ЭЪТИБОР ВА ЭҲТИРОМ БА МУАЛЛИМ БАРГАШТ

Муаллим ҳамчун шахси фидокор, эҷодкор ва ҳамқадами замон дар пеши назари ҳар яки мо намоён мешавад.

Пешаи омӯзгорӣ дар ҳама давру замон кори пурифтихору пуршараф буду ҳаст. Сабаб дар он, ки ҳар як шахс аз омӯзгор таълиму тарбия мегирад. Саҳми омӯзгорон дар роҳи пайдо кардани мавқеи худ дар ҷомеа ва бо касбу кор баҳри пешрафти кишвар ва некуаҳволии мардум хидмат кардани ҳар яки мо беандоза аст.                            


Аммо аз солҳои нахустини истиқлолият обрӯ ва мақоми намояндагони арсаи иҷтимоӣ, бахусус омӯзгорон дар ҷомеа хеле поин рафт. Ба болои маоши ночиз ва хуб набудани шароити корӣ бо корҳои гуногуни иловагӣ низ машғул ва қурбони меҳнати иҷборӣ буданд. Вақтҳое буд, ки аз муаллимон ба сифати «омма»-е, ки толорҳоро дар чорабиниҳои дилгиркунанда пур мекунанд, истифода мебурданд, ободонию кабудизоркунии ноҳияву шаҳрҳоро низ ба онҳо вогузор мекарданд. Аз сабаби вазифаи асосиашон дар канор монда, бо кори ба фаъолияташон алоқаманд набуда машғул шудан, бисьёр муаллимони пуртаҷриба касби дӯстдоштаашонро тарк карданд. 
Ба шарофати иродаи сиёсии Президент Шавкат Мирзиёев он рӯзҳо паси сар монданд. Сарвари давлатамон дар раванди ислоҳоти сохтори маориф ба баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгорӣ ва мақоми он дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Солхои охир дар роҳи пурзур намудани мавқеъ ва таъсири муаллимону мураббиён дар ҳаёти ҷамъият ва дар асоси талаботи замон ба роҳ мондани сохтори маориф ислоҳоти бузург ба амал бароварда шуд. Пеш аз ҳама муаллимон аз меҳнати маҷбурӣ — пахтачинӣ, корҳои ободонӣ озод карда шуданд. Ба коғазбозии зиёдатӣ дар муассисаҳои таълимӣ хотима дода, ба ғайр аз 6 ҳуҷҷати корие, ки дар қонун нишон дода шудааст, пеш бурдани ҳисоботу тақвимҳо қатъиян манъ карда шуд.
Бо мақсади ташаккул додани насли аз ҷиҳати маънавӣ бой ва зеҳнаш тез, ба воя расонидани хонандагони болаёқат мактабҳои президентӣ, мактабҳои эҷодӣ ва махсусгардонидашуда таъсис ёфта, аз намунаҳои пешқадами сифати таълим истифода мешаванд. Барои озод кардан аз коғазбозӣ, дастӣ навиштани ҳисоботҳо, аз нав навиштани нақшаҳои дарсӣ, ки барои ҳар як дарс такрор мешавад ва ғайра платформаи таълими электронии «Kundalik» васеъ ҷорӣ карда шуд.                                                     
Хулоса, имрӯз таваҷҷуҳ ба омӯзгорон ба кулли дигар шуд, эътибор ва эҳтиром баргашт. Ҳоло нигоҳи ҳама ба педагогҳо нигаронида шудааст. Музди меҳнати онҳо пай дар пай зиёд мешавад.                                                                                                      
Ба омӯзгороне, ки аз фанҳои таҳсилоти умумӣ сертификатҳои дахлдор доранд, ҳар моҳ иловагӣ аз 20 то 50 фоиз иловапулӣ додан ва пешниҳоди қарзҳои истеъмолии имтиёзнок, барои педагогҳои баландихтисос, ки дар ҳудудҳои дурдаст кор мекунанд, иловапулӣ ҷорӣ карда мешавад, ки ҳамаи ин мисоли таваҷҷуҳи баланд ва эҳтиром ба муаллим аст. 
Бо ташаббуси Сарвари давлат тартиби пардохти иловагии 100 фоиз ба маоши моҳонаи омӯзгорони фидокор ва эҷодкор, ки дар мактабҳои дурдасттарин фаъолият мебаранд, ҷорӣ карда шуд. Ба туфайли ин саъю ҳаракатҳо имрӯз масъалаи мактабу таълим ба ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфтааст. Мавқеъ ва мақоми намояндагони соҳаи маориф дар ҷомеа боло рафт. 
Ба шарофати талошҳои куллан тағйир додани сохтори маориф, ба стандартҳои байналмилалӣ пайвастани он муносибати муаллимон ба ҳаёт тағйир ёфта, онҳо дар ҷустуҷӯйи доимӣ мебошанд.                                                                                                                                         Аммо идома ёфтани ҳолатҳои ба чорабиниҳои ғайриқонунӣ ҷалб намудани педагогҳо, ки ба фаъолияти касбии онҳо алоқаманд нест, касро ба андеша водор месозад. Аз ҷумла, педагогҳо беасос ба бисёр гурӯҳҳои корӣ, ки барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо ташкил карда шудаанд, дохил карда шуда, аз онҳо ҳисоботу маълумотҳои гуногун талаб карда мешаванд. 
Қонун «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои монеъ шудан ба педагогҳо дар иҷрои вазифаҳои худ», ки аз ҷониби Президент 27 марти соли ҷорӣ ба имзо расида буд, боз як далели таваҷҷуҳ ба муаллимон дар мамлакатамон мебошад.
Бо ин Қонун ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ барои ба таври маъмурӣ маҷбур кардани педагог ба ҳар шакле, ки кор кунад, пурзур карда мешавад. Аз ҷумла, дар сурати умумӣ ҷалби шахс ба кори маҷбурӣ боиси то 30 миллион сӯм ҷарима шуда бошад, акнун барои ҷалби омӯзгорон ба меҳнати маҷбурӣ то 45 миллион сӯм ҷарима ситонда мешавад.
Инчунин, дар Кодекси ҷиноӣ барои ҳаракатҳо нисбат ба педагогҳо ҷавобгарии махсуси ҷиноӣ муқаррар гардида, ҷазо тақвият дода шуд. Яъне, маҷбур кардани корманди педагогӣ ба меҳнат кардан бо ягон шакли маъмурӣ, агар ин пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои ҳамин кирдор содир шуда бошад, аз 45 то 60 миллион сӯм ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи муайян то 3 сол, ёхуд ба муҳлати то 3 сол кори ислоҳӣ муқаррар карда шудааст.                                                                          
Ҳамзамон, ҷавобгарии маъмурӣ барои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти касбии корманди педагогии ташкилоти таълимӣ ё барои монеъ шудан аз иҷрои вазифаҳои хидматиаш пурзӯр карда шуд. Акнун барои ин кирдор ба шаҳрвандон аз 2,1 миллион то 4,5 миллион сӯм ва ба шахсони мансабдор аз 3 то 6 миллион сӯм ҷарима андохта мешаванд. Пештар барои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти педагогӣ танҳо ҷарима муқаррар карда шуда буд. Акнун  шахсони мансабдоре, ки ин кирдорро такроран содир мекунанд, ба муҳлати то 15 шабонаруз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда мешаванд. Аз ин рӯ, бе муболиға гуфта метавонем, ки қонуни мазкур дар роҳи баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи педагогҳо дар ҷамъият қадами муҳим аст.                                                                                                
Ман ба муаллимоне, ки имрӯз дар соҳаи маориф кор мекунанд, ҳавасам меояд. Қадру нуфузи онҳо меафзояд. Санади мазкур масъулиятро барои ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба ҷалби корманди педагогии муассисаи таълимӣ ба меҳнати маҷбурӣ пурзӯр намуда, ба таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа хидмат мекунад.

Ғайрат АБДИЕВ, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: