Солҳои охир ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон робита ва ҳамкории азалии ду кишвари дӯсту бародар беш аз пеш ривоҷ ёфта, муносибатҳои тарафайн ба зинаи нав – дараҷаи ҳамкории стратегӣ бардошта шуд.
Форуми ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба қарибӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯйи кор омад, барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои муштараки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хидмат мекунад.
Анҷумани ректорон таҳти мавзӯи «Муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» доир гардид.
Камина борҳо ба Тоҷикистон сафар карда будам, аммо ташрифи имсола ниҳоят дилнишину гуворо буд. Шаҳри ҳамешабаҳори Душанбе рӯ ба рушду нумӯъ ниҳода, симои худро ба куллӣ дигар кардааст. Дар ин ҷо биноҳои осмонбӯси замонавӣ, кӯчаҳои равону васеъ, боғу гулгаштҳои зебо бунёд шудаанд, ки аз тамошои онҳо табъи кас болида мегардад.
Нахуст ба Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кардем. Моро муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар толори калони Донишгоҳи миллӣ Форуми ректорон оғоз ёфта, қаблан мо аз дастовардҳои илмию тахникии донишгоҳ дидан кардем.
Ректор Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба густариш ёфтани ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони олии ҳарду кишвар суханронӣ намуд.
Сипас, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи кишварамон И. Абдураҳмонов ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Р. Саидзода таъкид карданд, ки дар самти ҳамкориҳои дуҷониба як қатор созишномаҳо миёни ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ин кишварҳо ба имзо расидаанд. Баргузор намудани Форуми ректорони ду кишвар имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои гуногуни илмӣ татбиқ шаванд ва табодули таҷриба сурат гирад.
Баъд аз баргузории форум ва суҳбату мулоқотҳои хоса қарори тавсиявии форум қабул гардид. Қисми фарҳангии он дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе идома ёфт.
Сафар ба Тоҷикистон пурсамар буд. Дар тӯли се рӯз аз баромадҳои ректорони ду кишвар баҳра бурдем. Аз ҳама муҳимаш, таҷрибаи якдигарро омӯхтем. Дар ҷараёни он миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Донишгоҳи мо бо шаш мактаби олии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ баст. Бояд гуфт, ки созишномаҳо дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳо омода гардида, дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд. Яъне, минбаъд муаллимону устодони тоҷикистонӣ на танҳо дар донишгоҳи мо, дар дигар мактабҳои олии Самарқанд низ метавонанд ба донишҷӯён сабақ диҳанд. Ғайр аз ин, профессорони номдори ҷумҳурии бародарӣ метавонанд ба унвонҷӯйҳои мо роҳбар ва маслиҳатчӣ шуда, ҳангоми дифои рисолаи номзадӣ ё докторӣ ширкат кунанд.
Дар форум эътироф гардид, ки то имрӯз миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар наздик ба 70 созишнома ва ёддоштҳо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таълимӣ хеле муҳим мебошад. Тавре Сарвари давлатамон таъкид мекунад, роҳи ягона ва дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав татбиқи ислоҳот дар соҳаи таълим мебошад.
Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор.