ЭЪТИБОР БА ҶАВОНОН ВА БОНУВОН

Моҳи октябри соли ҷорӣ таҳти раисии Президент доир ба муҳокимаи чораҳои баланд бардоштани нақши бонувону ҷавонон дар ҷамъият ва таъмини онҳо бо шуғл ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардида буд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ таҳти раисии Президент доир ба муҳокимаи чораҳои баланд бардоштани нақши бонувону ҷавонон дар ҷамъият ва таъмини онҳо бо шуғл ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардида буд. Дар он оиди масъалаҳои занону духтарон ва ҷавонон ҷорӣ кардани сохтори нав таъкид ёфт.

Инчунин бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ тартиб додани рӯйхати оилаҳои ба кӯмаки моддӣ мӯҳтоҷ ва дар доираи ҳар маҳалла ташкил намудани «Дафтари ҷавонон» ва «Дафтари бонувон» таъкид гардида буд. Ба он «дафтарҳо» рӯйхати ҷавонон ва занону духтарони бекор, ки ба дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, психологӣ эҳтиёҷманд ва ба донишу касбомӯзӣ иштиёқ доранд, дохил карда мешаванд.
Дар ноҳияамон низ аз рӯйи иҷрои вазифаҳои пешбинишуда корҳои ҷолиби диққат ба амал бароварда мешавад. Бо ҳамкории ҳокимият, корхона ва муассисаҳои дахлдор ва фаъолони маҳаллаҳо фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 77 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо хона ба хона гашта, муаммоҳои ҷавонон, духтарону занон омӯхта, рӯйхати онҳо ба «Дафтари ҷавонон» ва «Дафтари бонувон» қайд карда мешавад.
Дар ин бора дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои Чиғаноқ, Юксалиш ва Яккатути ноҳияамон корҳо дуруст ба роҳ монда шудааст.

Тӯлқинҷон ЭРМАТОВ,
мудири шуъбаи маҳалла ва 
дастгирии оилаи ноҳияи Попи вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: