ЭЪТИБОР ВА ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ НАФАҚАХӮРОН

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12-уми декабри соли 2018 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди беҳтар кардани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти нафақавии шаҳрвандон» ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои дастгирии минбаъдаи иҷтимоии нафақахӯрон, ҷалби пурраи имконият, таҷриба ва донишҳои онҳо барои дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, татбиқ сохтани ислоҳоти васеъмиқёс, баланд бардоштани самаранокии сохтори таъминоти

Инчунин, он ифодаи амалии эътиборест, ки дар мамлакатамон ба шахсони нафақахӯр нишон дода мешаванд.
Мувофиқи фармони мазкур аз 1-уми январи соли 2019 нафақа ба тамоми нафақахӯроне, ки кор мекунанд, дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад. Бар асоси меъёрҳои дар амалбуда бошад, то ҳол онҳо 50 фоизи нафақаашонро мегирифтанд.
Ба қарибӣ аз маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ аз комёбиҳои дастрасгардидаи халқу ватанамон огоҳ гардида, хеле шод шудем. Дар нутқи худ Сарвари давлатамон таъкид намуданд, ки «... аз соли 2019 миқдори ҳадди пардохти нафақа аз 8 то 10 ҳадди ақалли музди меҳнат афзуда, барои нафақагирони соҳиби кор нафақа дар ҳаҷми пурра пардохт хоҳад гардид».
Яъне, миқдори нафақаи шаҳрванд ба собиқаи меҳнатӣ ва музди меҳнате, ки дар даҳ соли охир гирифтааст, вобаста мебошад. Агар шаҳрванд бисёр сол кор карда ва моҳонаи калон гирифта бошад, миқдори нафақа ҳам баланд мешавад. Вале дар ин ҷо ҳадде буд, ки ба эътирози ҳаққонии бисёриҳо сабаб мешуд. Яъне, сарфи назар аз он, ки моҳонаи шаҳрванд калон аст, миқдори ҳадди пардохти нафақа аз 8 ҳадди ақалли музди меҳнат зиёд намешуд. Аз 1-уми январи соли 2019 бошад, ин нишондиҳанда то ба 10 ҳадди ақалли музди меҳнат меафзояд.
Бояд қайд кард, ки аз нав ҳисобу китоб кардани нафақа барои шаҳрвандоне, ки даромади миёнаи музди меҳнаташон аз 8 баробари ҳадди ақалли музди меҳнат зиёд аст, амалӣ гардонида мешавад.

Аминҷон РАББИМЗОДА, 
сардори гурӯҳи таъиноти нафақа 
ва кӯмакпулиҳои шуъбаи Хазинаи нафақаи ғайрибуҷавии шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: