Эркинҷон ТУРДИМОВ: ДАР ГУЗОШТАНИ ПОЙДЕВОРИ ДАВРАИ НАВИ ЭҲЁ МУТТАҲИД БОШЕМ!

Самарқанд вилоятест, ки ман дар ин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам.

Самарқанд вилоятест, ки ман дар ин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам. Агарчи то ҳол фаъолияти меҳнатиам вобаста бо дигар ҳудудҳо гузашта буд, ислоҳоти дар ин ҷоро ҳамеша мушоҳида мекардам. Ҳар боре, ки ба Қӯшработ, ба деҳаам мерафтам, ба ин бевосита гувоҳ мешудам. Бинобар ин, дар Самарқанд кор сар карда, бо халқ забон ёфтан он қадар ҳам душвор нашуд. Вале, вақте ки се вилоят  – Қашқадарё, Сурхондарё, Самарқандро муқоиса мекунед, аҳолии вилояти Самарқанд бисёр ва мутаносибан ҳудуди масъалаҳояш низ васеъ аст.
Зиёда аз ин, сарзамини мазкур аз қадим маркази илму фан, маданият, тамаддун буд. Дар таърихи давлатдориамон низ Самарқанд мавқеи муносиб дорад. Ба ҳамаамон маълум аст, ки имрӯз низ вилоят дар ҳаёти иқтисодӣ ва маданию маърифатӣ мавқеи назаррас ва салоҳияти ба худ хос дорад. Ҳамаи ин маро водор мекунад, ки ба сифати ҳоким ба ҳар як масъала эътибори ҷиддӣ дода кор кунем.
Тарафҳои номақбул ва нофорамаш ҳам, ба худамон, ба чӣ хел гап зада, чӣ хел кор карданамон бо халқ, бо одамон вобаста аст. Ман гуфтаниам, ки барои тарафҳои мақбулашро боз ҳам зиёд карда, ҷиҳатҳои нописандро кам кардан, якҷо бо халқ кор карда, доимо дар байни одамон шуданамон лозим аст. Дар дунё халқи чун мардуми мо фарохдил, самимӣ ва бахшанда шояд набошад. Ба боварии ин халқ муносиб шудан, барои онҳо хизмат кардан барои ман шараф ва масъулияти бузург аст.
Аз ҳама муҳимаш, ҳам роҳбар, ҳам тадбиркор ва аҳолӣ бояд дарк кунанд, ки Самарқанд сарвату ифтихори ҳамаамон аст. Мо ният дорем, ки Самарқандро ба яке аз марказҳои сайёҳии ҷаҳон табдил диҳем. Барои ин аввало, қиёфаи таърихии онро бояд нигоҳ дорем, сайёҳиро ба сифати манбаи асосии даромадамон арзёбӣ карда, ба ҳамин мо саъю кӯшиш карданамон лозим мешавад.
Боре дар анҷумане хабарнигорон аз ман пурсиданд, ки “Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол мебошед. Ин кор дар фаъолиятатон то чӣ андоза аҳамият дорад?” Бояд гуфт, ки имрӯз ҳамаамон шоҳид ҳастем, шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони мулоқоти фаъол табдил ёфта, дар он унсурҳои назорати ҷамоатӣ бараъло намоён мешаванд.
Кайфияти одамон ва муносибати онҳо ба ин ё он воқеа низ дар навбати аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси худро меёбанд. Аз ҳамин сабаб, онҳоро ба таври доимӣ мушоҳида мекунам ва ба воситаи саҳифаҳои худам бо аҳолӣ мулоқот менамоям. Дар ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб ба муҳокима ва муносибатҳо шабакаҳои иҷтимоӣ низ такя мекунам.
Президент дар суханронии худ бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дуруст таъкид кард, ки “Ҳангоме ки иқтидори азими халқи мо куллан татбиқ мегардад, дар Ӯзбекистон пойдевори давраи нави Эҳё – Эҳёи сеюм гузошта мешавад.  Зеро Ӯзбекистони кунунӣ ин Ӯзбекистони дирӯза нест, халқи мо бошад, аллакай он халқе нест, ки дирӯз буд”.
Президенти муҳтарам бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва маънавии халқ, фазилатҳои хуби мардум чун меҳрубониву саховатмандӣ, оқибат ва ҳиммат, бо мақсади дар шароити имрӯзаи пандемия дастгирии амиқ ва мақсадноки қишри ба ёрӣ ва кӯмак мӯҳтоҷи аҳолӣ ғояи таъсиси Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак»-ро пеш гузошт.
Ин ташаббус дар радифи тамоми мардуми кишвар, дили самарқандиёнро низ ба ҷӯш оварда, ба ғайраташон ғайрат зам мекунад. Аз ин рӯ, ин ҳаракати муборак ба ифодагари мабнои ҳаёти рӯзмарраи ҳар яки мо, ба қарзу фарзи инсонии мо, нишонаи воқеии қудрати халқи мо табдил меёбад. Дар асл, чунин кӯшиш ва фазилатҳои некӯ дар дил, дар қалби халқамон таҷассум ёфтааст.
Сарвари давлатамон дар ҳар як ҷамъомади видеоселекторӣ зина ба зина сабук кардани маҳдудиятҳои карантин ва дар асоси ин тезтар ба ҳаёти меъёрӣ баргаштан чорабиниҳоро  муқаррар мекунад.
Маълум аст, ки Президент дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис масъалаи кам кардани камбағалиро гуфта ва имрӯзҳо дар ин самт чорабиниҳои амалӣ иҷро карда мешаванд. Таҳлилҳо тақсимоти нобаробари даромади вилоятамонро нишон медиҳад. Аз ин сабаб, сатҳи болои камбағалӣ ва нишондоди пасти ҳиссаи миёнаҳоли аҳолӣ нисбат ба миқдори умумии аҳолӣ, ба ҳиссаи баъзе ноҳияҳо рост меояд. Дар натиҷаи омӯзишҳо, ки доир ба аниқ кардани чунин оилаҳо анҷом ёфт, мавҷудияти 47,7 ҳазор оилаи (222,4 ҳазор нафар шаҳрванд) муҳтоҷ аниқ карда шуд (аз ин қариб 18 ҳазор нафар шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатие ба ҳисоб мераванд, ки аз хориҷа ба вилоят баргаштаанд).
Албатта, кам кардани камбағалӣ, тавре Президент таъкид намуд, маънои зиёд кардани миқдори моҳона ё нафақа, ба ҳама кредит доданро надорад. Барои ин пеш аз ҳама ба аҳолӣ касб омӯхтан, афзунсозии саводнокии молиявии онҳо, зиёд кардани рағбати одамон ба соҳибкорӣ, беҳсозии инфрасохтор, ҷорӣ намудани сохтори мақсадноки нафақадиҳӣ лозим аст. Дар натиҷаи таҳлилҳое, ки аз рӯйи ҳамин нуқтаи назар гузаронида шуд, аён гардид, ки 19609 нафар аҳолии ниёзманд соҳибихтисос буда, ҳоло бекор ҳастанд, инчунин, имкони дар замини наздиҳавлигии шахсӣ машғул кардани 35776 нафари онҳо мавҷуд аст ва 39615 нафар шаҳрвандони бекор ихтисосе надоранд. Ин бошад, дар навбати худ, амалӣ ва мақсаднок будани чорабиниҳоро доир ба таъмини шуғли онҳо таъмин мекунад.
