ЭЪТИБОР БА ИНСОН ВА СИФАТИ ТАЪЛИМ

ё худ калиди эҳёи ҳуввияти миллӣ таъсиси кӯдакистон аст

Инкишоф ва ташаккули инсон аз кӯдакистон оғоз меёбад. Дар равоншиносӣ низ таъкид мегардад, ки забони модарӣ воситаи муҳими ташаккулиёбии шахс мебошад. Роҳи беҳтарини эҳёи миллӣ, бешак, омӯзиш дар кӯдакистон мебошад.
Вақте ки кӯдак таҳсилро бо забони ғайр шурӯъ менамояд, ӯ аз сари нав бояд ҳамон забонро омӯзад ва дунёи нави дигарро дар худ ҷойгир кунад. Дар мисоли кӯдакони тоҷик, ки дар саросари ҷумҳуриамон зиндагӣ доранд, чунин ҳолат  дақиқ ба назар мерасад. 
Тафовут байни онҳое, ки аз овони кӯдакӣ  маълумоти зеҳниро бо забони модарии худ мегиранд ва онҳое, ки тавассути забони ғайр мегиранд, дар омӯзиши дониш ва ҷамъ намудани маълумот фарқ мекунад. 
Рӯзе яке аз равшанфикрони тоҷики муқими Тошканд чунин нақл кард: 
«Набераи чаҳорсолаамро кӯдакистон мебурдам, ба кӯдакистон, ки наздик шудем, вай гуфт: 
– Бибиҷон, ба боғча наздик шудем, дигар тоҷикӣ гап назанед. 
Чунин суханҳои набераи чаҳорсола маро дар ҳайрат гузошт. Аз ӯ пурсидам:
– О, чаро? 
– Дар боғча мо тоҷикӣ гап намезанем-ку, – гуфт хотирҷамъона кӯдак. 
– Мо бо забони худ гап занем, магар айб аст?
– Не, не мана ба қаторашон ҳамроҳ намекунанд...»
Мисоли дигар, ин воқеа дар яке аз мактабҳои ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба амал омадааст. Омӯзгор хоҳиш менамояд, ки ҳар як талаба ҷумлае созад. Хонандае ба ҷойи ҷумлаи «Қишда қор ёғади» – «Зимистонда барф боради» навиштааст. 
Чунин мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. Билохира чунин ҳолатҳо, бешак, ба ташаккулёбии дунёи маънавии кӯдак таъсири нохуб мерасонад. 
Чунин ҳолатҳо ҳам хандаовар ва ҳам таассуфовар аст. 
Аз ин ҷо бармеояд, ки забономӯзии кӯдак аз кӯдакистон шурӯъ мешавад. 
Дар маҳалҳои тоҷикнишин барои эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, фарҳангу забон, таъсиси кӯдакистонҳо бо забони модарӣ  талаби имрӯза аст. Яке аз фаъолони Маркази милливу фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар суҳбате иброз дошт, ки кушодани синфҳои тоҷикӣ кори онҳо нест!
Дуруст, аммо марказҳои милливу фарҳангӣ якҷоя бо ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияташон ба забони тоҷикӣ аст, падару модарон, фаъолони маҳалҳои тоҷикнишин корбарӣ намоянд, ба фикрам, мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд.
Бо ташаббуси шуъбаи таълими халқи вилояти Тошканд  ва саъю ҳаракати чанде аз равшанфикрон, аз ҷумла сокини шаҳри Ангрени вилоят Шӯҳрат Бобоҷонов дар шаҳри Ангрен кӯдакистон бо забони тоҷикӣ таъсис ёфт, ки сесаду шаш нафар кӯдаки тоҷик парвариш ва таҳсил мегиранд. Шӯҳрат Бобоҷонов мегӯяд, ки кӯдакистон аллакай самараи худро медиҳад. Ба ҳафт мактаби тоҷикии шаҳри Ангрен аз ин кӯдакистон булбулакони боғи дониш ба мактабҳои тоҷикӣ қабул мешаванд.
Имрӯз сиёсати оқилонаи сарвари мамлакат баҳри эҳёи фарҳангу анъанаҳои миллӣ, таъриху забони миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон хеле калон аст. Аз имконоте, ки имрӯз фароҳам аст, оқилона истифода бурдан мувофиқи мақсад мебошад. 

Салим ИНЪОМЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: