ЭЪТИБОР БА ТАШВИҚГАРОНИ ВАРЗИШ

Дар мамлакатамон бобати рушди васеъмиқёси тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардондани он, фароҳам овардани шароити мусоид бинобар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, таъмин кардани иштироки шоистаи писарону духтарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналхалқии варзишӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Воқеан, муваффақият ва ба натиҷаҳои баланд соҳиб гардидани варзишгарони мо дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ, Бозиҳои олимпиву паралимпӣ, Осиё, ҷаҳон ва қитъа, боз ҳам боло рафтани салоҳияти варзишии кишварамон, дар марказ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қомат афрохтани маҷмӯаҳои муҳташами варзишӣ, варзишгоҳ ва кортҳои замонавӣ сазовори зикр ва боистаи ифтихор аст. 
Фармони Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои аз нав ташаккул додани низоми идораи давлат дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз 5 марти соли ҷорӣ дар ин бобат дастуруламали муҳим гардид. Барои татбиқ намудани ҳуҷҷати мазкур дар мамлакат як қатор корҳо иҷро шуданд. Аз ҷумла, Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис ёфт. 
Боиси қайд аст, ки дар тарғибу ташвиқи варзиш рӯзноманигорон нақши муҳим мегузоранд. Аз ин рӯ, беш аз пеш фаъол будану аз имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода бурдани онҳо талабу тақозои давр аст. Ба ин муносибат дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси Шӯрои журналистикаи варзиши назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он баробари муваффақиятҳои соҳа, баъзе камбудиҳое, ки рӯзноманигорон ҳангоми баррасии мавзӯи варзиш дар ВАО ба онҳо роҳ медиҳанд, бартараф намудани нуқсон ва вазифаҳое, ки дар ин бобат дар назди шӯро гузошта шудаанд, сухан рафт. 
Тавре ки таъкид гардид, мақсад ва вазифаҳои асосии Шӯрои зикршуда бинобар боз ҳам баланд бардоштани таҷриба, малака ва дониши журналистонест, ки ба ташвиқи мавзӯи варзиш ихтисос доранд, рағбатнок намудан ва баргузор кардани баҳсу мунозира ва мулоқот дар байни онҳо, ба роҳ мондани сабақҳои маҳорат бо иштироки журналистон, варзишгарони машҳур, мутахассисони соҳибтаҷриба низ аз ҳадафҳои ин шӯрост.  
Дар нишаст раиси Шӯрои журналистикаи варзиш Мирзоҳаким Тӯхтамирзоев оид ба баланд бардоштани савияи матолиби варзишӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои чунин журналистон, ҳамчунин кӯмакрасонӣ бобати зиёд кардани малака ва таҷрибаи онҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошт. Дар он ҳамчунин, директори шабакаи телевизионии «Спорт»-и Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон Зоҳид Каримов,  роҳбари веб-сайти «Чемпионат Азия» Нодирхӯҷа Юлдошев фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. 
Дар поёни нишаст бобати равшанбаёнӣ дар мавзӯи варзиш, тайёр кардани нақшаи кории шӯро, омода намудани луғати истилоҳоти варзиш, таҳкими бештари ҳамкорӣ бо ташкилотҳои варзишӣ ва ғайра маълумоти муфассал пешкаш гардид. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: