ЭЪТИБОР БА БАЧАҲОИ БЕПАРАСТОР

Барои мардуми мо фарзанд неъмати бебаҳост.

Одам баҳри хуб ба камол расидани нури дидагон тамоми ҳастии хешро мебахшад. Калон мекунад, мехӯронад, мепӯшонад, ба мактаб мефиристад, олами маънавии ӯро бой мегардонад. 
Бо вуҷуди ин, тавре ки мегӯянд «панҷ панҷа баробар нест», дар ҷомеа як тоифа одамоне ёфт мешаванд, ки ин инъоми Худовандро парасторӣ намекунанд, нисбат ба фарзанд носипосӣ менамоянд. 
Фарзанди азизи хешро ба хонаи меҳрубонӣ месупоранд.
Дар ҷумҳурии мо барои бачаҳои ятиму бепарастор хонаҳои меҳрубонӣ зиёданд ва дар онҳо ҳамаи шароити хуб муҳайёст. Аммо он кифоят намекунад, ба ин тоифа бачаҳо танҳо меҳри падару модар намерасад.
Дар вилояти Ҷиззах даҳ Хонаи меҳрубонӣ вуҷуд дорад, ки аз ин панҷтояш дар ноҳияи Шароф Рашидов ва панҷтои дигараш дар шаҳри Ҷиззах воқеъ аст.
Ба наздикӣ дар ҳокимияти вилоят дар мавзӯи «Натиҷаи корҳои ба амал баровардаи комиссияи ҳудудӣ оид ба масъалаҳои бачагон дар давоми соли 2022» конфронси матбуот доир гардид. Дар он мудири котибият оид ба масъалаҳои ҳифз намудани бачаҳо дар ҳокимияти вилоят Наргиза Мавлонова доир ба ҳамин мавзӯъ чанд ҳарф зад. Назар ба таъкиди ӯ, комиссияҳои дар шаҳру ноҳияҳо созмон додашуда 371 корро баррасӣ намуданд.
116 нафар падару модарон барои аз мадди назару парастории худ дур мондани фарзандонашон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Тибқи реҷаи дақиқи комиссияҳо оид ба омӯхтани шароити зист, мушкили бачаҳое, ки ба васигӣ гирифта шудаанд, корҳои ҳадафнок гузаронида шуданд.
– Алҳол дар вилояти Ҷиззах беш аз 540 ҳазор нафар бачаҳои ноболиғ ҳастанд. Аз ин 2430 нафар бачаҳои ятиму бепарастор мебошанд.
Баъди хатми мактаб баҳри таҳсилро идома додани ин бачаҳо тавассути платформаи mu.maktab.uz «Онлайн навбат» ҷорӣ карда шуд. Соли сипаришуда 47 нафар аз ин тоифа бачаҳо ҳуҷҷат супорида, 14 нафарашон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах, 9 нафари дигар ба Донишкадаи политехникӣ дохил шуданд.
Соли 2022 дар чаҳорчӯби низоми «Дафтари меҳр» бо сарпастии Қӯмондонии Гвардияи миллӣ платформаи фосилавии Mehrdaftari.uz низ ба амал ҷорӣ гардид. Ва аз рӯйи ҳисобу китоби идораҳои андоз ба ҳисобсурати фонди мазкур се миллиарду 840 миллион сӯм маблағ ворид гардидааст. Аз ин миқдор маблағ порсол 2 миллиарду 865 миллион сӯмаш барои ҳал намудани мушкилоти марбут ба ҳаёти бачаҳои бепарастор харҷ гардид. Ба ғайр аз ин, 23 нафар бачаҳо соҳиби хонаву ҷой шуданд. Аз тарафи Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ин хонаҳо ба миқдори 2 миллиарду 986 миллион сӯм маблағ харҷ карда шуд, – иброз намуд Наргиза Мавланова. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: