Эътибор ба «шоҳи фан»-ҳо

Рӯзи гузашта бо ҷамоаи устодон ва толибилмони донишгоҳамон тавассути «оинаи нилгун» Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёевро ба Олий Маҷлис бо диққат дидем ва гӯш кардем.

Президент дар баромади худ ба масъалаҳои илму маърифат ва дониш гирифтани насли наврас аҳамияти махсус медиҳад. Алалхусус, ба омӯхтани фанҳои дақиқ, яъне кимиё, риёзӣ, физика диққати ҳозиронро ҷалб намуд, ки боиси хурсандист.
Камина аз рӯи ихтисос математик ҳастам. Солҳои таҳсил дар мактаби ҳамагонии рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд бо ташаббуси муаллим Сайфиддин Нарзиев муҳаббатамон ба ин фан зиёд шуда буд. Сабаби соли 1968 ба факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд якбора дохил шудани 10 нафар ҳамин буд. Аз онҳо 4 нафар рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Пас аз таҳсил ҳаёти ман ба соҳаи математика ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд вобаста гардид.
Вақте ки Президент доир ба бештару хубтар омӯхтани математика ҳарф зад, табъам болида гашт. Зеро барҳақ математика шоҳи фанҳо буда, мушкилкушои бисёр муаммо ва масъалаҳои сарбаста аст. Аҷибаш ин ки асосгузори фанни алгебра ҳамватани мо Ал-Хоразмӣ мебошад. 
Хурсандии дигар он аст, ки минбаъд қабул ба мактабҳои олӣ дар асоси гранти давлатӣ 2 маротиба меафзояд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Самарқанд ва, умуман, Ӯзбекистон ворисони Берунӣ ва Хоразмӣ зиёд мешаванд.

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
профессор, доктори илмҳои 
физика-математика,
проректори Донишгоҳи 
давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: