ЭНЕРГИЯИ МУҚОБИЛ – ҚУЛАЙ ВА БАСАРФА

Мувофиқи қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба тезондани ҷорӣ намудани манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои сарфакунандаи энергия дар соли 2023» дар мамлакати мо ба истифода додани манбаъҳои барқароршавандаи энергияи иқтидори умумиашон 4300 МВт, аз ҷумла неругоҳи бузурги барқии офтобӣ ва бодии иқтидорашон 2100 МВт, панелҳои офтобӣ, ки дар биноҳо ва иншоотҳои объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, хонаводаҳо бо иқтидори 1200 МВт насб карда мешаванд, неругоҳҳои х

Дар вилояти Самарқанд барои таъмини иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мувофиқи маълумот аз аввали сол дар 403 иншооти иҷтимоии вилоят панелҳои офтобии иқтидорашон 6,35 МВт ва таҷҳизоти гармидиҳии офтобии ҳаҷмаш 12 ҳазор литр насб карда шуданд. Бино ва иншооти соҳибкорон бо панелҳои офтобии иқтидорашон 1,81 МВт, биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадор – бо иқтидори 20 кВт ва биноҳои истиқоматӣ – бо иқтидори 3,41 МВт муҷаҳҳаз гардонда шуданд. То охири сол 2 неругоҳи барқии обии хурди иқтидорашон 2,4 МВт ба истифода дода мешавад. Аллакай 124 объекти соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Самарқанд, 22 – дар ноҳияи Булунғур, 27 – Оқдарё, 33 – Пайариқ ва 35 – Пахтачӣ ба энергияи муқобил гузаронда шудаанд.
Чанде пеш дар боми бинои хонаи табъу нашри вилояти Самарқанд 98 панели офтобии иқтидорашон 50 киловатт насб карда шуданд, ки ин имкон дод таҳририятҳои дар ин ҷо воқеъбуда бо қувваи барқ таъмин карда шавад. Дар давоми нӯҳ рӯз бо ёрии ин батареяҳои офтобӣ 2,4 МВт қувваи барқ ҳосил карда шуд. Дастгирӣ ва аз ҷониби давлат пешниҳод намудани як қатор имтиёзҳои марбут ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи субъектҳои соҳибкориро ба соҳа бештар кардааст. Дар натиҷа дар муҳлати кӯтоҳ 11 нафар соҳибкор дар бинову иншооти худ дар ноҳияи Самарқанд панелҳои офтобӣ насб намуданд, дар ноҳияи Нарпай 11 субъекти соҳибкорӣ, дар ноҳияи Нуробод – 10 ва дар ноҳияи Ургут 6 субъекти соҳибкорӣ ба истифодабарӣ аз ин таҷҳизот шурӯъ намуданд. Илова бар ин дар 202 хонаводаи шаҳри Самарқанд, 125 хонаводаи ноҳияи Нарпай, 66 хонаводаи ноҳияи Пайариқ панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Ин раванд дар дигар ноҳияву шаҳрҳо идома дорад.
Дар қарори сарвари давлат таъмини биноҳои бисёрошёна бо манбаъҳои барқароршавандаи энергия пешбинӣ шудааст, ки имсол ба истифода дода мешаванд. Ҳамин тариқ дар назар аст, ки дар 16 бинои нави баландошёнаи вилоят панелҳои офтобӣ насб карда шаванд. Дар айни ҳол корҳои мазкур дар шаҳри Самарқанд анҷом ёфта, дар ояндаи наздик дар ноҳияҳои Нарпай, Ургут ва Оқдарё ба охир расонда мешаванд.
Ба мақсади сарфа намудани қувваи барқ таъминоти гармии 166 объекти вилоят, аз ҷумла 75 ташкилоти таълими томактабӣ, 69 мактаб ва 22 муассисаи нигаҳдории тандурустӣ ба ангишт мувофиқ гардонда шуданд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳо дар ин самт дар 523 объект пурра анҷом дода мешаванд. Гузашта аз ин 19 гармхона, 2 заводи хишт ва 5 корхонаи оҳаксозӣ ба таъминоти ангишт гузаронда шуданд. То охири сол миқдори чунин субъектҳо ба 150 адад мерасад. Дар баробари ин мувофиқи қарор дар  қитъаи канали Дарғом, ки тавассути ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Самарқанд ва Пастдарғом мегузаранд, 16 неругоҳи хурди барқии обӣ сохта мешавад. Дутои онҳо бо иқтидори 10,9 МВт то охири сол ба истифода дода шуда, боқимондаҳояшон аз моҳи декабри соли 2024 ба ҳосилкунии қувваи барқ шурӯъ мекунанд. Дар ноҳияи Каттақӯрғон неругоҳи барқии офтобии иқтидори умумиаш 220 МВт сохта мешавад. То охири сол дар доираи сохтмони навбати якуми ин объект неругоҳи иқтидораш 100 МВт ба истифода супурда хоҳад шуд. Баъд аз иҷрои ин корҳо талафоти технологӣ дар шабакаҳои барқдиҳӣ то охири сол ба 2,5 фоиз коҳиш дода, 100,9 миллион кВт/соат қувваи барқ сарфа карда хоҳад шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз 1 апрели соли 2023 шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ки таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергияи иқтидори умумиаш то 100 кВт насб кардаанд,  бинобар ин таҷҳизот аз пардохти андози молу мулк, бинобар қитъаҳои бо ин таҷҳизот банд  аз андози замин озод карда мешаванд. Ба ғайр аз ин онҳо аз андози даромад, ки барои қувваи барқи аз ҷониби шахсони ҳуқуқии барои шабакаи умумӣ фурӯхташуда ҳисоб карда шудаанд, аз рӯзи баҳрабардории он ба муҳлати се сол озод карда мешаванд. Агар онҳо бо низоми нигаҳдории  неруи барқ бо иқтидори на камтар аз 25 фоиз иқтидори панелҳои офтобӣ насб карда шаванд, муҳлати озодкунии андоз то 10 сол дароз карда мешавад.

Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: