ЭЪТИБОР БА КИТОБ

Дар маркази ноҳияи Нурободи Самарқанд бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани яке аз панҷ ташаббуси аз тарафи сарвари давлатамон пешниҳодшуда, ки ташкили корҳо оиди баланд бардоштани маънавияти насли наврас ва тарғиби васеи китобхонӣ дар байни онҳо мебошад, китобхонаи ҷавонон ба истифода супорида шуд.

Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, ҳокими ноҳия Ф.Зоиров ва дигарон ба сухан баромада, оиди аҳамияти мутолиаи китоб дар ташаккули маънавияти инсон, корҳое, ки дар мамлакатамон бо мақсади тарғиби китобхонӣ байни мардум, бахусус, ҷавонон амалӣ мегарданд, ҳарф заданд.
– Китоб пурқиматтарин падидаи фарҳангист, – гуфт ҳокими ноҳия Ф.Зоиров. – Кулли одамони бомаърифати олам китобро чун гавҳари қиматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия пазируфтаанд. Умед дорем, ки ин китобхона ба маскани дӯстдоштаи ҷавонони нурободӣ табдил меёбад ва дар оянда аз ноҳия китобхонҳои беҳтарин ба камол мерасанд.
Бояд гуфт, ки китобхона аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллӣ ташкил гардида, дар хазинаи он беш аз 3 ҳазор нусха китобҳои илмиву бадеӣ, шакли электронии қариб ҳазор китобу маҷалла мавҷуд аст. Инчунин, дар китобхона Wi­Fi барқарор карда шудааст, ки барои аз шабакаҳои иҷтимоӣ пурсамар истифода намудани ҷавонон имкон медиҳад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: