ЭЪТИБОР БА БАЧАГОН – ЭЪТИБОР БА ОЯНДАИ МАМЛАКАТ

Мо ҳамон рӯз ба маркази ноҳияи Бухоро – шаҳраки Галаосиё бо мақсади обуна омада, ба як қатор идора, ташкилоту корхонаҳо сар халондем.

Мо ҳамон рӯз ба маркази ноҳияи Бухоро – шаҳраки Галаосиё бо мақсади обуна омада, ба як қатор идора, ташкилоту корхонаҳо сар халондем. Ҳангоме ки ба шуъбаи таълими томактабии ноҳия омадем, бо мудири шуъба Нуралӣ Содиқов дар дафтари кориаш шинос шудем. Гуфтан ҷоиз аст, ки тақрибан навад фоизи аҳолии ноҳия дар хонаву кӯча мисли аксарияти мардуми вилоят ба забони модарии худ – тоҷикӣ ҳарф мезананд. Аз ин рӯ табиист, ки суҳбати мо бо вай ба забони модариамон сурат гирифт. 
Аён шуд, ки Нуралӣ Ҷабборович зодаи деҳаи Боғикалони ноҳия буда, баъди хатми литсеи ба забони англисӣ ва таърих ихтисосонидашудаи рақами 1 дар факултети таърих ва ҳуқуқшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ таҳсил гирифтааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамон таълимгоҳе, ки он ҷо сабақ омӯхта буд, ҳамчун омӯзгор сар кард.
– Ҳоло дар ноҳияи мо 12188 нафар бачагони синни таълими томактабӣ, яъне 3-7-сола мавҷуд буда, 8166 нафари онҳо (67%) ба боғча ҷалб шудаанд. Дар тасарруфи шуъбаамон имрӯз ҷамъ 97 муассисаи таълими томактабӣ (33  давлатӣ, 64  нодавлатӣ, аз ҷумла 4  хусусӣ, 7  шарикии хусусию давлатӣ, 53  оилавӣ) фаъолият дошта, дар онҳо 1181 нафар бо кор таъмин шудаанд. 484 нафари кормандонро мутахассисони соҳа ташкил намуда, 313 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Масъалаи ба боғча ҷалб кардани беш аз 4000 нафар бачагони боқимонда моро ба ташвиш овардааст. Азму кӯшиш дорем, ки ин рақамро коҳиш дода, миқдори ба боғча ҷалбшудагонро ба 75 фоиз расонем, – огоҳ намуд мудир.
– Барои пурратар ҳал намудани ин масъала чӣ бояд кард?
– Боғчаҳои нав сохтан лозим, – ҷавоб дод вай.
– Маълум аст, ки имрӯз дар ноҳия ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими томактабӣ ба забонҳои ӯзбекию русӣ сурат мегирад. Донишманде беҳуда нагуфтааст:
Ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон гардад.
Оё дар боғчаҳо имконияти ба забони  модарии бачагон – тоҷикӣ ташкил кардани гурӯҳҳо мавҷуд нест?
– Аввал ин, ки гурӯҳҳо дар муассисаҳои таълими томактабӣ дар асоси тавсияи маҳаллаҳо созмон меёбанд, яъне бобати ба забони модарии тоҷикӣ ташкил кардани гурӯҳҳо то ҳол ба мо аризае нарасидааст. Аз тарафи дигар, азбаски қисми зиёди бачагон дар муҳити оила тоҷикӣ ба воя мерасанд, хоҳу нохоҳ дар гурӯҳҳо то забони давлатиро омӯхтани онҳо тарбиятгарон низ бо эшон ба ду забон ҳарф мезананд.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: