ЭЪТИБОР БА ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

Имрӯзҳо дар мамлакатамон барои таълим ва тарбияи насли наврас, аз ҷумла то ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардоштани таълими томактабӣ чорабиниҳо андешида мешаванд.

Дар ин ҷода қарору фармонҳои Президент бобати бартараф намудани норасоиҳо ва тибқи талаби замон ба роҳ мондани фаъолияти намояндагони соҳа омили муҳим гардид.
Пас аз ташкил ёфтани шуъбаи таълими томактабии ноҳияи Косонсой, барои мо кормандони муассисаҳои таълими томактабӣ, дар роҳи таълиму тарбияи тарбиягирандагон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд. Масъалаҳои таъмини кӯдакистонҳо бо хӯрокҳои серғизо, пешгирии бемориҳо, ҳифзи сиҳҳатии кӯдакон баррасӣ шуданд. Аз ин нафақат кормандони муассисаҳои таълими томактабӣ, ҳатто падару модарон низ мамнунанд.
Ҳоло дар ноҳияи мо 34 муассисаи таълими томактабии  давлатӣ, 5 муассисаи оилавии ғайридавлатӣ, 2 муассисаи таълими томактабии хусусӣ фаъолият доранд.
17 ҳазору 294 нафар бачагони 3-7-сола  ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб гардиданд. Мо кӯшиш мекунем то охири соли ҷорӣ ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб кардани бачагонро ба 51 фоиз расонем.
Дар муассисаҳои таълими томактабии ноҳия 579 нафар мураббиён ва 697 нафар кормандони техникӣ бо таълим ва тарбия машғуланд. Аз онҳо 100 нафар соҳиби маълумоти олӣ буда, боқимондаашон маълумоти миёнаи махсус доранд.
Онҳо аз рӯйи барномаи давлатии  «Қадами нахустин» бачагонро ҳамаҷониба ба мактабҳои таълими умумӣ тайёр мекунанд.
Барои солим ва таълиму тарбияи хуб гирифта ба воя расидани бачагон омӯзиши забони англисӣ, русӣ ва маҳфилҳои гуногуни варзишӣ ба роҳ монда шудаанд.
Мураббиён дар озмуни «Беҳтарин тарбиягари сол» фаъол иштирок менамоянд.
Дар шуъбаи мо Дилором Шарипова, Зоҳида Абдуллоева, Зиля Валиева, Насиба Рашидова, Роҳила Ҷӯраева барин мудираҳои соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълими томактабӣ низ ҳастанд, ки собиқаи кории 20-сола доранд. Онҳо таҷрибаи ғании  бисёрсолаашонро ба дигарон меомӯзонанд.
Аз рӯйи барномаи «Маркази обод» кӯдакистонҳои рақами 15, 27, 30 аз таъмир бароварда мешаванд. Инчунин, дар маҳаллаҳои Баҳористон, Гулистон 1, Садача, Такаранг, Булоқ сохтмони муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Чуноне ки дар кишварамон ба муассисаҳои таълими томактабӣ эътибори алоҳида дода мешавад, мураббиён ва кормандони техникии муассисаҳои  таълими томактабии ноҳия бо меҳнати шоёни худ дар таълиму тарбияи кӯдакон ҷавоби амалӣ мегардонанд.

Динара ЯКУБОВА,
мудираи шуъбаи таълими томактабии ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: