ЭСЕН – АЗ АВЛОДИ МАВЛОИ РУМ

Ҷалолуддин Балхии Румӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ҷалолуддин Балхии Румӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад. Мавлоноро суханвароне ба мисли Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил устоди худ донистаанд.
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлои Рум дар баробари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Девон»-и Хоҷа Ҳофиз шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Зиндагинома ва осори ӯро натанҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб низ бо иштиёқи баланд омӯхтаанд ва меомӯзанд.
Шоир ва мутафаккири бузург 30 сентябри соли 1207 дар вилояти Балх — шимоли Афғонистони имрӯза, дар оилаи шайхи бузург Муҳаммад Баҳоуддини Валад дида ба дунё кушодааст. Баҳоуддини Валад сӯфӣ ва донишманди фиқҳ буд. Аз ин рӯ, ӯро Муҳаммади Хоразмшоҳ ба дарбор даъват менамояд. Вале Баҳоуддини Валад, даъвати ӯро напазируфта, бо мактабдорӣ ва корҳои илмию эҷодӣ машғул мешавад. Момои Ҷалолуддин духтари Хоразмшоҳ буд. Валад  баъди даъвати Хоразмшоҳро рад намудан, бо оила ва муридони худ аз Балх берун меравад ва роҳи Маккаро пеш мегирад. Дар бозгашт, баъди чанде саргардонӣ дар шаҳрҳои Ироқу Аҷам, муқими шаҳри Қуниёи Туркияи имрӯза мегардад. Баҳоуддини Валадро султонҳои Салҷуқ гарм истиқбол мегиранд. Баъди вафоти Валад, бори мударрисии Қуниёро ба ҷойи ӯ Ҷалолуддини Румӣ бар дӯш мегирад. 
Ба қавли Алишери Навоӣ «устоди устодон» — Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ чунин фармудааст:
Ман чӣ гӯям васфи он 
олиҷаноб,
Нест пайғамбар, 
вале дорад китоб.
Шоир ва мутафаккири  бузург 17 декабри соли 1273 аз олами фонӣ ба дунёи боқӣ реҳлат менамояд.
Маҷмаъае, ки Мавлоно дар он дафн гардидааст, имрӯз яке аз зиёратгоҳҳои асосии Қуниё маҳсуб меёбад. Ба ин шаҳр ҳар сол, барои зиёрат кардани қабри Мавлои Рум, ним милён нафар хориҷиён ва 1,5 милён нафар сайёҳони дохилӣ меоянд. 
Чанде қабл мо — як гурӯҳ журналистони ӯзбекистонӣ, ҳангоми сафар дар Туркия, ба зиёрати қабри Мавлоно рафтем. Он ҷо дар чорабинии «Шоми арӯс», ки ҳар сол дар рӯзи вафоти Ҷалолуддини Румӣ баргузор мешавад, ширкат ҷустем. Дар рафти сафар, ҳамчунин, бо авлоди бисту дуюми Ҷалолуддин Балхии Румӣ: момои 82-сола — Эсен Челебей вохӯрдем. Эсен Челебей ба суолҳои мо, ки ба аҷдоди ӯ, хусусан ба Ҷалолуддини Румӣ тааллуқ доштанд, посух дод. Гуфт, ки шоир ва мутуфаккири бузург аз ҷониби модар ба хоразмшоҳиён иртибот дорад. 
Хонуми Эсен Челебей дар рафти суҳбат гуфт: барои ӯ шарафи бузург аст, ки авлоди чунин нобиғаи нотакрор мебошад, аз овони наврасӣ ба амиқ омӯхтани мероси бобои хеш камар баста будааст. 
— Ба ин мақсад факултаи филологияи забонҳои арабию форсии Донишгоҳи адабиёти Истанбулро хатм кардам, — гуфт хонуми Эсен. — Дар роҳи тарғибу ташвиқи осори Мавлоно кӯшиши зиёде ба харҷ додаам. Дар конфронсҳои илмии мавлавишиносие, ки дар кишварҳои гуногуни дунё баргузор мегардад, маро хуш истиқбол мегиранд.
Мавлои Рум дар тӯли умри хеш одамонро, сарфи назар аз дину нажод, ба накӯкорӣ ва ҳамбастагӣ даъват намудааст. Зеро ғаму шодии инсонҳо якранганд. Дареғ, бо вуҷуди рушди илму техника, имрӯз инро на ҳама дарк менамоянд. Дар минтақаҳои мухталифи сайёра низоъҳои гуногун давом доранд. Инсонҳо бо вуҷуди ин, ки як чизро мехоҳанд, якдигарро намефаҳманд...
Бино ба иқрори хонум ба ӯ аз Румӣ мероси моддӣ боқӣ намондааст. Ашёе, ки тӯли қарнҳо дар хонаи Мавлавӣ нигоҳдорӣ мешуданд, имрӯз аз осорхонаи ӯ ҷой гирифтаанд. Вай таъкид нумуд, ки ҳоло вориси ин мерос бани башар мебошад.
– Мероси Мавлоноро имрӯз дар Шарқу Ғарб аз ҷиҳати назарӣ меомӯзанд. Рӯзгоре дар минтақаҳои гуногун мавлавихона ва мактабҳои Мавлавӣ фаъолият нишон додаанд. Вале хонақоҳҳо, ки учоқи мавлавихонӣ будаанд, ҳоло аз фаъолият бозмондаанд,— ба суханаш идома дод хонум.
Ҳамчунин, хонум изҳор дошт, ки бисёр мехоҳад аз Ӯзбекистон дидан кунад.
— Ӯзбекистон сарзамини бостониву зебост. Медонам, ки дар ин кишвар Мавлоноро дӯст медоранд, мероси маънавии бузургворро бо камоли майл меомӯзанд. Афсӯс мехӯрам, ки дидани Ӯзбекистон то имрӯз насиб накардааст. Мехоҳам ба ин орзуям бирасам, — гуфт дар хотимаи суханаш хонум Эсен.

Бекқул ЭГАМҚУЛОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: