ЭЪТИБОР БА СИФАТИ ТАЪЛИМ

Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар мамлакати мо бо ташаббуси Президент ба соҳаи таълим эътибори алоҳида дода мешавад.

Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар мамлакати мо бо ташаббуси Президент ба соҳаи таълим эътибори алоҳида дода мешавад. Дигаргуниҳое, ки дар соҳа бобати рушду равнақи таълими томактабӣ, мактаб, мактабҳои махсусонидашуда, донишгоҳҳо аз ҷумла, доир ба баланд бардоштани обрӯи омӯзгорону мураббиён дар ҷомеа гувоҳи ин гуфтаҳост.
Соли 2022 Фармони Президент “Дар бораи васеъ намудани низоми мактабҳои ихтисосонидашуда дар сохтори Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ” қабул гардида буд. Дар ҳамин ҷода моҳҳои июн-август дар ноҳияи Бӯка низ кушода шудани чунин мактаб ва қабули хонандагон ба мактаби мазкур корҳо оғоз шуданд. Маро ҳамчун омӯзгори фанни информатика эълони қабули омӯзгорон ба мактаби номбурда дар ноҳия бефарқ нагузошт ва ҳуҷҷатҳои худро супурдам, аз санҷишҳо гузашта ба кор қабул шудам. Ба мактаб беш аз ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бӯка ҳуҷҷат супурданд ва 401 нафар аз санҷиш гузашта, ба ин муассиса қабул шуданд. Тӯли чаҳор моҳ мо – омӯзгорони мактаб ба донишандӯзони он дар Хонаи меҳрубонии рақами 15-уми ноҳия ба онҳо дарс гуфтем. Дар арафаи Соли нав бинои муҳташами замонавии мактаб кушода шуд. Тавре ки дар ҷамъомад муовини ҳокими вилояти Тошканд Зуҳро Мирғозиева, директори мактаби президентии вилояти Тошканд, роҳбари шӯъбаи ҳудудии мактабҳои ихтисосонидашудаи сохтори Агентии муассисаҳои таълимии Президент Ғайрат Ҳамроев, ҳокими ноҳияи Бӯка Низомиддин Аббосов ва дигарон дар баромади худ қайд карданд, эътиборе, ки солҳои охир дар мамлакати мо ба рушди соҳаи таълим нигаронда мешавад, дар таълиму тарбияи бунёдкорони Ӯзбекистони Нав, рушду равнақи онҳо нақши беандоза дорад. Дар даргоҳи нави таълимӣ, ки ба 450 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, тамоми шароити замонавӣ муҳайё мебошанд. Хонаҳои кушоди хониш, толори варзишӣ, маркази ахбору захира ва ғайра бо усули замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Алҳол дар мактаб 41 нафар омӯзгороне, ки аз 3 давраи санҷиш гузаштаанд, дарс мегӯянд. Маҳфилҳои робототехника, эҷоди креатив, фанҳои физика, математика, кимё, биология, забони англисӣ ва таърих ба таври мукаммал омӯзонда мешаванд ва барои ин синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2023 дар мамлакатамон “Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим” эълон гардид, ки бешубҳа дар соҳаи мазкур ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ карда мешаванд. Ман ҳамчун омӯзгори ин мактаб қайд карданиам, ки дар роҳи рушди Ӯзбекистони Нав ин гуна эътибор ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳа, албатта, дар ояндаи наздик меваи худро медиҳад. Хонандагоне, ки ин даргоҳро хатм менамоянд, дар оянда чун кадрҳои муҳим барои давлатамон ба воя мерасанд. 

Сафо ШОДИЕВ,
омӯзгори мактаби махсусонидашудаи ноҳияи Бӯкаи
вилояти Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: