло дар Хонобод якчанд электромобил мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба тозагии обу ҳаво ва муҳити зист ягон зарар ворид намекунад. Аз ин намуди электромобилҳо дар Элликқалъа низ истифода бурдан ба манфиати кор мебошад, – гуфт Чер.
 Вай ҳамчунин ба он нукта таъкид кард, ки сармоягузорони хитоӣ дар ин минтақа низ метавонанд якчанд объектро сармоягузорӣ кунанд. Ли Чер гуфт, ин иқдом даставвал имзои қатъномаи байни ҳокимияти ноҳияи Элликқалъа ва ширкати сайёҳии онҳоро тақозо менамояд.
Дар қисми дуюми конфронси байналмилалӣ иштирокчиёни он аз якчанд ёдгории таърихӣ, аз ҷумла, Аёзқалъа – 1, Аёзқалъа – 2, Аёзқалъа – 3, Қабатқалъаи калон, Уйчиқалъа, ҳамчунин ҳавзу кӯлҳо ва ҷойҳои муносиби дамгириву фароғати ноҳияи Элликқалъа боздид намуданд. Яке аз ин кӯлҳо, ки дар атрофи он инфрасохторҳои сайёҳӣ сохта мешуданд, Ақчакӯл мебошад. 
Ногуфта намонад, ки дар як қатор хаймаҳо шароити зист ва фароғат хеле хуб ташкил карда шудааст. Ҳар кӣ вориди ин хаймаҳо шавад, мебинад, ки дохили он бо матоъҳои ранга зинат ёфтаанд ва имкони дар мизу курсиҳои нарму зебо нишаста, таомҳои хушмазза тановул кардан муҳайё карда шудааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси “Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – УРГАНҶ – ЭЛЛИКҚАЛЪА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: