ЭЪТИБОР БА ИЛМҲОИ ДАҚИҚ – ЭЪТИБОР БА ОЯНДА

Илмҳои дақиқ ва риёзӣ (математика, физика, кимиё, геометрия...) дар минтақаи мо дар садсолаи охир пайдо нашудаанд.

Илмҳои дақиқ ва риёзӣ (математика, физика, кимиё, геометрия...) дар минтақаи мо дар садсолаи охир пайдо нашудаанд. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди дуру наздики мо бо ин илмҳо сарукор доштаанд. Мисолан, Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ математики бузург ва поягузори алгебраи классикӣ буд. Асари илмии ӯ «Ал-ҷабр вал муқобала» шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Алломаи дигар энсиклопедист, мунаҷҷим (ситорашинос), риёзидон, файласуф, географ ва этнографи асримиёнагӣ Абурайҳон Берунӣ дар аҳди худ тадқиқотҳои арзишманде анҷом дода буд. Олим, файласуф ва шоири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба рушди илмҳои тиб ва фалсафа саҳми назаррас гузоштааст. Рубоии зерин аз зеҳни ҷӯянда ва кашшофи нобиға дарак медиҳад:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи 
Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти 
гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар 
макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар 
банди аҷал.
Донишмандони соҳа бар онанд, ки дар чанде аз рубоиҳои ҳаким Умари Хайём формулаҳои математикӣ таҷассум ёфтаанд. Метавон суханони ифтихорангезро нисбати аҷдоди ҷӯянда, ёбанда ва офарандаи дуру наздикамон ба дарозо кашид. Аммо ҳоло сухан аз насли имрӯз аст, ки то куҷо қоиммақоми аҷдоди шуҳратёри худанд. Сарвари кишвар доир ба рушди илмҳои дақиқу риёзӣ санади махсус доир намуд. Чанд даҳсола аст, ки дар мактабҳои ҷадид (типи нав)-и минтақаи мо ба мактабиён илмҳои дақиқ омӯзонида мешаванд. Дар озмунҳои ватаниву байналхалқӣ хонандагони пешқадам ба дастовардҳо ноил мегарданд, кошифони ҷавон робототехника ва дигар воситаҳои техникӣ офарида ба маърази тамошо мегузоранд. Олимон низ дар бахши илмҳои дақиқ кашфиётҳо анҷом медиҳанд. Вале чунин ба назар мерасад, ки ин ҷустуҷӯ ва кашфиётҳо дар истеҳсолот инъикос намеёбанд ва мо дар орзуи зуҳур кардани Абӯалӣ Сино, Ал-Хоразмӣ, Ат-Тирмизӣ, Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайёмҳои нав зиндагиамонро идома мебахшем. Дар мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ бино ба барномаи таълими илмҳои дақиқ мавзӯъҳои мавриди назар то куҷо ҳаллу фасл мегарданд, оё барномаи таълимиро хонандаи имрӯз комилан дарк карда метавонад?
Донишмандон бар онанд, ки забони меъёрии ин ё он миллат калиди ҳамаи фанҳост. Пас, пеш аз омӯхтани асоси илмҳои дақиқ мо бояд сатҳи забондонии худамон ва хонандагонро баланд бардорем. Зеро аҷдоди дуру наздики мо ин корро кардаанд, сатҳи забондонии баланде доштаанд...
Дар мактабҳои тоҷикӣ ба мушоҳида мерасад, ки баъзе омӯзгорони фанҳои математика, физика, химия, биология, география, геометрия аз меъёри забони адабӣ канораҷӯӣ мекунанд, фикрашонро ба хонандагон дар доираи забони адабӣ баён карда наметавонанд, нимадабию нимшевагӣ дарс мегузаранд. Фикр мекунам, ки дар ин ҳолат наметавон барномаи таълимиро аз фанҳои дақиқ ба амал татбиқ намуд. 
Рӯзгоре инҷониб низ дар мактабҳои миёнаи умумӣ аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додаам. Дар шӯрои педагогӣ боре изҳор доштам, ки омӯзгорони илмҳои дақиқ низ бояд ҳангоми дарс додан меъёри забони адабиро риоя намоянд. Ин кор ба дарсазхудкунии хонандагон мусоидат менамояд. Омӯзгори фанни химия эрод гирифт, ки ба меъёри забони адабӣ риоя кардан вазифаи муаллимони забон ва адабиёти тоҷик аст. Баҳс андак тӯл кашид, вале натиҷа надод...
Барилова, луғатҳои тафсирӣ доир ба илмҳои дақиқ ҳанӯз комилан рӯйи чопро надидаанд. Луғатҳои тафсирӣ, бешубҳа, бобати аз худ намудани илмҳои дақиқ заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Дар он андешаем, ки бояд луғатҳои тафсирӣ аз ҳар як фанни дақиқ ба китобҳои дарсӣ, бо шарҳи муфассал, илова карда шавад. Ин кор мушкили омӯзгору хонандагонро осон мегардонад. 
 Як мушкили дигар забон ва тарзи баёни фанҳои дақиқу табиӣ аст, ки аз дигар забонҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд. Дар баъзе китобҳои дарсӣ тарҷумонҳо дар рафти тарҷума қоидаҳои забони тоҷикиро ба қоидаҳои забони мавриди тарҷума тобеъ кунондаанд, (тарҷумаи таҳтуллафзӣ дар назар аст), ки ин кор ба дарки мавзӯъ мушкилӣ эҷод мекунад.
Умуман, инҷониб бар онам, ки забони адабии ҳар як миллат, аз ҷумла миллати тоҷик, бояд дар байни намояндагони шеваҳо низ воситаи табодули афкор бошад. Бо афсӯс чанд бор ба мушоҳида гирифтаем, ки байни ду тоҷик – намояндагони шеваҳои гуногун воситаи табодули афкор забони бегона шудааст. Маълум гардид, ки намояндаи ҳар ду шева забони адабиро намедонанд. Фикр мекунем, ки имрӯз вазъи таълим дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ беҳбудӣ мехоҳад. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба ҳоли худ гузошта шудаанд...
Дар он ақидаем, ки агар дар назди Вазорати таълими халқ мутахассисе ба сифати инспектори мактабҳои тоҷикӣ кору фаъолият нишон диҳад, вазъи мактабҳои тоҷикӣ беҳ мешавад.

А. СУБҲОНОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: