Ҳуқуқи шахсони ногиро ва пирони танҳо – шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат ва дигар табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманди аҳолӣ аз ҷониби давлат муҳофизат карда мешавад.
Ин дар Қонуни Асосӣ, ки дар таҳрири нав қабул гардид, сабт шудааст.
Халқи мо ягонагии сухан ва корро қадр менамояд. Алҳол дар мамлакат бобати пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва вусъат додани ҳаҷми хидматҳои иҷтимоӣ, ки ба шаҳрвандон аз ҷониби давлат пешниҳод мешаванд, мунтазам кор бурда мешавад.
1 июни соли 2023-юм Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ бинобар хидматрасонии босифати иҷтимоӣ ва кумакрасонӣ ба аҳолӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани низоми назорати самарабахши онҳо» имзо шуда буд.
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раёсатҳои он дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳамчунин марказҳои хидматрасонии иҷтимоии «Инсон» дар ноҳия ва шаҳрҳо таъсис ёфтанд. Баробари бисёр дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пансионат ва марказҳои эҳё хона-интернатҳои «Мурувват» низ ба низоми оҷонсӣ дода шуданд. Хулоса, мустақимӣ ва манзилнокии ислоҳоте, ки дар соҳа татбиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
Ҷараёни татбиқсозии чораҳо дар самти мазкур дар маркази эътибори доимии роҳбари давлат қарор дорад. Аз ин хусус он санад шаҳодат медиҳад, ки Президент Шавкат Мирзиёев 19 март ба хона-интернати бачагони ногирои рақами 1-и «Мурувват», ки дар пойтахт ҷойгир мебошад, ташриф овард.
– Тӯли панҷ-шаш соли охир маблағҳое, ки аз буҷаи давлатӣ барои хона-интернатҳои «Мурувват» ҷудо карда мешаванд, се баробар зиёд карда шуданд, – гуфт сардори шуъбаи Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азимҷон Дадабоев. – Аз ҷумла, соли гузашта ин рақам ба 624 миллиард сӯм расид. Ҳамчунин дар муқоиса бо соли 2019-ум маблағҳое, ки барои таъмин кардан бо дорувор ва ашёи зарурии таъиноти тиббӣ ҷудо карда мешаванд, беш аз ду баробар афзуд. Ин боз як тасдиқи он мебошад, ки дар кишвари мо масъалаи боло бардоштани шаъну шарафи инсон аз ҳама муҳим аст. Ҳамчунин низоми дастгирии ҳамаҷонибаи тарбиягирандагони чунин хона-интернатҳо, ки таҳти васоят қарор доранд, такмил меёбад, барои мустаҳкам кардани мақоми онҳо дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Хона-интернати рақами 1-уми «Мурувват» ба бачагони ногирои аз 4 то 18-солаи руҳан маъюб хидматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ мерасонад. Алҳол дар ин ҷо 299 духтарону писарон нигоҳубин карда мешаванд. Дар муассиса 334 нафар, аз ҷумла 228 духтур, кормандони шуъбаи тиббӣ ва 48 нафар омӯзгорони соҳибихтисос меҳнат мекунанд.
– Президент ҳангоми боздидаш аз муассисаи мо бо бачагон аз таҳти дил суҳбат кард, ҷараёни машғулиятҳоро мушоҳида намуд, шароитҳои фароҳамовардашударо аз назар гузаронд, – гуфт муовини роҳбари хона-интернати «Мурувват» Шоира Шермуҳаммедова. – Дар ин ҷо муҳити хуб ҳукмфармост, мо ғамхории роҳбари давлатро нисбати бачагони худ эҳсос менамоем, ҳар кадом шуъба, биноҳои махсус мувофиқи талаботи зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, аёниятҳои услубӣ низ нав шуданд. Пештар хонаҳои «Мурувват» бо ҳамдигар ҳамкорӣ надоштанд, ҳоло бошад мо бинобар ғояҳои ҳамдигар мубодилаи афкор мекунем, усулҳои нави самарабахшро ҷорӣ менамоем.
Тӯли ду соли охир дар муассиса корҳои васеъмиқёси бинокориву таъмирӣ гузаронида шуданд. Толори тобистонаи варзишӣ, шуъбаҳои тиббӣ, бино барои нигоҳубини ногироҳо ва тарбияи тиббии бадан, кабинетҳои таълимиву тадрисӣ, толори ҷамъомадҳо, китобхона, хобгоҳ, ошхона, хонаҳо барои вохӯрӣ бо падару модарон симои куллан нав пайдо карданд. Шабакаҳои гармидиҳӣ ва муҳандисӣ нав карда шуданд.
Дар ҳудуди хона-интернат дарахтони манзаравӣ ва мевадеҳ шинонда, чароғҳои равшанидиҳӣ устувор карда шуданд, пайроҳаҳои дохилӣ асфалтпӯш гардиданд.
Икром АВВАЛБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.