ЭЪТИБОР БА НАШРИЯҲОИ ЧОПӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён барои шунидани табрики Президент Шавкат Мирзиёев тавассути видеоанҷуман дар толори муҳташами ҳокимият муаллиму мураббиёни пешқадам, мудирону роҳбарони таълимгоҳу кӯдакистонҳои ноҳияи Самарқанд ҷамъ омада буданд.

Дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён барои шунидани табрики Президент Шавкат Мирзиёев тавассути видеоанҷуман дар толори муҳташами ҳокимият муаллиму мураббиёни пешқадам, мудирону роҳбарони таълимгоҳу кӯдакистонҳои ноҳияи Самарқанд ҷамъ омада буданд. Вақте ки сарвари давлат дар нутқи худ доир ба зарурати мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо ҳарф зад, якбора мавҷи кафкӯбии ҳозирон танинандоз гашт. Ин бесабаб набуд. Зеро сарвари давлат дуруст таъкид кард, ки аксарияти омӯзгорон «обуна ихтиёрӣ, маҷбурӣ не» гуфта аз нашрияҳои даврӣ дур шуданд ва ҳамзамон аз мутолиа монданд. Охир ҳар шахсе, ки матбуоти давриро мехонад, вай соҳиби завқи солиму ҷаҳонбинӣ ва тафаккури васеъ мешавад.
Воқеан, рӯзнома – минбари озод, оинаи таърих ва тарғибгари арзишҳо. Ба қавли Устод Айнӣ «қавме, ки рӯзнома надорад, оянда надорад». Вазифаи иҷтимоии воситаҳои ахбори оммавӣ тасвир, таҳлил аст. Дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис зикр гашт, ки кормандони матбуот ҳаёти иҷтимоиро боз ҳам васеъ, дақиқ, холис ва тезкор инъикос намуданашон лозим аст.
Баҳодури Раҳмон пас аз муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» таъин гардидан ба иқдоми нек даст зад. Вай аз ҳисоби шоиру нависандагон, санъаткорону хабарнигорон ва масъулони обуна гурӯҳи эҷодӣ ташкил карда, анъанаи вохӯрӣ бо муштариёнро ба роҳ монд. Камина низ дар чанд мулоқоти рӯ ба рӯ ширкат варзидам.
Сарвари мактаби таълими умумии рақами 30-юми деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд Исмоили Ҷабборӣ фикри аҷибро гуфт: «Дар Самарқанд аз азал мутолиаи рӯзнома яке аз нишонаҳои маърифатдӯстӣ мебошад. Ин ҳол то ҳозир идома меёбад. Аммо паҳн кардани матбуоти даврӣ мушкили ҳама шудааст. Як замон хаткашонҳо рӯзномаву маҷаллаҳоро хона ба хона тақсим мекарданд. Афсӯс, ки ҳозир шуъбаҳои почта ихтисор шуда, обуначиён матбуоти давриро сари вақт гирифта наметавонанд. Боз «болои сӯхта намакоб», пулашро дода, рӯзнома нагирифтани баъзеҳо аламовар аст».
– Ана барои ҳамин, – шарҳ дод сармуҳаррир Б.Раҳмон, – мо обунаро тавассути идораи рӯзнома ташкил кардем. Мухлисон дастҷамъона обуна шаванд, ходимони мо рӯзномаро мунтазам ва саривақтӣ мерасонанд.
– Як ҳақиқатро тан гирифтан лозим, – риштаи суханро ба даст гирифт сардабири рӯзномаи «Субҳи Гулобод»-и ноҳияи Самарқанд Нормурод Каримзода, – ҳоло аксарияти одамон маълумоти сатҳӣ ва дурӯғи сайтҳои интернетро аз мутолиаи рӯзномаҳо афзал медонанд. Агар шумо рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Субҳи Гулобод»-ро ба даст гиред, албатта мавзӯъҳои ба дил наздикро пайдо мекунед. Дар онҳо оиди таърих, маданият, санъат, адабиёт ва навидҳои ноҳия, вилояту ҷумҳурӣ ва дунё маводи шавқангез чоп мешаванд. Аз ҳама муҳимаш, нутқу фармонҳои Президент ва шарҳи онҳо ба забони модарии мо интишор меёбанд. Баъзе шахсон гилаомез иброз доранд, ки забони рӯзномаҳо душворфаҳм аст. Не, дӯстон! Моён аз забони модарӣ фарсахҳо дур шудем. Сабаб – кам варақ задани китобу рӯзномаҳо аст!
Мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Баҳриддин Мардонов низ аз табрикоти Президент рӯҳбаланд гардида ваъда дод, ки имсол аз ҳар як мактаб 10-15 нафарӣ ба «Овози тоҷик» обуна мешаванд.
Рости гап, ба куҷо наравем, ҳар як шахсро машғули «телефонбозӣ» мебинем. Фарди худшиносу худогоҳ вақти қимати худро ба хондани хабарҳои пучу бемаънии интернет сарф намекунад. Ва таъкид кардан ҷоиз аст, ки танҳо аз китобу рӯзномаҳои хонданибоб ғизои маънавӣ, донишу хирад гирифтан мумкин аст. Дар ҷамъомади видеоселекторӣ сарвари кишвар таъкид кард, ки бе маърифату хирад ягон давлату мамлакат тараққӣ намекунад. Бинобар ҳамин, дилсӯзона зикр намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аҳамияти мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо калон аст. Ба фикри мо, аз устодону мураббиён ва падару модарон талаб кардан ҷоиз аст, ки онҳо ба нашрияҳои дилхоҳ обуна шаванд, нуран аъло нур мебуд.
Як нуктаро набояд фаромӯш созем, ки иқтисодиёти қафомондаро дар муддати кӯтоҳ пеш бурдан метавон, вале маърифати қафомондаро мукаммалу беҳтар намудан кори басо сангин аст.
Дар шароити ислоҳоти васеъмиқёс қадру қимати ахбори солим, шаффоф меафзояд. Ахбор мисли хӯрок ба мардум аз ҳарвақта бештар зарур аст. Ҳар як хонадон аз имкониятҳои хуби маводи иттилоотӣ баҳраманд шавад, ба мақсад мувофиқ мебошад.
Умед аст, ки имсол маъракаи обуна муташаккилона ба вуқӯъ пайваста, ҳар як оила аз матбуот баҳраманд мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: