ЭЪТИБОР БА МАЪНАВИЯТИ ҶАВОНОН КОРИ МАВСИМӢ НЕСТ

«Алҳол барои ба муқобили хавфу хатарҳое, ки ба ҳаёти кулли инсоният таҳдид мекунанд, дар асоси маърифат – бар зидди ҷаҳолат мубориза бурдан, пок доштани дини мубинамон аз ҷониби мамлакати мо аз минбарҳои бонуфузи байналхалқӣ ташаббусҳои зиёди амалӣ пеш гузошта мешаванд. Алалхусус таклифи мо дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бобати таҳти унвони «Маърифат ва кушодадилии динӣ» баённомаи махсус қабул кардан дар миқёси ҷаҳон васеъ дастгирӣ гардид». Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти

Воқеан, тавре ки сарвари давлати мо таъкид мекунад, тарбияи ҷавонон дар ҳамаи давру замонҳо муҳим буд ва аҳамияти рӯзмарра дошт. Вале дар асри XXI, ки мо зисту зиндагӣ мекунем, ин мушкилот ба масъалаи ҳаёту мамот табдил меёбад. Тарбия ҳар қадар мукаммал бошад, халқ ҳамон андоза хушбахт зиндагӣ хоҳад кард, мефармояд мардуми мо.
Ҳоли ҳозир рақобати тезу тунд, зиддият ва талошҳо дар миқёси ҷаҳон торафт қатъӣ мегарданд. Аз ин рӯ тарбияи ҷавонон, эътибори ҷиддӣ додан ба маънавияти онҳо тақозои давр аст. 
Инро маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 30 июни соли 2017 дар ҷамъомади IV-и Ҷунбиши иҷтимоии ҷавонон «Камолот» эрод намуд, Фармони ӯ аз 5 июли соли 2017 «Дар бораи беҳтар кардани сиёсати давлат дар бораи ҷавонон ва дастгирӣ намудани фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон», ҷавобан ба нутқи оташини Президент дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 19 сентябри соли 2017 баргузор шудани Анҷумани ҷавонон дар қароргоҳи воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ин созмони бонуфуз, коркарди Баённомаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон низ тасдиқ мекунанд.
Бояд махсус таъкид намуд, ки мувофиқи баёноти СММ «Ҳоли ҳозир дар олам беш аз 1,8 миллиард нафар ҷавонон зисту зиндагӣ мекунанд, онҳо то ҳол ба монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд». 
Он чиз хушоянд мебошад, ки 9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Синдаои Чин роҳбарони 8 давлати узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷамъ омаданд. Дар ҳамоиши васеи он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев суханронӣ кард. Вай баробари зикри дигар масъалаҳои рӯзмарра бинобар сиёсати ҷавонон низ таклифҳои муҳимро пеш гузошт. Президент аз ҷумла гуфт:
«... Вазифаи аввалин ва аз ҳама муҳим зарурияти ташаккул додани иммунитети қатъӣ ва пойдори аҳолӣ, ба хусус ҷавонон бар муқобили мафкураи терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Аз ҷониби давлатҳои аъзои СҲШ қабул гардидани Муроҷиат ба ҷавонон ва барои ба амал татбиқ кардани он кор карда баромадани Барномаи амалиёт ба чунин мақсадҳои нек хидмат хоҳанд кард. Бовар дорам, ки барои ба амал татбиқ сохтани барномаи мазкур Шӯрои ҷавонони СҲШ вазифаи муҳаррики ҳақиқиро ба дӯш мегирад. Ӯзбекистон ба кори ин сохтор иштирок хоҳад кард. Ман таклиф мекунам, ки коркарди Баённомаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон ва ҳамкорӣ барои қабул кардани он беш аз пеш ҷонноктар карда шавад...»
Тавре ки мебинем, таклифҳои ҳаётӣ ва бинобар вазифаҳои бағоят муҳим фикру мулоҳизаҳои боэътимоду амалӣ пешниҳод гардиданд.
Ғайр аз ин мувофиқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 феврали соли 2018, «Консепсияи дар рӯҳи ҳарбиву ватанпарварӣ тарбия кардани ҷавонон» қабул шуд. Қарори мазкур новобаста аз миллат, забон ва касбу кори ҷавонон дар қалбу тафаккури онҳо ташаккул додани эҳсоси халқпарварӣ, садоқат ба вазифа, қарзи шаҳрвандӣ ва ӯҳдадории конститутсиявиро пеш мегузорад. Ҷавонон бояд ин вазифаҳоро аз таҳти дил иҷро кунанд, манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро сидқидилона ҳифз намоянд, айни вақт дар ҳамкории қарин бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамоатӣ ва созмонҳои дигар пайваста кор баранд. 
Аз ин он чиз равшан мешавад, ки тарбияи муттасили ҳарбиву ватанпарварии ҷавонон барои мо кори бағоят рӯзмарра мебошад. Зеро ватанпарварӣ фазилати олии инсонӣ, ҷиҳати муҳими камолот мебошад. Бинобар ҳамин ҳам дар Ҳадиси мубораку муқаддас «Ватанро дӯст доштан аз имон аст», гуфта мешавад. Мо ба ҷавонон, ба хусус ба хидматчиёни ҳарбӣ  бояд моҳияти аслии ин даъвати ҷовидони ватанпарварии ҳақиқиро маънидод кунем, онҳоро дар рӯҳи мардонагӣ, далериву ҷасорат, муҳаббату садоқат тарбия намоем. 
Мутаассифона, дар дунёи пуртаҳлукаи кунунӣ зиддияти ғояҳои бағоят вайронкор барои таҳти назорати худ доштани тафаккури одамон, заҳролуд кардани ақлу шуури онҳо торафт авҷ мегирад. Агар ошкоро гӯем, чунин ғояҳои харобиовар ба маънавияти инсоният таҳдид мекунанд. Ин хурӯҷи бағоят хатарнок мебошад. Мақсад аз он бошад, зина ба зина ба манқурту бемаънавият табдил додани инсон, аз тарзи ҳаёти миллӣ, урфу одат, маънавияту маданият куллан ҷудо кардани ӯст. Онҳо барои расидан ба ин мақсадҳои нопоки худ маданияти оммавии хуфиёна, агар кушоду равшан гӯем, бемаданиятии оммавиро бо усулҳои бағоят заҳромезу мафкураи таҷовузкор ҷорӣ мекунанд. Яъне кору амалҳои ғайриинсонӣ, аз ҷумла бемеҳрӣ, беҳаёӣ, лоқайдӣ, беандешагӣ, бадахлоқӣ, умуман кирдорҳои гӯшнашунидаву чашмнадидаро тарғибу ташвиқ менамоянд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо, ки имону эътиқодашон суст аст, дорои таҷрибаи ҳаётӣ намебошанд ва дар оила бояду шояд тарбияи дуруст нагирифтаанд, ба ин доми фиреби нанговари онҳо меафтанд, ба онҳо кӯр-кӯрона тақлид ва пайравӣ мекунанд. Инро тақрибан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем. Ин тақлиду пайравиҳо дар кору кирдор, либоспӯшиҳои ношоиста, суҳбату гуфтори бемаънии онҳо мушоҳида мешаванд. 
Кас аз дидану шунидани баъзе кору кирдор ва гуфтору рафторҳои чунин ҷавонон беихтиёр даст ба гиребони ҳайрат мебарад. Охир ин даҳшат, зиёда аз он фоҷиаи ҷамъиятист.
Агар аҳамият диҳед, баъзе наврасоне, ки ҳанӯз аз даҳонашон бӯйи шири модар нарафтааст, ришу муйлаб гузошта, худро пеш аз вақт «пир» карда, кайфияти аксариятро вайрон мекунанд, ба ғаши мардум мерасанд. «Ангур аз ангур ранг мегирад», гуфтагӣ барин баъзе духтарони мо баръакси урфу одатҳои милливу шарқӣ сару либос мепӯшанд, аз нуқтаи назари худ, ки бегонаву тақлид аст, «мӯдҳо»-и нав кашф мекунанд. Ин гуна либоспӯшӣ ва мӯдсозиҳоро дида, гуфтаҳои Мир Алишери Навоӣ ба ёди кас  мерасанд: «Кӯзим чиқсин сени кӯргунча бундоқ!..» («Кӯр бодо дидаи ман, то туро бинад чунин»)
Равшан аст, ки дар ҷамъияти мо ба орзуву омол ва майлу рағбати инсонҳо бо назари эҳтиром муносибат мекунанд. Аммо мо бояд аз майлу рағбатҳои хатарнок худамон, ба хусус фарзандонамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, эҳтиёт намоем. Дар ин бобат ба мо мавҷуд будани бисёр ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву меъёрӣ дар мамлакат кӯмак мерасонанд, болу пар мебахшанд.
Ҷавонон фардои мо, ғуруру ифтихор, ору номуси мамлакат мебошанд, маънавияти онҳо бошад, ҳусн ва зинати халқу кишвар аст. Бинобар ҳамин ҳам бояд аз як гиребон сар бароварда, фарзандонамонро аз ҳама гуна буҳронҳои маънавӣ сидқидилона ҳимоят кунем, дар шууру таффакури онҳо иммунитети ғоявиро мустаҳкам намоем, саводи ҳуқуқиашонро зиёд, маънавияташонро бо маърифати куҳансолон, ибрату маслиҳатҳои шахсӣ, дуову мағфирати пирон афзун созем. 

Искандар РАҲМОН, узви Иттиҳоди нависандагон ва Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон, собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳ.          
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: