ЭЪМОРИ ЗИЁРАТГОҲИ БОБОИ САМОСӢ

Намояндаи панҷуми «Ҳафт пир»-и Бухоро, давомдиҳандаи тариқати хоҷагон- нақшбандия, пири муршиди ҳалқаи чордаҳуми «Силсилаи шариф», авлиёи бузург, соҳибкаромат, валиюллоҳ Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ (1259-1354) дар деҳаи Самоси Рометан ба дунё омада мақоми фақирӣ пеша кардааст.

Вай бо меҳнатдӯстӣ дар байни мардум ҳамчун деҳқони беназир, дар байни аҳли тасаввуф бошад, ба сифати «Шамси Ҳақ» ва «Ҳазрати Бобо» машҳур шудааст.
Ин авлиёи соҳибкаромат рӯзе ҳангоми гузаштан аз мавзеи Қасри ҳиндувон лаҳзае таваққуфкунон: «Бӯйи орифе ба машом мерасад, ки дар тариқат пешсаф хоҳад шуд», баъди як рӯз вақти бозгашт боз дар ҳамон ҷо ҳайраташро пинҳон надошта: «Бӯй афзудааст, шояд ин марди ориф ба дунё омада бошад», – мегӯяд. Вақте ки Баҳоваддини серӯзаро барои дуо гирифтан назди Бобои Самосӣ оварданд, вай: «Мо ӯро ба фарзандии маънавӣ қабул кардем, аз баракоти ӯ Қасри ҳиндувон ба Қасри орифон табдил хоҳад ёфт», – гуфтааст.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс», Алишери Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат» дар бораи Бобои Самосӣ маълумот додаанд. Деҳқонон Бобои Самосиро пири худ мешуморанд. Навиштаҷот гувоҳ медиҳанд, ки Бобои Самосӣ дар зодгоҳаш вафот карда, дар ҳавлии худаш дафн шудааст. Зиёратгоҳи ин пири комил чун дигар авлиёҳои бузург солҳои охир обод гардид. 
Дарвозахонаю айвон, мақбараю масҷиди ҷомеъ, ҳавзу чоҳи сангин, меҳмонхона, ошхона, таҳоратхонаҳо чун маҷмӯи ягона барои зиёраткунандагону мусофирон қулаиҳо фароҳам оварданд.
Зиёратгоҳ дар мавзеи Қӯрғон, дар ҷамоати шаҳрвандони «Самосӣ»-и ноҳияи Рометан воқеъ гардидааст. 
Мувофиқи супориши сарвари давлат, ки ҳангоми ташрифаш ба вилояти Бухоро бобати ободтар намудани зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир» дода буд, дар зиёратгоҳи Бобои Самосӣ ин ҷараён дар асоси лоиҳаи такмилёфта идома дорад. Рӯзе, ки мо ин ҷо омадем, бинокорон дар иншооти гуногун саргарми кор буданд.
Зиёратгоҳ бо дарахтони мевадор ва киштзораш фарқ мекард.
Аввалин шахсе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ омадем,  Тӯлқин Рустамов ном дошт. Вай ба устои девор Мақсуд Садриддинов масолеҳ расонда медод.
Маълум шуд, ки сарпудратчии ободсозии зиёратгоҳ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ифтихортаъмирқурилиш» буда, масъулаш прораб Шодӣ Қазоқов мебошад. Ӯ марди пуртаҷриба ва сахтгир менамуд.
– Шумо рометанӣ ҳастед? – пурсидам аз вай.
– Бале, аз деҳаи Тоҷикон, – ҷавоб дод ӯ.
– Ин кас бо ҳокими вилоят ҳамдеҳаанд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд шарикаш – саркори бинокорони меҳмонхона Амрулло Файзиев.
– Деҳаи мо бо деҳаи Хоҷагон (яъне Хӯҷаҳо) дар як ҷост. 
Аз ин рӯ одамон маро ҳамдеҳаи ҳоким мепиндоранд, – эзоҳ дод прораб.
Фурсате нагузашта имом-хатиби масҷиди зиёратгоҳ Абдулатиф Ширинов низ омад.
Суҳбати мо бо онҳо бобати лоиҳаи нави зиёратгоҳ қӯр гирифт.
– Ду дарвозахона, манори баландиаш дувоздаҳ метр, фаввораи об, таҳоратхонаю кушхона, худоихона, меҳмонхона, ду истгоҳи автомобилӣ, айвон ва осорхона, ҳавз аз нав сохта, масҷиду мақбара таъмир карда мешаванд, – гуфт Шодиако.
– Бо мақсади ба амал татбиқ намудани лоиҳа ҳар рӯз ҳафтод нафар бинокорон дар ин ҷо кор мекунанд, – илова кард вай. 
Мо назди бунёдкорон омадем. Гурӯҳе бо роҳбарии усто Сироҷ Ҳамидов ба фарши зиёратгоҳ санг мечинданд. 
Мутасаддии сохтани дарвозахона Фатҳулло Фаттоҳов ва масъули бунёди манор усто Маъмур Мирзоев буданд. Як гурӯҳ ҷавонон бо сардории Фазлиддин Рамазонов ба фарши даруни зиёратгоҳ санг мечиданд. Тавре ки мусоҳибонамон гуфтанд, аксари ин устоҳо аз шаҳри Бухоро омадаанд. Ҳоло ҳудуди зиёратгоҳ ба ду гектар расидааст. 
– Мутаассифона, дар бораи Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ маълумоти зиёде нест, – гуфт имом-хатиб А. Ширинов.
Мо ҷойҳои ҷолиби диққати зиёратгоҳро ба сурат мегирифтем, ки сардори корҳои ободонӣ, прокурори ноҳия Ҳасан Ширинов омад. Ӯ ҷараёни корҳоро аз назар гузаронд, аз мутасаддиёну устоҳо муаммо ва норасоиҳоро дар бораи таъминоти масолеҳи бинокорӣ пурсид ва баҳри бартарафкунии онҳо ба ҷойҳои зарурӣ занг зад, бо прораб Шодӣ Қазоқов бобати вазифаҳои минбаъда суҳбат карду бо ҳозирон хайрухуш намуда баргашт.
Мо низ ба бинокорон барои кор хоста баргаштем.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: