Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи пароканда шудани Ассамблеяи миллии кишвар (палатаи поёнии парлумон) ва ҳамчунин таъини интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ хабар дод.
Вай дар ин бора зимни муроҷиаташ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ зикр кард. "Ман интихоботи пеш аз муҳлати парлумониро эълон мекунам" гуфт Макрон.
Даври аввал 30 июн ва даври дуюм 7 июл муайян шудааст.
Пеш аз ин Ҷордан Барделла, раҳбари ҳизби "Ваҳдати миллӣ", ки дар интихоботи порлумони Аврупо дар Фаронса пирӯз шуд, аз Макрон даъват кард, ки интихоботи пеш аз муҳлатро ташкил кунад. Gazeta.ru хабар медиҳад, ки сиёсатмадор дар ин бора зимни суханрониаш дар назди тарафдорони ҳизбаш пас аз натоиҷи муқаддамотии интихоботи порлумонӣ дар Фаронса изҳорот додааст.