ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст.

Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб мекунад.
Бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо — Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат).

САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ НАВИН
Соли 2018 дар таърихи навини муносибати байни ду мамлакати бародар аз рӯйдодҳои муҳим фаровон буд. Мо муяссар гардидем, ки нафақат масъалаҳои аз таърих бароямон боқимондаро бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳаллу фасл намоем, балки барои рушди рӯзафзуни муносибати байнидавлатӣ дар дараҷаи сифатан нав таҳкурсии мустаҳкам гузорем. Ҳамин тариқ зимни ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳое ба имзо расиданд, ки марбут ба бартарафсозии масъалаҳои хати гузариши сарҳад, кушодани тамоми гузаргоҳҳои сарҳад, муқаррар намудани буду боши 30 рӯзаи бидуни виза дар ҳудуди ду давлат барои шаҳрвандони ҳар ду мамлакат ва муайян намудани чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо аз рӯйи бисёр самтҳои ҳамкорӣ буданд. Моҳи август дар Тошканд ҳангоми ташрифи давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъи ҳуҷҷатҳое ба имзо расиданд, ки мисли Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ аз ҷумлаи онҳо буд, ки он таҳкими ҳуқуқии шакли нави муносибати байни ду давлат ва халқи бародарро таҷассум намуд.
Ба ин анъанаҳои мустаҳками некҳамсоягӣ, эҳтиром ва имдоди ҳамдигар мусоидат намуданд, ки  таҳкурсии ҳамаи инро робитаҳои хешигарии қадимаи тоҷикон ва ӯзбекон ва ҳамчунин иродаи мустаҳками сиёсӣ ва қатъияти роҳбарони давлатҳоямон бо мақсади бо мисолҳои нави созандагии ҳамкорӣ ғанӣ намудан ташкил менамоянд.
Ҳамин тариқ, дар соле, ки ба охир мерасад, бо кӯшишоти муштарак кори бузурге анҷом дода шуд, ки барои ба шарикии ояндаи тоҷикон ва ӯзбекон бо умеди нек назар кардан имкон медиҳад.
Бо фарорасии Соли нав барои тамоми аҳли Ӯзбекистони бародар бахт, фараҳмандӣ ва ҷомаи амал пӯшидани тамоми орзуҳояшонро таманно дорам. Бигузор, дар ҳама хонадон ҳусни тафоҳум ва фаровонӣ ҳукмрон бошад!

Содиқ ИМОМӢ, 
Сафири Фавқулодда 
ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: