Ҳар кадоми мо бе дахл кардан ба ҷамъияти инсонӣ зиндагӣ карда наметавонем.
Ҳар шахс ба он вобастагии қавӣ дорад. Модом ки ҳамин тавр аст, пешрафти оила, маҳалла ва тамоми давлат ба мо вобаста аст, дар оянда бошад, рушди ҷомеа дар дасти ҷавонон аст. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳар як ҷавон соҳиби ягон касбу ҳунар бошад. Онҳо бекор монанд, ба роҳи хато рафтанашон мумкин.
Як усули пешгирии ин иллатҳо ба ҷавонон мероси ахлоқии ниёгонамонро васеъ таълим додан аст. Тадбири ба наздикӣ баргузоргардидаи мо ба ҳамин мақсади нек бахшида шуд.
Дар коллеҷи касбу ҳунари иқтисодиёти иҷтимоӣ ва хидматгузории деҳаи Варзики ноҳияи Чуст таҳти мавзӯи «Дар байни аҳолӣ ва ҷавонони номуттаҳиди ҳудудҳои дурдасти наздисарҳадии вазъияти иҷтимоӣ-маънавиашон нисбатан мураккаб солимгардонии ҳолати динӣ» тадбири тарғиботию пешгирии умумӣ барпо гардид. Дар он раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Варзик, нозирони тартиботи ҳуқуқи ин ҳудудҳо, фаъолони маҳаллаҳо ва зиёда аз дусад нафар ҷавонон ҳозир шуданд. Имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Мавлоно Лутфуллоҳ»-и шаҳри Чуст Баҳодур Шарифов иштирокунандагонро бо масъалаҳои дар чорабинӣ муҳокимашаванда шинос намуда, батафсил шарҳ дод, ки масъалаҳои мазкур имрӯзҳо хеле муҳиму аҳамиятноканд. Инчунин ӯ алоҳида таъкид кард, ки дар ин ҳудуд аз пеш уламо ва авлиёи маъруфи дунёи ислом умр ба сар бурдаанд. Ҷавонони имрӯза ворисони сазовори онҳо шуданашон лозим.
Пас навбати суханронӣ ба имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Абӯҳанифа»-и шаҳри Тошканд Қорӣ Муҳаммадамин Алихонов дода шуд. Маърӯзакунанда изҳор кард, ки дар баъзе мамлакатҳо сулҳу салоҳ нест, хунрезӣ ва бародаркушиҳо рӯй дода истодаанд. Сулҳу осоиштагӣ неъмати олианд, ки аз ҷониби Аллоҳ ба мо инъом гардидааст. Мо бояд ба неъматҳо расем. Шукр бояд кард, ки роҳбари давлатамон барои ҳифз намудани зиндагии орому бехатар дар кишвари мо сиёсати одилона мебарад.
Дар даври ҳозира яке аз масъалаҳои муҳим тарбия ва таълими бунёдкорони ояндаи мо – ҷавонон аст, ки ба он эътибори зиёд дода шудааст. Дар ин ҷараён нақши ҳалкунанда бозидани падарону модарон таъкид гардид. Бо таассуф қайд шуд, ки дар ин бора баъзе падарону модарон ба тарбияи фарзандон бо бемасъулиятӣ ва бепарвоӣ назар мекунанд, ба таълим гирифтани онҳо шароити мусоид фароҳам намеоваранд, ҳамчунин дар хусуси вазифаи муҳими ҷавонон дар назди падару модар фикрҳои ҷолиб гуфта, аз китоби муқаддасу ҳадисҳои муборак мисолҳо оварда шуданд.
Роҳбари шуъбаи намангонии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ М. Убайдуллоев мувофиқи масъалаҳои муҳокимагардида мулоҳизаҳои худро баён намуд.
Баҳодур БОТИРОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Охунбобо»-и ноҳияи Чуст.