ЭЪТИБОР БА МУТОЛИА – ЭЪТИБОР БА ДАРАҶАҲОИ НАВИ ТАФАККУР

Одатан тифл ба ду чиз бештар майл мекунад: бозича ва ширинӣ.

Вақтҳои охир боз як чиз – китобчаҳои рангаи суратдор эътибори хурдсолонро ба худ мекашад, ки ин, воқеан, навигарии фараҳбахш аст. Ин ҳама бо шарофати дигаршавии муносибат ба китоб – ба қавли Ҷомии бузургвор, фурӯғи субҳи доноист.
Ба воситаи ошно шудан бо воситаҳои чопӣ, ки барои хурдтаракон муқаррар шудааст, фарзандони кӯчаки мо шуғли дилхоҳу судбахшро фаро гирифта, донояку зуккояк мегарданд.
Ҳоло дар муассисаҳои таълими томактабӣ ба китоб ва мутолиа рағбатнок кардани тифлро пай мебарем. Чӣ хуб аст, ки кӯдак ҳанӯз мактабхон нашуда, то андозае ба китобхонию дигар шуғлҳои фоидаовар муҳаббат пайдо мекунад.
Дере нагузашта вай ба мактаб қадам мегузорад. Ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ аҳамияти интизоми намунавӣ ва хониши хубу аълоро дарк месозад.
Падару бобоёнамон аз қадим китобро неъмати маънавӣ мешуморанд. Оре, китоб озуқаи рӯҳ аст.
Дониш андар дил чароғи равшан аст, фармуда буд Одамушшуаро. Халқи илму адабпарвари мо китобро ба офтоб ташбеҳ медиҳад, ки он барҳақ мунавварсози дунёи ирфонист.
Мегӯянд халқу диёре, ки ба қадри китоб мерасад, дар ҳамаи давру замонҳо ба эҳтиром лоиқ мегардад. 
Як муддат аз китоб ва мутолиа то андозае дур шудем. Дӯконҳои китоб баста шуданд. Дуршавӣ аз китоб моро аз арзишҳои аҷдодӣ бегона сохт. Китоб дар даст ва кӯлбори мактабхонҳо, ба назар бори зиёдатӣ шуда монд.
Хушбахтона, ҳоло вазъият куллан дигар.
Аз дубора ба китоб ва мутолиа рӯйоварии мо, фикр мекунем, рӯҳи аҷдод низ мамнун.
Дар пешбурди корҳои маънавӣ ва рағбат ба китобу мутолиа Президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ сарубар. 18 июли соли 2017 қарори Президенти мамлакати мо «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ оиди такмил додани фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон» қабул гашт. Вазифаи ташкил намудани озмуни «Китобхони ҷавон» пеш гузошта шуд. Мақсади асосӣ офаридани муҳити мутолиа дар байни ҷавонон, ташаккул бахшидани маданияти китобхонӣ, баланд бардоштани савия ва дараҷаи донишҳои зеҳниву маънавӣ. Бо шарофати ин қарор, гуфтан мумкин, баробари бисёр амалҳои накӯ, ки ба иҷро мерасанд, бисёр ҷавононамон ба олами сеҳромези адабиёт ворид гардиданд. Дар озмуни «Китобхони ҷавон» ҷавонони синни 14-19 ва 20-30 ширкат намуданд.
Бо эълон гардидани шартҳои озмун аз ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳуриамон наздик 230 ҳазор ариза қабул карда шуданд. Моҳҳои ноябр-декабри соли гузашта давраи ноҳиявӣ-шаҳрӣ, ҳамчунин ҳудудӣ баргузор гардид.
Барои иштирок дар давраи ҷумҳуриявӣ беҳтарин китобхонони ҷавон аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба майдон баромаданд. Давраи ҳалкунандаи қувваозмоии маънавӣ дар даҳрӯзаи дуюми моҳи феврали соли равон дар шакли телеозмун сурат гирифт. Дар аниқ кардани ғолибон ҷиҳатҳои китоб, рӯзнома ва маҷаллахонии ҷавонон, ки барои озмун муайян гардидаанд, моҳияти дарк намудани асарҳо ва возеҳу равшан ифода кардани мазмуни онҳо ба назари эътибор гирифта шуд. 
Ҷолиби диққат он ки давраи ҳалкунанда чанд рӯз аз тариқи оинаи нилгун намоиш ёфта ва баробари иштирокдорон ба тамошобинони зиёд ҳаяҷон бахшид. Бисёр ҷавобҳо дилҳоро ба ваҷд оварданд – аз олами адабиёт воқифии ҷавононамон ва муҳаббати ба мутолиа доштаи онҳо, албатта, касро мамнун месохт. 
Дар қатори намояндагони барҷастаи адабиёти ҷаҳон (аз шарти «Адиби дӯстдоштаи ман») устод Айнӣ низ ҷой гирифта ва дар бораи ӯ, чӣ тавр аз байни адибони ӯзбек низ шогирдони сазовор тарбият намуданаш суханҳои муҳаббатомез баён карда шуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти пирӯзӣ ғолибон – намояндаи вилояти Самарқанд Моҳинисо Шомуродова, намояндаи вилояти Фарғона Шарофат Исмоилова, ки донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯқанд аст, туҳфаи Президент – калиди автомобили «Spark» дар вазъи тантанавӣ супурда шуд.
Ғолибӣ, тавре  мебинем, ба духтарбачаҳое насиб кард, ки дар хонадони миёнаҳол парвариш ёфтаанд. Онҳо автомобилҳои замонавиро ба падарони худ тақдим намуданд.
Пештар дар тасаввурамон намеғунҷид, ки барои дӯстдорони адабиёт ин гуна озмунҳо ташкил ва онҳо бо туҳфаи роҳбари давлат тақдиронида шаванд.
Далели чӣ будани ин гуна иқдом ба ҳамаамон маълум.
Бо рӯҳбаландӣ сурат гирифтани соли аввали озмуни «Китобхони ҷавон», тавре пай мебарем, ҳисси китобдӯстии фарзандони сершуморамонро ба ҷунбиш овард. Мақсад аз батафсил истода гузаштанамон дар бораи он – ҷавононро боз ҳам бештар ба адабиёт ва мутолиа ҷалб сохтан, аз авҷ гирифта истодани китобхонии оммавӣ дар байни ҷавонон эҳсоси қаноатмандӣ кардан.
Қабули аризаҳо ба озмуни навбатии номбурда, ки ҷиҳати анъанавӣ касб намудааст, ҷамъбаст гардид.
Акнун китобхонҳои боз ҳам ҷавонтар – 10-14 сола низ дар он қувва санҷида метавонанд. Аризадодагони синни 10-14 бештар аз 305 ҳазор нафарро ташкил намуданд. Умуман, миқдори хоҳишмандон дар се тоифа назар ба соли гузашта се баробар афзуд. Аризадодагон, хусусан, аз вилоятҳои Қашқадарё, Тошканд ва Самарқанд хеле зиёд. Ин далел бар баландшавии завқи мутолиа ва зиёдтар рӯоварии фарзандони мо ба китоб. Бигузор, ба китоб ва мутолиа вобастагию пайвастагии ҷавононамон барҷастатар эҳсос гардад, дунёи маънавии мо мунавварии тоза пайдо кунад.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: