Дар мамлакати соҳибистиқлоламон дар қатори дигар соҳаҳо ба самти таълими томактабӣ беш аз пеш эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Ин аст, ки муносибати волидон ба ин муассисаҳо хайрхоҳона буда, аз ҷараёни таълиму тарбияи боғчаҳо изҳори ризоият менамоянд. Мувофиқи эҳтиёҷ ва талаботи аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои хушсохти замонавӣ марбут ба муассисаҳои таълими томактабӣ сол аз сол зиёд мегарданд.
Бо ташаббуси Агентии таълими томактабӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бахшида ба ислоҳотҳои соҳа ва нақшаҳои ояндаи он анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадагон бо нақшаи чорабиниҳои муассисаи таълими томактабӣ вобаста ба вазифаҳои Вазорати таълими томактабӣ дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи Ӯзбекистон –2030 дар Соли дастгирии соҳибкорӣ ва ҷавонон ошно гардиданд.
– Дараҷаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ ба 76 фоиз, дар чаҳорчӯби барномаи инвеститсия сохтани 43-то ва таҷдиди 133 ташкилоти таълими томактабӣ, ба 96 фоиз расондани фарогири кӯдакони шашсола пешбинӣ шудааст, – иброз намуд сардори Раёсати рушди таълими томактабии Агентии таълими томактабии назди Вазорати таълими халқи томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ Зафар Ҳусанов.
Боз қайд гардид, ки бо мақсади рушди дараҷаи фарогирии кӯдакони шашсола ба муассисаҳои томактабӣ дар чоряки дуюми соли ҷорӣ барои 1 140 нафар кӯдакон ҷойҳои нав офарида шуданд. Аз ҷумла, ба 26 гурӯҳи кутоҳмуддат 780 нафар, ба 12 гурӯҳи бардавом 360 нафар кӯдакон ҷалб карда шуданд.
Инчунин, бо планшет, доскаҳои сенсорӣ ва дигар техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз намудани гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб дар назар аст.
Дар чорабинӣ доир ба боғчаҳои хусусӣ, бехатарӣ ва ҳолати санитарӣ-гигиении онҳо низ сухан рафт. Таъкид гардид, ки вақтҳои охир дар боғчаҳо, хоҳ давлатӣ бошаду хоҳ хусусӣ, ҳолатҳои нохуш зуд-зуд рӯй медиҳанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки тарбиячиён ба кор бемасъулиятона рафтор мекунанд. Аз ин боис, тарбиячӣ-педагогҳо бояд маълумоти олӣ дошта бошанд, онҳоро дар асоси тест ва санҷишҳои педагогию психологӣ ба кор гирифт.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».