Президент дар 3 соли минбаъда ба дастгирии бевоситаи соҳибкорӣ эътибори калон менигаронад. Бахусус, ба туфайли имзо гардидани Фармони сарвари давлат аз 3-юми апрели соли ҷорӣ «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба дастгирии аҳолӣ, шохаҳои иқтисодиёт ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус» ва қарорҳое, ки баъд аз он қабул шуданд, ба онҳо имтиёзоти гуногун, таътили андозбандӣ, кредитҳои имтиёзноки бонкҳо ва сабукиҳои иловагӣ дода шуд, ки дар натиҷа аксарият истеҳсолкунандагони вилоят ба барқарории иқтисодӣ ноил гардида, ба нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ мушарраф шуданд.
Аз сабаби пандемияи коронавирус пас аз танаффуси шашмоҳа боз дар ҷойҳо гузаронидани қабулҳои сайёрро оғоз намудем.
Нахуст чунин тадбир 5-уми сентябр дар ноҳияи Пахтачӣ гузаронида шуд. Дар рафти қабули сайёр беш аз 350 шаҳрванди ноҳия аз рӯйи масъалаҳои ҷудо кардани замин ва кредит барои тадбиркорӣ, таъмини хонаву ҷой, нав кардани шохаҳои коммуникатсионӣ ва ғайра муроҷиат карданд, ки дар худи ҳамин ҷо бо иштироки роҳбарони секторҳои вилоят, масъулони идора ва садоратҳои мутасаддӣ омӯхтем. Барои масъалаҳое, ки иҷрои онҳо вақт талаб мекунад, муддати муайян муқаррар ва масъулонро таъин намудем.
7-уми сентябр қабули сайёри навбатии камина дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар рафти қабул на танҳо аҳолии шаҳр, балки аз дигар ҳудудҳои вилоят низ шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ муроҷиат карданд.
Дар доираи қабули сайёр доир ба хизмати тиббӣ 15 муроҷиат қайд гардид. Аз рӯйи ҳамаи онҳо ба масъулон супоришҳои зарурӣ додем.
Дар қабули сайёр 475 муроҷиат қайд гардид ва ҳар як муроҷиат зери назорат гирифта шуд. 
Ба қарибӣ дар ноҳияҳои Пайариқ ва Пастдарғам низ гузаронидани қабулҳои сайёрро ба нақша гирифтаем. 
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Самарқанд ба маънои том ба майдони сохтмон табдил ёфтааст. Алалхусус, бо мақсади таъмини иҷрои қарори Девони Вазирон аз 30-юми июни соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳои рушди босуръати салоҳияти сайёҳии шаҳри Самарқанд ва вилояти Самарқанд дар солҳои 2017-2019» таҳти рақами 450 дар шафати шоҳроҳи Тошканд – Самарқанд – Тирмиз барои сохтмони минтақаи сайёҳии «Samarqand City» 360 гектар майдон ҷудо карда шуд ва алҳол  бунёдкорӣ давом дорад.
Вазифаи ҳоким сарфи назар аз куҷо будан, ба ҳамон ҳудуд хизмат кардан, муяссар шудан ба ризоияти одамон аз давлат, бовар кунондани шаҳрвандон ба ислоҳот ва натиҷаи онҳо аст. Дар ин роҳ ҳамаро дар атрофи худ гирд оварда, ҳаракат кардан лозим аст. Ман дар куҷое кор кунам, дар асоси ин ҳақиқат пеш бурдани фаъолият, сазовори боварии Президент, халқи ҳамон ҳудуд шуданро мақсади асосӣ медонам.
Ҳар се вилоят ва халқи ин вилоятҳо ҷиҳатҳое доранд, ки танҳо ба онҳо хос аст. Дар фаъолияти кориам инро, албатта ба инобат гирифтаам. 
Мо бояд дар гузоштани пойдевори давраи нави ренессенс муттаҳид бошем, ҳамдилона кор барем. Аз фурсат истифода бурда, ба кулли ҳамватанон дар ин рӯзҳои санҷишӣ саломатӣ, комёбӣ ва рӯзгори ободу осоиштаро таманно мекунам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: