ЭЪТИБОР БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ – ОМИЛИ ТАРАҚҚИЁТ

Рушди ҷомеа, пеш аз ҳама, ба рушди мактабу маориф вобаста аст.

Зеро мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон  туфайли эътибори ҷудогона ба ин соҳа ба комёбиҳо расидаанд. Солҳои охир дар мамлакати мо низ дар ин бобат ғамхориҳо зоҳир мегарданд.
Суҳбати мо бо ҷонишини сардори садорати таълими халқи вилояти Бухоро, мудири шуъбаи тарбияи маънавию ахлоқӣ ва таълими беруназмактабӣ Ҳалим РАҶАБЗОДА бобати вазъи имрӯзаи мактабу маорифи вилоят сурат гирифт.


– Ҳалим Ҳабибович, солҳои охир эътибори давлат нисбати таълиму тарбияи наврасон ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷамъият беш аз пеш афзуд. Фикри шумо дар ин бобат...
– Бале. Ислоҳоти пай дар пай дар низоми таълиму тарбияи мамлакат саҳифаи нав кушод. Хусусан, солҳои 2018-2019 дар ин бобат  таърихӣ гардиданд. Қабул гардидани 2  фармон, 10 қарор инро собит мекунад. Ин имконият дод, ки кормандони низоми таълим дар соҳаи худ самаранок меҳнат кунанд.
– Соли хониши гузашта чӣ гуна натиҷаҳо ба даст даромаданд?
– Мувофиқи талабҳои низоме, ки бо қарори 154-уми Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 феврали соли 2019 тасдиқ ёфтааст, бобати дастгирӣ намудан ва ҳавасманд гардондани хатмкунандагони иқтидорноки муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ ва литсейҳои академӣ аз 297 нафар талабагони иқтидорноки вилоят 144 нафарашон бо медали тилло ва 153 нафарашон бо медали нуқра рағбатнок гардонда шуданд.
Дар марҳилаи вилоятии озмунҳои фаннии соли ҷорӣ беш аз 1180 нафар талаба иштирок кард. Бинобар натиҷаҳои он аз синфи IX 83 нафар, аз синфи Х 47 нафар, аз синфи XI 46 нафар, ҳамагӣ 176 нафар талабагон сазовори ҷойҳои фахрӣ гардиданд. Марҳалаи вилоятии мусобиқаҳои фаннӣ дар шакли «Фестивали дониш» созмон ёфта, дар он иштироккунандагон оид ба 5 ташаббуси сарвари давлат қувваозмоӣ намуданд. Дар охири тадбир иштирокдорон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд.
Шогирдони мо ҷавобан ба ғамхориҳои давлат на фақат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар олимпиадаҳои байналхалқӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Аз ҷумла, 1-6 августи соли ҷорӣ дар қувваозмоиҳои байналхалқии фанни математика дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар ҳайати ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон аз 5 нафар шогирдонамон 4 нафарашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар низоми садорати таълими халқи вилоят дар 23 мактаби такягоҳӣ бобати баҳодиҳии сифати таълим корҳои тадқиқотии байналхалқӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо 37 нафар кормандони масъул вобаста гардидаанд.
Соли ҷорӣ таҷрибаи кории 12 нафар омӯзгорони пешқадам дар миқёси вилоят, 23 нафар дар миқёси мамлакат паҳн карда шуд.
– Дар вилоят пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ чӣ гунаанд?
– Мувофиқи барномаи таъмиру сохтмони солҳои 2020-2022 дар давоми се сол 70 таълимгоҳи вилоят бояд таъмир ёбад. Дар доираи Барномаи сармоявии соли 2019, барномаҳои «Обод қишлоқ», «Обод маҳалла», «Обод марказ» ҳоло ҷараёни корҳои таъмиркунӣ сурат мегирад ва бо ин мақсад 151,4 миллиард сӯм маблағи давлат харҷ мегардад. Барои бо ҷиҳозҳои зарурӣ таъмин кардани як қатор муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи маҳаллӣ низ маблағ ҷудо карда шудааст.
– Имрӯз дар вилоят мактаби тоҷикӣ ҳаст?
– Мактаби миёнаи рақами 8-уми ноҳияи Пешкӯ ду синфи тоҷикӣ дорад.
– Соли хониши ҷорӣ дар ДДБ гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷик баъди солҳо таваққуф боз ба фаъолият оғоз намуд, вале мактабҳои миёнаи собиқ тоҷикии вилоят бобати ташкил намудани синфи якуми таълимашон ба забони модарӣ ҳамоно «хомӯшанд».
– Боз як имконият. Мактабҳои ҳудудҳои тоҷикнишин имконият доранд, ки бо мақсади забони модариашонро фаромӯш накардани талабагон ва инкишоф додани он аз ҳисоби соатҳои ҷудогона дар синфҳои таълимгоҳ омӯхтани забони тоҷикиро ба роҳ монанд.
– Дар муассисаҳои таълиму тарбияи вилоят вазъи ҷорӣ кардани панҷ ташаббуси сарвари давлат чӣ гуна аст?
– Бо мақсади амалӣ гардондани панҷ ташаббуси Президент – инкишоф додани шавқу ҳавас ва иқтидори талабагон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо аз тарафи ноболиғон, мазмуннок гузаронидани вақти онҳо дар 651 маҳфили муассисаҳои таълимӣ беш аз 19200 нафар, дар муассисаҳои таълимии берун аз мактабӣ 20070 нафар, дар маҳфилҳои фаннии мактабҳои таълими умумӣ 169235 нафар, дар маҳфилҳои касбу ҳунар 30582 нафар, ба беш аз 2940 сексияҳои варзиш 68280 нафар талабагон ҷалб карда шуданд. 
Дар таълимгоҳҳо ба китобхонию китобдӯстии наврасон эътибори ҷудогона дода мешавад. Ҳоло китобхонаҳои мактабҳо бештар аз 1722000 дона адабиёти бадеӣ доранд. Ин ба сари ҳар як хонанда тақрибан 5-4 донагӣ рост меояд. Аудиокитобҳо, ки дар асоси беҳтарин намунаҳои адабиёти миллию ҷаҳонӣ таҳия ёфтаанд, бо усули электронӣ ба муассисаҳои таълимии вилоят тақдим мегарданд. Вазорати таълими халқ бо мақсади ғанӣ гардондани дунёи маънавии талабагон, ташаккул додани малакаи мустақилфикркунӣ ва назари танқидӣ алайҳи таҳдидҳои мафкуравӣ, ҳосил намудани иммунитет барои онҳо озмуни «Беҳтарин мактаби китобхони сол»-ро эълон карда буд. Ҷамоаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 7-уми ноҳияи Рометан дар марҳалаи ҷумҳуриявии ин озмун иштирок намуда сазовори ҷойи якум гардид.
– Барои суҳбат ташаккур!

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: