Эрон аз нияти ҳамла ба Исроил ҳушдор дод

Эрон қарор кард, ки ба Исроил ҳамла кунад ва дар ин бора аз тариқи вазири умури хориҷӣ ва равобити иқтисодии Венгрия Петер Сийярто паём фиристод.

Дар ин бора рӯзномаи Jerusalem Post хабар додааст.

Бино ба иттилои ӯ, Сийярто ба раиси вазорати корҳои хориҷии давлати яҳудӣ Исраил Катс занг зада, ба ӯ фаҳмонд, ки ин маълумотро дар сӯҳбат бо Алӣ Бағерӣ Канӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гирифтааст, хабар медиҳад tass.ru.

"Эрон гуфтааст, ки қасд дорад ба Исроил ҳамла кунад", суханони Катсро иқтибос меорад The Jerusalem Post.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: