ЭШОН

Аз лабони Эшон пайваста ояҳои осмонӣ пар кушода, дар замзамаи хосе ба гӯшҳо менишастанд, яқин торҳои аъсобро навозиш карда, аз дори қалбҳо маъво мегирифтанд.

(Ҳикоя)
Аз лабони Эшон пайваста ояҳои осмонӣ пар кушода, дар замзамаи хосе ба гӯшҳо менишастанд, яқин торҳои аъсобро навозиш карда, аз дори қалбҳо маъво мегирифтанд. Аҷаб муассир буд ин хониш, ин овози бирешимвор маҳину форам! Ҷумла сомеъон маҳлиё...
Дар як гӯша пиразане бистарист. Бемор аст ӯ. Кадом дарде азияташ медод, балки пирӣ... ҳоло пойҳояш рӯи ҷогаҳу пушт ба девор ниҳода, вай ба эҳтироми суханҳои Парвардигори олам азоб бошад ҳам, сар аз болин бардошт, гӯшаш ба лаҳни муассири қорӣ хомӯш менишаст. Хона пур аз одам: писару духтарон, набераҳо, таборони баоқибат, ҳамсояҳои қадрдон... ҷамъ омадаанд. Онҳо атрофи дасторхон нишаста, инак аз тановул даст бардоштаву мисли пиразан танҳо гӯш ба замзамаи ояҳои Худо додаанд. Сарҳо хам, дастҳо рӯи зонувон... хаёл ҳамаро ба дуриҳо бурдааст, шояд аз бемор шудани азизи оила ҷигархунанд, аз Худо тараҳҳуме чашм доранд ва шифои беморро мепурсанд. Шояд оятҳо ёди гузаштагонро ангехта, сурату сирати писандидаи онҳоро дар зеҳнашон зинда мекард. 
Бемор гоҳ-гоҳ лаб меҷунбонд, мумкин дар дил калима мегардонд, ё рӯ ба раҳми Худо сидқан талаби шифое мекард. Охир, умедаш ин ки, агар Парвардигор изн бидиҳад, боз чанд солак зиста, ба рӯзҳои шодии набераву чабераҳо шоҳид шавад.
Эшон мехонду мехонд.
Пиразан дар таъсири ин хонишҳо, нолишҳо... як майда худро сабук ёфт, ба дилаш нур даромад, пилки ҷашмони то ин дам вазнинаш сабук шуда, нигоҳашро аз пеши пойҳояш дуртар – рӯи дасторхон, ба писару духтарон, таборон... бурд. Эшонро, ки дар бараш нишаставу беист оят мехонд, низ маъюс назора кард. Риши қиргуни кулӯтае дорад ӯ, рӯяш гирда, аз чӣ буд, ки нони нав аз танӯр кандаро ба ёдаш меовард – лахчавор сурх ва... гарм. 
Вай хаёлан як лаҳза зиндагии пур аз шебу фарози худро тай зад. Ба ёд овард, ки остин барзадаву миён маҳкам баста ҷаҳор фасли сол хушҳол дар назди танӯри тафсон истода нон мепухт, ҷунон бамеҳр мепухт, ки он неъмати Худованд дар фарҷом ба рӯи ӯ гарм табассум мекарданд, аҷаб бӯйе дода, кадом як шавқеро дар дили вай бедор месохтанд... Шояд иштиёқи зиндагӣ буд он, танҳо ба бахти як села фарзандони навболаш, дидани рӯзҳои некашон... 
“Акнун боз сар боло мекарда бошам, ба ду пой рост шудаву ба касе дард нагашта, даруну берун мебаромада бошам, пой аз бӯсагоҳ берун бурда, вуҷудам дар панҷаи мулоими боди саҳаргоҳон дамидани субҳ, баъдтар... қиёми офтоб ва пасон омад-омади шомро медида бошам...” Пиразан ноаён оҳе кашиду маъюс боз ба Эшон нигарист. 
Вай бо чашмони нимпӯш ва дар мароми хосу лаҳни аҷаб фораме аз китоби Худо оят мехонд. Зебо мехонд, овозаш монои лаҳни обшорон буд. Ихлоси ин зани солхӯрда ба Эшон торафт меафзуд. Худоро шукр, аз гузашта инак ҳолаш беҳтар шудан дорад. Фикраш, чашм нарасад, нисбатан равшан, меғи дилаш оҳиста пароканда мешавад, дармонаш низ дубора ба мақоми худ бармегардад... 
Ҳамин замон оби офтоба, ки Эшон пас аз ҳар танаффус ба даҳони он “суф” мегуфт ва як “суф”- и дигар ба ҷониби бемор равон мекард, балақ-балақ ба ҷӯш омад... 
* * *
Тамоми рӯз бедареғ нур бахшида, офтоби акнун бефараи тамуз боз муддате муҳити деҳаро гарм нигоҳ медорад. Аммо то ба қоим гаштани шом ҳанӯз фурсат кофист... Офтоб ҳамон рағбаташ бедору навъе сабукбор оҳиста ба самти қибла меғелад. Он ҷо – дар паси қуллаҳои мағрури кӯҳҳои сарбафалак, манзили шаббошаш аст. Ҳар қадар сар ба мағриб мебурд, он қадар сояи дарахтон, дару деворҳо ва ҷумлаи ашё ҷой иваз карда ва... синамол рӯи хок дарозтар мешуданд. Сояи девори бобои Сафар ҳам кам-камак ҷон мегирифт. Аз як бари он бораи кӯҳна калтути пир қад боло карда ва ҷун ҳама солҳо дар авҷи шукуфоӣ ногузир шоху навдаҳои сербаргашро ба коми кирмакҳои гуруснаи пилла бахшида буд. Ва ҳоло як вуҷуди навобохтаро мемонд – ғамгин ва ба сад андӯҳ печида... Ман пушт ба тани ноҳамвори он дарахти сияҳрӯз гузошта, худро ба паноҳи соя мегирам, ба саломи ину он зиёда эътиборе надода, бо сар ҷунбондан иктифо меварзам ва... то вақтро ба “нафъи” худ бикушам, лоқайд сигор дуд медиҳам.
Шарифи ХАЛИЛ
(Давом 
дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: